Пайвандонаш чанд рӯз боз Умеда Аҳмадоваи 18-соларо ҷустуҷӯ доранд. Духтарак касалии рӯҳӣ дорад ва ба қавли наздиконаш ба куҷо рафтану чи кор карданашро намедонад.
Умеда рӯзи 30 май, тахминан соатҳои 21.00-шаб аз хонаашон, ки дар кӯчаи Борбад воқеъ гаштааст, баромада ба самти маркази савдои Мардон рафтааст.
Бо ҳамин Умеда Аҳадова бе ному нишон гашта, кӯшишҳои наздиконаш барои пайдо кардани ӯ ягон натиҷа надодаанд.
Аз шахсоне, ки Умедаро дар ягон ҷо дидаанд ё дар борааш чизе медонанд, хоҳиш карда мешавад, ки ба рақамҳои зерин занг зананд: 992-901-720-100