Суди ҳарбии шаҳри Хуҷанд сержанти хурд Муҳриддин Исмоиловро бар асоси моддаи 391, қисми 1-и Кодекси ҷиноятиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати “сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолиии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида бошад", гунаҳкор дониста, 5 сол зиндонӣ кард.
Тибқи ҳукми суд номбурда бо мақсади нишон додани бартарию таванмандии худ шаъну шарафи наваскаронро паст зада, сари онҳоро тарошидааст.
“Ӯ қоидаҳои муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон карда, ба намуди зоҳирии сарбозон таҳқирона муносибат намуда, мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои КОНИБОДОМ тарошида, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст”, - омадааст дар ҳукм.
Ёдовар мешавем, ки номбурда бо мақсади ба дигарон паҳн ва шуҳратманд гардидан, ҳолати паст задани шаъну шараф ва эҳтироми сарбозонро бо воситаи сержанти дигар ба телефони мобилӣ аксбардорӣ намудааст ва аксро баъди аъдои хизмати ҳарбӣ 15-уми июни соли 2023 дар шабакаҳои интернетӣ паҳн намудааст.
Бояд зикр кард, Муҳриддин Исмоилов тобистони соли ҷорӣ баъди дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашру паҳн шудани аксе, ки дар он дар сари нуҳ аскар якҳарфӣ бо тарошидани мӯйи сар номи "Конибодом" навишта шуба буд, дастгир гардид.
Дар пайи боздошт, Прокуратураи генералии кишвар шоми имрӯз, 20-уми июн, бо нашри як вокуниш ҳақиқӣ будани ин аксро тасдиқ карда, навишт, ки рӯзи 14-уми январи соли 2022 сартароши ротаи гурӯҳи мобилии Комендатураи як қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сержанти хурд Муҳриддин Исмоилов дар сари нуҳ сарбози навдаъватшуда “ҳамчун бузургсолор ва сокини шаҳри Конибодом муаррифӣ намуда, мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои “К”,”О”,”Н”,”И”,”Б”,”О”,”Д”,”О”,”М” тарошида, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст”.