arzon replenishment
ҒУЛОМҲАЙДАР-ДОНИШҶӮИ 73-СОЛАИ ТОҶИК ҚОЛАБШИКАНӢ МЕКУНАД
4959

 

Вазири маориф чӣ мегӯяд?

Ба даст овардани дипломи хатми мактаби олӣ дар синни пиронсолӣ ҳодисаи ҳайратоварест, ки ҳамагӣ бо шуниданаш ангушти ҳайрат газида, бо забони лол мемонанд. Зеро баъди убури марзи 60–солагиро аксаран оғози пиронсолӣ дониста, ба тоату ибодат машғул мешаванд. Вале дар рӯи замин афроде ҳастанд, ки ин ақидаро ботил меноманду бо корнамоиҳои ҷолиби худ дар синни пиронсолӣ рекорд мегузоранд.

 

Ғуломҳайдар Искандарови 73–сола, сокини ҷамоати деҳоти "20-солагии Истиқлолият"-и ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл) имсол донишҷӯи бахши 3–юми шуъбаи ғоибонаи факултети химия ва биология, ихтисоси география ва демографияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав мебошад. Миёни 50 нафар ҳамкурсон Ғуломҳайдар Искандаров калонсолтарин ба ҳисоб меравад.

Амаки Ғуломҳайдар соҳиби чор фарзанд-ду писар ва ду духтар мебошад. Писаронаш пештар аз авҷи пандемия дар шаҳри Санкт- Петербурги Федератсияи Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанд ва зиндагиашонро аз ҳамин ҳисоб пеш мебурданд, вале баъди хуруҷи коронавируси нави COVID-19 ҳар ду ҳам ба ватан баргашта, ҳоло ҳамроҳи падар якҷоя баҳри таъмини рӯзгор фаъолият доранд. Духтаронаш ҳам кайҳо издивоҷ карда, аз пайи зиндагии худ ҳастанд. Искандаров низ дар баробари фарзандон панҷ соли пеш дар Русия буд ва азоби муҳоҷиратро нағз медонад.

Ҳашт сол қабл ҳамсарашро аз даст дод ва худ ба худ дар сӯги ӯ шеърҳо мегуфт. Ҳамин тавр, нафаҳмид, ки чӣ тавр якбора “шоир” шуд. Ин шавқ ӯро ба факултаи филология овард.

Ӯ мегӯяд, ки ҳоло ихтисоси географияро меомӯзад ва баъди ба даст овардани ҳуҷҷати донишгоҳ бо курсии донишҷӯӣ худоҳофизӣ карданӣ нест. "Боз ҳам мехонам ва ҳатман то рекорд мерасам, зеро ваъда додаам", – гуфт ӯ зимни суҳбат бо мо.

Искандаров то ҳол дипломи 7 муассисаи таълимӣ–Коллеҷи кишоварзӣ, Коллеҷи технологӣ, Омӯзишгоҳи ҳарбӣ, Техникуми кишоварзӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ, факултаҳои филологияи тоҷик ва забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтарро ба даст овардааст. Дипломи ҳафтуми ӯ аз рӯи ихтисоси забони русӣ буд ва азм дорад акнун мутахассиси соҳаи география ҳам шавад.

Ғуломҳайдар Искандаров солҳо боз дар мактаби №30–и зодгоҳаш ба хонандагон аз фанҳои забон ва адабиёти рус ва география дарс мегӯяд ва аз ин ҳисоб рӯзгорашро таъмин мекунад. Шартномаи донишгоҳро низ худаш мепардозад.

Бобоек Ҷӯрабеков, директори МТМУ-и №30 н. Дӯстӣ, ки Ғуломҳайдар Искандаров устоди ин даргоҳ аст, зимни суҳбат гуфт, бо кормандаш ифтихор дорад. “Сари вақт ба дарс меояд. Барои мо маслиҳатчии беминнат аст. Дар корҳои коллектив ва ҷамъомадҳои педагогии мактаб фаъол аст. Ду рӯз пеш дар олимпиадаи ноҳия ҳамроҳи як шогирдаш иштирок дошт. Умуман, инсони беҳтарин аст, устод Искандаров”.

