Formula novemver 2024
ТОП - 10 ДУЭТИ МАШҲУРИ ТОҶИКИЮ ӮЗБЕКӢ
2685


Суруду мусиқӣ дар дили ҳар як инсон роҳ меёбад. Беҳуда нагуфтаанд, ки мусиқӣ сарҳад надорад. Аз вақте ки одам ҳаст, мусиқӣ ҳаст. Новобаста ба он ки суруд бо кадом забон сароида шудааст, дар дили инсон ҷо мегирад. Барои мисол, мардуми тоҷики мо зиёдтар сурудҳои русӣ, ҳиндӣ ва ӯзбекиро гӯш мекунанд.

Мо 10 суруди машҳуреро, ки сарояндаҳои ӯзбеку тоҷик бо ҳам хондаанд ҷамъовари карда аз рӯйи шумораи тамошобинон беҳтарини онҳоро муайян кардем.

Шабнами Сурайё ва Юлдуз Усмонова бо суруди “Тарола Даллӣ” дар рӯйхати “1ғ дуэти машҳури тоҷикию ӯзбеки” ҷойи якумро мегирад. Таронаи мазкурро 11 512 576 нафар тамошо кардаанд.
Ин ҳунармандони натакрори санъати тоҷику ӯзбек таронаи мазкурро ду сол қабл сароидаанд. Ногуфта намонад, тарона моли Юлдуз Усмонова мебошад. Шабнами Сурайё ҳам дар танҳоӣ онро иҷро кардааст.

Анвар Ахмедов ва Илҳом Фармонов бо суруди “Дилбарҷон” дар ҷойи дуюм меистад. Дуэти онҳоро 5 262 133 нафар тамошо кардаанд.

Ин сурудро сарояндагон 7 сол пеш якҷоя дар як тарабхона суруда буданд. Ногуфта намонад, ки суруд бо забони тоҷикӣ сароида шудааст.

Ҷонибек Муродов ва Сардор Раҳимхонов бо суруди “Дӯстон” ҷойи сеюмро ишғол менамоянд. Ин тарона 3 415 505 тамошобин дорад.

Дуэти мазкурро соли 2017 бо забони тоҷикӣ сароидаанд, ки аз тарафи мухлисон хуш қабул шуд. Клипи ин тарона дар “Youtube” канали “Tamoshow” ҳаст.


Зулайхо Маҳмадшоева ва Озода Нурсаидова бо суруди “Лейла” дар зинаи чорум қарор доранд. Ин таронаро 2 491 163 нафар тамошо кардаанд.

Сарояндагон ин таронаро дар Тошкент ҳамин сол ба навор гирифтанд ва он моли Зулайхо мебошад. Ӯ бори аввал таронаи мазкурро чанд моҳ қабл дар албоми нави худ - “Намебахшам” пешниҳоди мухлисонаш карда буд.

Суруди “Азизи дилам” – и Ҷонибек Муродов ва Юлдуз Турдиева дар мақоми панҷум меистад. Ин тарона аз ҷониби 1 888 387 нафар бозбинӣ шудааст.

Ин сурудро онҳо як сол пеш сароида буданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки Юлдуз Турдиева ба сарояндаи тоҷик Ҷонибек Муродов пешниҳоди дует хонданро карда буд.

Нигина Амонқулова ва Далер Хонзода бо суруди “Афсона” зинаи шашумро ишғол намуданд. Таронаи мазкур 473 501 нафар тамошобинонро ҷалб кард. Онҳо ин сурудро 4 сол пеш хонда буданд.

Ҳунарманди тоҷик Нигина Амонқулова ба забони рӯсӣ ва тоҷикӣ, ҳунарманди ӯзбек бошад бо забони рӯсӣ ин таронаро иҷро кардаанд.

Фируза Ҷуманиёзов ва Далер Кутузов бо суруди “Ишқӣ” ҷойи ҳафтумро мегиранд. Таронаи мазкурро 273 078 нафар тамошо кардааст.

Ин суруд 9 сол пеш бо клипи олӣ пешкаши мухлисон гашта буд. Бояд қайд кард, ки суруд бо забони тоҷикӣ сароида шудааст.

Ҷӯрабек Муродов ва Шералӣ Ҷӯраев бо “Суруди дӯстӣ” ҷойи ҳаштумро ишғол кардаанд. Дуэти ду шоҳсутуни санъатро 63 195 нафар тамошо кардаанд.

Ин ду ҳунарманд таронаро бо забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ дар консерти “Шоми дӯстӣ” иҷро кардаанд.
Бо суруди “Райҳон” Далер Кутузов ва Озодбек Назарбеков ҷойи нӯҳумро ишғол мекунанд. Тарона 20 037 тамошобин дорад.

Сарояндагон онро соли 2018 якҷоя дар як консерт иҷро карда буданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки суруд бо забони тоҷикӣ сароида шудааст.
Хуршед Иброҳимзода ва Фазилат Ахмедова дар зинаи даҳум қарор доранд. Ин таронаро 520 нафар тамошо кардаанд.

Ин дуэтро Далер ва Озодбек 2 сол пеш якҷоя дар як консерт сурудаанд.

Умедворем, ки дӯстии ду кишвари ҳамсоя то абад пойдор мемонад. Дӯстдорони суруду тарона аз ҳунармандони ҳар ду кишвар сурудҳои нав ба навро интизоранд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД