Зайнура ҳамдеҳаи ман аст. Ӯ дар ҳусну ҷамол аз дигар духтарони деҳа фарқ мекунад. Вақте мактабро хатм кард, тамоми мардуми деҳа талабгори бо ӯ оиладор шудан гаштанд, аммо Зайнура хонданро ба гардан гирифту шавҳаркуниро мавқуф гузошт.
Баъди як соли таҳсилаш дар деҳа нисбати Зайнура хату хабарҳои безеб паҳн шудан гирифт. Яке ӯро духтари шабгард мегуфту дигаре қасам мехӯрд, ки Зайнураро бо ҷавоне дасти ба даст дидааст. Савумин бошад, дар бораи Зайнура овозаҳои бардурӯғ паҳн карда, обрӯи духтарро ба хоки сиёҳ яксон мекард.
Бародаронаш ӯро аввал аз донишгоҳ гирифтанд ва баъдан сатрпӯш карда, дар хона зиндон карданд. Кор ба ҷое расид, ки Зайнура аз шиканҷаву гапи беасоси мардуми лақӣ ба бемории руҳӣ гирифтор шуд. Ӯ дигар аз шиддати асабоният ҳар чизе аз пеши рӯяш мебаромад, зада мешикаст ва беҳудаву баҳуда доду фарёд карда, чизе ба забонаш меомад, мегуфт.
Падараш боғу заминҳои калонашонро фурӯхта, Зайнураро ба шаҳр бурд ва дар ба дари беморхонаҳо гардонида, ӯро хуб табобат кард. Зайнура ба ҳаёти пешина дубора баргашт, вале сухани бади мардум ҳар лаҳза ӯро девонатар мегардонид. Барои лаҷоми душманро кашидан, волидонаш маҷбур шуданд, ки чанд нафар гапбарори деҳаашонро ба суд диҳанд.
Дертар аён шуд, ки туҳматчии деҳа Тошпӯлод ном писари Соҳиб будааст ва барои ду маротиба хостгор фиристодану баъди аз даст додани Зайнура ҳамаи ин гапҳоро байни мардум овоза кардааст. Барои ба иззати нафси духтар расидан ва беобрӯ сохтанаш қонун ӯро ҷазои сахт дод, аммо ҳаёти хуррамонаи Заёнура дубора барқарор нагашт.
Ӯ ҳамоно ангуштнамои занҳои мардуми маҳалла буд, вале кӯшиш мекард, ки ба ҳар гуна суханҳои паст дода нашавад ва ба саломатияш зарар нарасонад. Волидонаш баъди интизориҳои зиёд Зайнураро ба Аброри чӯпон, ки тамоми молҳои деҳаро дар кӯҳу пушта мечаронад, ба шавҳар доданд.
Акнун Зайнурае, ки ҳазорон нафар харидораш буданд, дар кӯҳу пушта ҳамроҳи шавҳараш зиндагӣ карда истодааст. Ӯ аз он, ки келини ягон бойбобо ва арӯси ягон ҷавони пулдор нашуд, ғамгин нест, вале шукргузори он аст, ки дар тақдираш Худованд чӯпонписарро навишта будааст. Гарчанд чеҳрааш зарду дилаш афгор аст, вале кӯшиш мекунад, ки дар назди ҳама худро хушбахт нишон диҳад.
Амонулло Соҳибов,
н. Қумсангир