Ғуломҳайдар Искандаров бо вуҷуди оне, ки бо ришу тоқӣ ба дарс меравад, донишҷӯи аълохон аст ва супоришҳоро сари вақт иҷро мекунад. Ҳоло ӯ тибқи супориши устодон кори курсӣ менависад. Мавсуф зимни суҳбат аз мушкилиҳои донишҷӯӣ ва умуман таҳсил дар ин синну сол зикр кард, ки гоҳҳо аз беҳавсалагии донишҷӯён таассуф мехӯрад. "Донишҷӯёни имрӯза қариб, ки китоб намехонанд. Мехоҳам, ки донишҷӯён ва ҳамкурсонам фаъол бошанд. Устодонам бо ман муносибати хуб доранд. Гоҳҳо маро устод ва гоҳи дигар "бобо" мегӯянду баъзан амак, вале дар вақти санҷишу имтиҳон бо ман чун бо донишҷӯёни дигар муносибат мекунанд",-мегӯяд ӯ.

Ғуломҳайдар Искандаров ягона донишҷӯи нафақахӯр дар тамоми мактабҳои олии Тоҷикистон аст. Ӯ санаи 1 январи соли 1947 дар ноҳияи Қубодиён ба дунё омадааст. То синфи 6 дар мактаби зодгоҳаш таҳсил намуд, вале баъди ташкили аввалин мактаб–интернатҳо фаъолмандиашро дида, ӯро барои идомаи таҳсил ба Мактаб– интернати ба номи Ленин дар минтақаи Лучоби пойтахт (ҷойи ҳозираи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ) фиристоданд. Баъди хатми интернат ба Коллеҷи кишоварзӣ дохил шуд ва ҳамин тавр, оғоз гардид дарёфти силсилаи дипломҳои ӯ.

Дар чунин синну сол ҳанӯз ҳам паси мизи донишҷӯӣ нишастани пирамарди наберадор барои мардуми мо булаҷаб менамояд, вале дар хориҷа ва кишварҳои пешрафта таҳсил кардани нафарони пиронсол падидаи маъмулӣ ба шумор меравад. Яке аз чунин нафарон Ҷозеф Патерно, зодаи Ситсилия мебошад. Ӯ рекорди худро ҳамчун калонсолтарин хатмкардаи донишгоҳ дар Италия гузошт. Ҷозеф соҳиби ду фарзанд ва чор набера буда, имсол дар 97-солагӣ факултаи фалсафа ва таърихи Донишгоҳи Палерморо бо дипломи сурх хатм кард. Дар роҳи расидан ба орзуи худ ӯро ҳатто пандемияи коронавирус ва ё зарурати таҳсил дар интернет манъ накард.

Ректори донишгоҳ Фабритсио Микари, ки бори нахуст шоҳиди чунин рӯйдоди муҳим дар ҳаёти донишгоҳ мешуд, шахсан барои табрик кардани ин мард омад. Ҷозеф 3 имтиҳонро бо баҳои баландтарин - 100 балӣ супурд.

Ҷозеф Патерно моҳи сентябри соли 1923 таваллуд шудааст. Ӯ дар Ситсилия дар оилаи камбизоати серфарзанд ба дунё омада, натавонист мактабро сари вақт ба итмом расонад. Ӯ аттестати хатми мактабро дар синни 31-солагӣ гирифт. Ҷанги дуюми ҷаҳон монеаи вуруди ӯ ба донишгоҳ шуд. Дар коргоҳи роҳи оҳан ба кор шурӯъ кард ва танҳо соли 2016 ба Донишгоҳи Палермо дохил шуда, имсол онро бо дипломи аъло хатм кард. Як донишҷӯи тоҷик низ дар пайравӣ ба Ҷозеф ният дорад ҳамчун донишҷӯи калонсолтарини сердиплом шомили китоби “Рекордҳои Гиннес” шавад.

P.S. Аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” дар якҷоягӣ бо сомонаи oila.tj рӯзҳои наздик ба ноҳияи Дӯстӣ сафар намуда, тафсилоти бештареро аз рӯзгори ин донишҷӯи довталаб, ки нияти ворид шудан ба китоби “Рекордҳои Гиннес” дорад, тариқи ютуб–канали oila.tj ва саҳифаҳои ҳафтанома манзуратон мегардонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД