Sebiston new 2024 october
Ғуломи ишқ
07.09.2022
Дилошӯб
1845

 Ишқ аз нигоҳи аввал

Шиносоии онҳо аҷиб ва шоирона сурат гирифта буд, рӯзи аввали дарсӣ саҳни Донишгоҳи омӯзгорӣ пур аз ҷавонони хушбахте, ки номи пуршарафи донишҷӯиро соҳиб гашта буданд. Духтараке шитобон вориди синфхона шуданӣ буд, зеро метарсид аз рӯзи аввал дар назари устодон чун донишҷӯйи танбал ҷилванамоӣ кунад, ҷавоне дар паҳлӯяш қадам мезад ва ҳарду ба як синфхона дохил шуданд. Устод наомада буд, онҳо ҳарду дар паҳлӯйи ҳам нишастанд ва чун нигоҳашон ба ҳам бархӯрд, ҷавони нозанин дасташро дароз карда гуфт:

-Фарҳод!-духтар дасти дароз намудаи ҷавони абрӯсиёҳи болобаландро миёни панҷаҳои булӯринаш гирифта, бо ханда посух дод,- Ширин! Ҳарду баланд хандиданд, аҳли синф ба ин ҷуфти зебо нигарист ва Фарҳоду Ширин дигар аз ҳам тӯли панҷ соли таҳсил ҷудоӣ надоштанд. Падари Фарҳод тиҷорат дошту ӯ низ мақсади ба ин тиҷорат пайвастанро дошт, танҳо ба хотири забономӯзӣ ба факултаи забонҳои хориҷӣ дохил шуда буд. Аммо Ширин дар оилаи профессорон таваллуд шуда, ба воя расида буду мақсадаш омӯзгор шудан ва ба насли наврас омӯхтани забони хориҷӣ буд.

Ду ҷавон бо ҳам қасри забарҷади орзуҳояшонро месохтанд, дар тӯли панҷ мол онҳо якдигарро хуб омӯхтанд, Фарҳод пеши худ хулоса карда буд, ки монанди Ширин завҷаи хушахлоқу ботарбия намеёбаду Ширин бошад, ҷавонмардии Фарҳодро дӯст медошт. Давраҳои тиллоии умр паси сар шуданд ва Фарҳоду Ширин дипломҳои худро гирифтанд, ҷавон мувофиқи ваъда хостгорони худро ба хонаи маҳбубаш фиристонд, ҳарчанд ин осон набуд…

Ташвишҳои ҳаёт

Модари Фарҳод барои писараш аз байни хешу табор келин ёфта буд, аммо Фарҳо Ғалаба кард, ӯ падарашро ба миён дароварда, модарашро розӣ кунонд. Падару модари Ширин ҳар ду устоди донишгоҳ буданду як духтару як писар доштанд, онҳо ҳамеша ба дили фарзандон нигоҳ мекарданд. Зеро аз тарбияи додаи худашон ба ҷигарбандонашон дилашон пур буд. Медонистанд, ки фарзандони хушхулқи онҳо ҳаргиз бетарбияро дӯст ё ҳамсафари ҳаётӣ интихоб намекунанд. Аммо Шафоат Назаровна, модари Ширин аз нигоҳи аввал фаҳмид, ки модари Фарҳод маҷбур духтари онҳоро келин намудааст. Тӯйи зебое баргузор намуданду Фарҳоду Ширинро ба хонаи бахт гусел карданд. Модараш ҳамеша ба Ширин мегуфт, ки агар хоҳӣ дили шавҳаратро ба даст биёрӣ, хушдоманатро розӣ намо ва Ширин зиндагияшро аз ҳамин сар кард. Ӯ хонаи дуошёнаи барҳаворо ҳар рӯз ба қавле «тамизи нарм» мекард ва ҳар рӯзи шанбе «тамизи генералӣ», хизмати хусуру хушдоман ва додари безани шавҳарро ба хурсандӣ иҷро мекард. Таому ширинӣ ва субҳонаҳои тайёр намудаи ӯро ҳамагӣ бо бай байю таъриф нӯши ҷон мекарданд, хушдоманаш ҳам аз забонаш лутфу меҳрубонӣ мерехт, “духтаракам дастат дардро набинад” мегуфт, вале…

Дурӯя

Ширин баръало мешунид, ки аз қафояш бо вози паст ҳамеша дуои бадаш мекунад, аз қабили мор, сиёҳпичамарг шавӣ, балошапида, офатбегим ва Ғайра…

Меҳрубонии хушдоман танҳо дар вақти будани хусуру шавҳар ва ҳеварҳояш буд, дигар тамоми рӯз ӯ фақат фармон медоду ба келин айб меёфт, ба хӯрок намаки зиёдатӣ меандохт, то келин аз нав хӯрок пазад. Ё либоси ранграверо байни либосҳои сафед андохта, кори келинро зиёд мекард, бечора Ширин ба ҳамаи ин тоқат мекард. Зеро Ғуломи ишқ буд, Фарҳодро аз ҳад зиёд дӯст медошт, намехост байни ӯ ва модараш ҷанг андозад, зеро медид, ки се писар модари худро баъди Худо саҷда мекунанд. Ширин ёд дорад, ки баъди шаби аввали арӯсияшон субҳи барвақт хушдоман дари онҳоро зада, исботи арӯсии келинро аз писараш талаб кард, Фарҳод аввал:

