Arzon march 2024
ТӮЙ МУБОРАК, МАТЛУБАҶОН!
6013


Нимаи дуюми рӯз тасодуфан чашмам ба видеои тозанашре афтид ки дар он ровии шинохта Орзу Исоев сарояндаи булбуловоз Матлюба Раҳимова бо тӯйи арӯсиаш табрик мекард. Баъди тамошои навор дилам тоқат накарда ба Матлюба занг задам, аммо телефони ин бонуи ҳунарманд хомӯш буд. Ба хотири фаҳмидани ҳақиқати ин навор бо Орзу Исоев тамос гирифта, хоҳиш кардам, ки гӯширо ба Матлюба диҳад. Орзу хоҳишамро рад накарда телефонро ба Матлюба дод.
Пас аз аҳволпурсӣ Матлубабонуро бо ҷашни арӯсиаш табрик намуда, гила кардам, ки чаро маро ба тӯй даъват накардааст. Матлюбаи чун ҳамеша меҳрубону самимӣ бо ханда чунин гуфт:
-Аввалин коре, ки кардам, занг задан ба Рустам Азимӣ буд. Мехостам бо воситаи Рустам тамоми кормандони сомонаи “Оила”-ро ба тӯйми арӯсиам даъват намоям, вале гӯширо набардошт. Азбаски дигар рақами телефони касеро намедонистам, ночор мондам. Ман аз шумо як зиёфат қарздор. Сиҳату саломат ҳамроҳи домод ба Душанбе баргардем, ҳатман як оши палав пухта, шумоёнро ба меҳмонӣ даъват мекунам...
Дар бораи домод Матлюба бо муҳаббат ҳарф мезад. Ба қавли ин маликаи саҳна ҳамсараш ҷавонмарди беҳамто ва “тилло”-аст.
Ин ситораи ҳунар аз ифшо намудани исми домоди хушбахт худдорӣ намуда, таъкид кард, ки намехоҳад ҳаёти шахсиаш мавриди муҳокимаи мардум қарор бигирад.
Тӯйи Матлуба дар зодгоҳаш ноҳияи Ёвон баргузор гашта, баъди ҷашни арӯсаш ин бонуи машҳур ҳамроҳи ҳамсараш ба шаҳри Душанбе баргаштанист.
Матлюба Раҳимова дар пойтахт дар манзили худаш ҳамроҳи шавҳараш зиндагӣ хоҳад кард.
Мо ин зебосанами фариштахӯйро бо ҷашни арӯсиаш самимона шодбош гуфта, аз даргоҳи худованд ба Матлубаҷон танҳо бахти сафед хоҳонем. Орзуманди онем, ки нахли умрашон зудтар боровар гашта, соҳиби фарзандони нозанин бигарданд ва аҳде, ки имрӯз ин ду ҷавон бо ҳамдигар бастанд, то абад пояндаву устувор бимонад. Дуо мекунем, ки тамоми орзуву ормонҳои ин ҷуфти зебо ҷомаи амал бипӯшанд ва хуршеди саодат ҳамеша дар рӯйи бому дарашон нурафшонӣ кунад.
Умедворем, ки Матлубаҷон дар гаҳворабандони фарзандаш моро фаромӯш нахоҳад кард.
Тӯй муборак, Матлубаҷон!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД