Дар шабакаи иҷтимоъии "Instagram" аз миёни тоҷикон якумин саҳифае, ки 1 млн пайгирикунанда гирифт, аз Умеда Парсаева (@umedaparsaeva) мебошад. Умеда дар шабакаи иҷтимоъии "Instagram" зиёд фаъол буда, ҳамарӯза обуначиёни худро аз фаъолияташ хабардор мекунад.
Ҳамчунин ӯ дар ҷодаи тиҷорат низ муваффақ шуда мағозаи шахсии худро бо номи "Charme" дорад. Умеда либосҳои мағозаашро худаш муаррифи намуда, щамчунин барои обуначиёнаш зуд-зуд озмун мегузаронад .
2 рӯзи охир дар шабакаи иҷтимоъии "Instagram" табрикот оиди 1 млн пайгирикунанда гирифтани Умеда Парсаева рафта истодааст, ки вай 557 аксу навор аз фаъолияти худ дар саҳифааш гузоштааст. Аз ин 1 млн пайгирикунанда танҳо 28 нафарро пайгири кардааст.
https://instagram.com/umedaparsaeva?igshid=1uge4c9h5vjsn (ссылкаи профили Умеда).
Дар асл саҳифаи Умеда Парсаева якумин нафар дар шабакаи иҷтимоъии "Instagram", ки як млн пайгирикунанда дорад, нест. Пеш аз Умеда як духтари тоҷики дигар бо номи Азизи Шукрона (@azi_01_), ки танҳо аксу наворҳои худро дар саҳифаи шахсиаш мегузорад, чанд моҳ пеш 1 млн пайгирикунанда гирифта буд. Азизи 45 нафарро пайгири кардааст ва 319 пост дорад.
https://instagram.com/azi_o1_?igshid=otb9aklnbldr (профили Азизи)
Аминҷон Раҳаматзода