-Оча, ин чӣ даркор, о ман розиям,- гуфта дар балои бад монд ва дид, ки намешавад, рӯйҷои рахти хобро аз таги пояшон кашида, ба модарш дод. Бечора Ширин аз шарму ҳаё дигар берун набаромад, хушдоманаш бошад, рӯйҷоро, ки ҷо-ҷо доҒҳои равшани хун дошт, ба тор овехта, ба маърази тамошои меҳмонон гузошта буд. Хоҳари хусураш, аммаи Фарҳод аз дидани ин манзара нафраташ омаду рӯйҷоро гирифта шӯсту аз Ширин ба ҷойи янгааш узр пурсид. Ширин хеле гиря кард, аммо ашки чашмони маҳзун ва таҳқиролудашро ба шавҳар нишон надод. Хушдоманро чунин ботарбиягии келин шерак кард ва дигар ҳарчӣ мехост, бо келин мекард, фақат дар набудани мардҳои хона, Ғуломи ишқ бошад, ҳамаи инро босаброна таҳаммул мекард, то он вақте, ки хушдомани дурӯя ва ҷоҳилаш нагузаронид.

 Косаи лабрези сабр

Ду соли умри Ғуломи ишқ ҳамин сон сипарӣ гашт, ӯ аз дӯстдории зиёди Фарҳод модари ҷоҳили ӯро низ дӯст медошт ва сар боло карда, ба рӯяш нигоҳ намекард. Вақтҳои охир хушдоманаш одати дигар ёд гирифта буд, рӯзи дароз дар шоҳидии келинаш дуру дароз бо хоҳараш гап зада, барои Фарҳод зани дуюм мекофт. Дилу ҷигари Ширинро гурбаҳои хашмини рашк бо нохунҳои тезашон мехарошиданду мехарошиданд. Як рӯзи дигар нав хушдоманаш ба сӯҳбат оҒоз карда буд, ки Ширин гуфт:

-Очаҷон, шояд аввал аз ману Фарҳод пурседу баъд барояш зани дуюм биҷӯед, ман аз кӣ камам?! -Ширин ин зани ҷоҳилро ба хотири Фарҳод дӯст медошту очаҷон мегуфт, вагарна он маҳал оча гуфтани хушдоман роиҷ набуду келинҳо ба модари шавҳарашон, амма ё хола гуфта, муроҷиат мекарданд. Хушдоман дид, ки келинаки сархаму хизматияш ба рӯйи ӯ нигоҳ карда гап гардонд, аз ҷояш хесту як шаппотӣ дар бари рӯяш зада, фарёд кашид:

-Ду сол боз ту гови қисир, ҳомила шуда наметавонӣ, шояд зани дигари бачаам маро бибию шавҳарамро бобо кунад!- Ширин ба хонааш даромад ва ҷомадонро кушода, либосҳояшро ба он мондан гирифт, вай ду моҳ боз зери дилаш тифлакашро мепарварид ва фурсати мусоид мепоид то ин хабарро ба Фарҳод расонад. Аммо акнун дар дилаш азм кард, ки ҳаргиз ин гапро ба шавҳараш намегӯяд. Фарзанди ӯ набояд дар ин муҳити Ғуломона ба дунё биёяд, шукри Худо диплом дорад, волидонаш кумак мекунанд… Охир Фарҳод ончунон аз рӯйи маслиҳати модараш қадам мениҳад, ки ҳатто дар назди модар ба вай нимнигоҳ намекунад, танҳо хонаи хоб макони дӯстдориву навозиши ҳамсарони ошиқ аст. Ҳарчанд онҳо хонаи алоҳида доранд дар бинои истиқоматии навсохте, аммо дар ин бора ҳатто касе даҳон намекушояд… Риштаи андешаҳои Ширинро дарро бо пояш зада даромадани хушдоман канд, ӯ бо овози баланд ӯро ҳақорат медоду таҳқир мекард, Ширин аз ҳуш рафт, чун дид дар пушти хушдоманаш шавҳару хусураш пайдо гаштанд…

Аз ин воқеа ҳафт сол сипарӣ шуд, имрӯз Ширину Фарҳод дар хонаи худашон зиндагӣ мекунанду духтарчаашон Зайнурро ба воя мерасонанд. Имшаб зодрӯзи хушдоманаш буд, Ширин шириниҳои бисёре пухту барои хушдоманаш занҷираи тилло харида, ба табрикаш рафтанд. Акнун хушдоманаш бо ду писар ва келинҳояш, ки худаш хуш кардааст, дар ҳавлии калони бошукӯҳаш зиндагӣ мекунад. Келинҳо ҳар кадоме фикри худро дораду ҳеҷ гоҳ бо гуфтаи хушдоман кор намекунанд. Дар охири маърака хусураш ҷоми пурмайро бардошта, ба писаронаш нигариста гуфт:

-Барои модаратон, аммо хушдоман аз ҷояш хеста илова кард, не! Барои Ширини ман нӯшед, ки беҳтарин ганҷинаи умри ман аст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД