goodwell
Ҷудокорони тоҷик дар Lausanne Grand Slam 2026, 1- медали биринҷӣ ба даст оварданд
31.08.2026
Оила
61

Ҷудокорони тоҷик дар Lausanne Grand Slam 2026, 1- медали биринҷӣ ба даст оварданд

Се намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо, «Lausanne Grand Slam 2026» — дар рақобатҳои аввалини худ мағлуб шуда, муборизаро барои медалҳо идома дода натавонистанд. Ин мусобиқа рӯзҳои 28 ва 30 август дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа танҳо Муҳиддин Асадуллоев дар рӯзи дуюми ин чорабинии варзишӣ дар вазни то 81 кг медали биринҷро ба даст овард.

Дар вазни то 90 кг Шодмон Ризоев даври аввалро бидуни рақобат гузашт, аммо дар даври дуюм аз ҷудокори Муғулистон Бу Хебилиге шикаст хӯрд ва аз сабқат хориҷ шуд.

Дар вазни зиёда аз 100 кг Мансур Раҳмон дар рақобати нахустини худ бо намояндаи Русия Тамерлан Башаев рӯ ба рӯ шуда, мағлуб гардид.

Ҳамчунин, Сомонӣ Кишваров дар вазни то 100 кг дар нахустин муҳориба аз Майкл Коррел (Нидерланд) шикаст хӯрд ва натавонист ба марҳилаҳои баъдӣ роҳ ёбад.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар мусобиқаи «Lausanne Grand Slam 2026», бо як медал баргаштанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД