formula feb 2025
Ҷудокорони тоҷик дар “Baku Grand Slam 2025” ҳунарнамоӣ мекунанд
276

Рӯзҳои 14-ум ва 16-уми феврали соли равон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2025 “Baku Grand Slam 2025” доир мешавад.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 6 паҳлавон муаррифӣ мекунанд. Дар вазни то 73 кг Абубакр Шеров бо Муҳиддин Асадуллоев, дар вазни то 81 кг Баҳрӯз Хоҷазода бо Сомон Маҳмадбеков, дар вазни то 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов ва Кароматулло Ҳакимов намояндаҳои кишвари мо дар мусобиқаи мазкур мебошанд.

Қобили зикр аст, ки паҳлавони мо Беҳрӯз Хоҷазода, ки зери вазни то 73 кг баромад мекард, ҳоло тағйири вазн кардааст ва минбаъд дар вазни то 81 кг баромад мекунад. Ин аввалин мусобиқа барои Хоҷазода хоҳад буд, ки зери вазни 81 кг ҳунарнамоӣ мекунад.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа зери вазни то 73 кг кишвари моро Абубакр Шеров бо Муҳиддин Асадуллоев ва зери вазни то 81 кг Баҳрӯз Хоҷазода бо Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ мекунанд.

Шеров дар даври аввали мусобиқа бо ҷудокори 25-солаи хорватӣ Роберт Клакар нерӯсанҷӣ мекунад. Асадуллоев дар даври аввал бо Георгий Чихелидзе аз Гурҷистон сабқат мекунад.

Барандаи нишони биринҷии Бозиҳои олимпии Париж-2024 Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Дзавбатиров Шамил аз Олмон нерӯсанҷӣ мекунад. Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни нав аввалин рақобатро дар даври дуюм бо Кавелиус Тимо аз Олмон доир мекунад.

Ҷаҳонгир Маҷидов ва Кароматулло Ҳакимов дар вазни то 100 кг дар рӯзи охири мусобиқа ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҳакимов дар даври аввал бо Бозбаев Ислом аз Қазоқистон нерӯсанҷӣ мекунад. Маҷидов дар даври аввал бо Кристиан Тоз аз Маҷористон рақобат хоҳад намуд.

Қобили зикр аст, ки ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи “Baku Grand Slam 2025” ҳоло 258 ҷудокор (166 мард, 92 зан) аз 36 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд.

Дар рӯзи аввал, 14-уми феврал ҷудокорон дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва вазнҳои - 48 кг, -52 кг, -57 кг миёни бонувон рақобат мекунанд. Оғози рақобатҳо соати 11:00 ба вақти Душанбе аст.

Дар рӯзи дуюм мардон дар вазнҳои 73 кг, -81 кг ва бонувон дар вазнҳои -63 кг, -70 кг сабқат мекунанд. Оғози рақобатҳо соати 10:30 дақиқа ба вақти Душанбе мебошад.

Дар рӯзи охири мусобиқа мардон дар вазнҳои - 90 кг, -100 кг, +100 кг ва бонувон дар вазнҳои -78 кг, +78 кг баромад мекунанд. Оғози рақобатҳо соати 11:00 ба вақти Душанбе мебошад. Рақобатҳои финалӣ соати 16:00 дақиқа ба вақти Душанбе аст. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД