Formula novemver 2024
ҚУДРАТИ ИШҚ МУРДАРО ЗИНДА КАРД (ҚИСМИ 4)
15.12.2020
Дилошӯб
4507

ИДОМААШ..

-Додарҷон, духтурҳо наомада зудтар баро, агар фаҳманд, ки ман туро ба ин ҷо даровардаам, аз кор дафъам мекунанд!

-Ташвиш накашед, ман шуморо дар таги гап намемонам,-ваъда дод Шоҳин, ки мехост бо Шабнамаш ақаллан чанд лаҳза танҳо монад.

Зан аз палата баромада дарро аз берун пӯшид…

 

Қудрати ишқ

Шоҳин дасти мисли дасти мурда сарду карахти Шабнамро ба кафаш гирифта нарм-нарм навозишкунон ба лабаш бурд ва оҳиста бӯсида гуфт:

-Шабнамҷон, маро бубахш, ки туро партофта рафтам. Бубахш, ки мард шуда, туро муҳофизат карда натавонистам. Гумон доштам, ки ба хотири пулу мол ишқи маро пушти по зада, ба ҷавони сарватманд ба шавҳар баромадӣ, вале дирӯз фаҳмидам, ки гап дар куҷо будааст. Тақдир бо мо бозии номардона кард, ману туро ҷудо кард, вале ман то ҳол туро аз ҷонам бештар дӯст медорам. Дар ин чанд соли дар Маскав буданам, даҳҳо духтарони зебо дар атрофам мисли парвона давр зада, кӯшиш намуданд, ки маро ба худ моил созанд, вале ҳеҷ кас ҷойи туро дар дилам гирифта натавонист. Ин дили яктопарасти ман ба ҷуз ту дигар касеро қабул карда наметавонад. Ҷонам, ман мард бошам ҳам, метавонам бо тақдир созиш кунам, ки туро ҳамболини ёри дигар гардонидааст, вале ба набудани ту тоб оварда наметавонам. Бо касе, ки набошӣ, зинда бошӣ, бароям кифоя аст. Зинда будани ту барои ман хушбахтии бузург аст Шабнамҷон, илтимос, маро аз ин бахти бузург бенасиб нагардон…

Оби чашмони Шоҳин ба бари рӯяш шорид ва чанд қатрааш ба дасти Шабнам расиду оҳиста-оҳиста ангуштони ӯ ба ларза даромаданд. Чашмони бемор пир-пир парида нимбоз гаштанд ва хастаҳолона овоз баровард: « Шоҳин, Шоҳин….»

Духтур, ки барои аз ҳоли бемор огоҳ шудан ба палата даромада буд, бо дидани ин муъҷиза дар ҳайрат афтида пурсид:

-Шумо кистед, ки мисли ҳазрати Исо ин зани мурдаистодаро дар як дам зинда кардед, охир мо, табибони номдор қариб бист рӯз талош карда бошем ҳам, бо ягон роҳ ӯро ба худ оварда натавонистем…

-Ман… ман… ман ҳамсинфаш…

Ин дам Шабнам чашмонашро базӯр кушод ва бо садои ҳузнангез дубора пичиррос зад:

-Шоҳин… Шоҳин… Шоҳин ту дар ҳақиқат ин ҷо ҳастӣ ё ман…

-Ҷонам, ман дар ҳамин ҷо, дар паҳлуи ту ҳастам ва дигар иҷозат намедиҳам, ки касе туро озор диҳад,-Шоҳин оламу одамро фаромӯш карда, дастони Шабнамро мебӯсид ва оби дидааш рӯяшро мешуст…

Духтур, ки марди солхӯрда ва хирадманде буд, бе сухан ҳамаашро фаҳмида «ҳамсинфон»-ро танҳо гузошт…

 

Талоқ

Шоҳин ба ҷойи кораш занг зада дуҳафтаина рухсатӣ гирифт ва ҷиддӣ аз паси табобати Шабнам шуд. Бо қудрати худованд ва муъҷизаи ишқи пок ҳоли Шабнами аз он дунё баргашта ба зудӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода ба чеҳраи пажмурдааш сурхӣ дамид.

Пас аз вохӯрӣ бо Шоҳин дар дили Шабнам эътимод ба худ ва ояндаи дурахшон пайдо шуда, ӯро хеле далеру ҷасур гардонида буд. Вай ошкоро ба хусураш гуфт, ки дигар тобу тоқати мушту лагади шавҳарро надорад ва хоҳиш кард, ки ба писараш фаҳмонад, ки бе гапу ҳарфи зиёдатӣ талоқи ӯро диҳад, вагарна аз болояш аризаи шикоятӣ навишта, сирри дузанагиашро фош ва ҳолашро табоҳ хоҳад кард. Мӯйсафед ин суханони келини мурдазиндашудаашро нарезондаю начошонда ба писараш расонд. Акрами маътали ишорат рӯзи дигар ба Шабнам занг зада, тариқи телефон талоқашро дод, то кораш ба суду прокурор афтида, ҷояш пушти панҷараи маҳбас нагардад.

Одатан занҳо шикасти бахтро хеле душвор қабул карда, моҳҳо барои хонавайрон шуданашон мегирянд, вале рӯзе, ки шавҳараш талоқашро дод, барои Шабнам хушбахттарин рӯзи ҳаёташ буд. Ҷавонзани аз зиндони шавҳар раҳошуда Худоро сад бор шукр мегуфт, ки ӯро аз он марди беномуси худобехабар халос кард…

 

Бахти деромада

Шабнам аз беморхона ҷавоб шуданашро ҳатто ба модараш нагуфта, ҳамроҳи Шоҳин ба таксӣ нишаста ба фурудгоҳ рафт.

Онҳо дар Маскав дар ҳалқаи дӯстони Шоҳин тӯйи зебое ороста зану шавҳари қонунӣ шуданд. Дар ин тӯйи аҷиб аз ҷониби домоду арӯс ягон кас иштирок надошта бошад ҳам, навхонадорон худро хушбахттарин ҷуфти рӯйи замин эҳсос мекарданд…

Шоҳин баъди тӯй Шабнами азизашро ба сафари хориҷӣ бурд. Онҳо моҳи асалро дар яке аз зеботарин истироҳатгоҳҳои Аврупо гузаронида, бо табъи болида ба Маскав баргаштанд…

 

 

Дуои сафед

Аз байн 5 сол гузашт. Шоҳин Шабнамро ба маънии томаш хушбахт карда бошад ҳам, дили ҷавонзан аз як чиз хиҷил буд. Вай аз он метарсид, ки модари Шоҳин «беваи худозада писарамро аз роҳ бароварда гирифт» гӯён, дар ҳаққаш дуои бад мекунад ва аз ҳамин сабаб ба Ватан баргаштан намехост, вале вақте хабари тӯйи хоҳари Шоҳинро шунид, ночор монд. Зану шавҳар духтарчаи сесолаашонро сари даст бардошта, бо туҳфаҳои зиёд ба тайёра нишастанд…

 

Гар зиндагист, дида ба дидор мерасад

Шабнаму Шоҳин интизор буданд, ки модар носазои бисёре гуфта, онҳоро хуб коҳиш медиҳад ва ҳатто метавонад ба хона роҳ надиҳад, вале ғайри чашмдошташон модари Шоҳин бо лабони пурханда ба истиқболашон баромад ва дар пеши пойи Шабнам пойандози атлас партофта, ӯро модарвор ба оғӯш гирифта бӯсиду нимшӯхию нимҷиддӣ гилагузорӣ кард:

-Ку биё келини гуреза, дар вақташ писаратонро ба ман надодед, гуфта, қаҳр кардӣ-а?!

Шабнам модари Шоҳинро гарм ба оғӯш гирифта пичиррос зад:

-Очаҷон, маро бубахшед!

-Ин ту маро бубахш Шабнамҷон. Маро бубахш, ки ҳамон рӯз мани беақли бекала «шароити келинкунӣ надорам» гуфта, туро навмед кардам ва монеи хушбахтии шумоён гаштам…

 

Модар ормонашро шикасту…

Онҳо дар Маскав тӯйи бодабдаба ороста, дар шоҳидии дӯстони Шоҳин зану шавҳар шуда бошанд ҳам, модар мехост орзую ормонашро шиканад. Шоҳин ба хотири наранҷонидани дили модараш ҳозифони номдорро даъват карда, либоси домодӣ пӯшид ва ҳамроҳи Шабнами азизаш ба сари тахт баромад. Духтарчаи мисли гул зебои доноякашон дар сари тахт дар байни Шоҳину Шабнам нишаста, гоҳ ба гӯши падар ва гоҳ ба гӯши модараш пичирросзанон ким-чиҳо гуфта механдид. Бо дидани ин домоду арӯси кӯдакдор мардум ба ҳайрат афтида, бо шавқ каф мекӯфтанд ва ҳар замон нӯшбод гуфта, аз худованд барои Шабнаму Шоҳин бахти сафед мехостанд…

 

Дилошӯб

Р/С

Хонандагони азиз, шояд шумо гумон кунед, ки ин қисса маҳсули хаёли журналист буда, афсонае беш нест, вале он чӣ шумо хондед, ҳақиқат аст. Ман онро аз рӯзгори як ҷавонзани тоҷик навиштам, ки қариб 20 сол боз мешиносамаш. Шабнаму Шоҳин ҳарду зодаи яке аз ноҳияҳои Вилояти Хатлон ҳастанд ва баъди талошу муборизаҳои зиёд ба коми дил расида, ҳоло дар шаҳри Маскав зиндагӣ карда истодаанд. Шоҳин ба хотири Шабнам ду маротиба тӯйи арӯсӣ ороста бошад ҳам, падари ҷоҳили Шабнам никоҳи онҳоро эътироф накард, вале баъди марги мӯйсафед модару бародаронаш бо Шабнам оштӣ шуданд. Духтари калонии Шоҳину Шабнам аллакай 10- сола шудааст, писарчаҳои дугоникашон Ҳасан ва Ҳусейн бошанд, 7-сола мешаванд.

Касе, ки мегӯяд ишқ афсона аст, хато мекунад. Ишқи поки Шоҳин Шабнами нозанинро аз лаби гӯр баргардонда, бори дигар исбот намуд, ки ишқ дар ҳақиқат қувваи бузург ва ба ҳама гуна муъҷиза қодир аст!

                                                                      

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД