Ҳамал
Ҳамалҳое, ки аллакай мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намудаанд, дар атрофи худ балегӯёнро ҷамъ меоранду таваҷҷуҳи дигаронро ҷалб месозанд. Ҳамалҳои кинагире, ки нияти қасд гирифтанро доранд, бояд истиҳола намоянд, вагарна муносибаташон бо атрофиён бад мегардад.
Савр
Бо мақсади ба даст овардани дили ёри ноошно саврҳои беқарор беқарортар мешаванд. Барои ба ёратон наздиктар шудан чанд қадам мегузоред, вале ба мақсад намерасед. Саврҳои оиладор бо сабаби муноқишаҳои оилавӣ ҳатто дар хонаи худ истироҳат карда наметавонанд.
Ҷавзо
Вазифаҳои ҳаррӯзаатонро иҷро намуда, шумо хаёлан орзуи дар мансаб боло рафтанро мекунед. Муносибатҳоятон бо шарики умратон дар ин давраи умр бениҳоят хубу гуворо ҷорӣ мегарданд. Даромади пулӣ дар ин рӯз танҳо аз меҳнатдӯстиятон вобастагӣ дорад.
Саратон
Вақте расидааст, ки саратонҳои хаста ба рухсатии меҳнатӣ бароянду даме истироҳат намоянд. Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад, вақте мерасад, ки хароҷоти шумо бо даромадатон баробар мегардад. Ба шарте ки чунин сарфакориро идома додан гиред, зиндагиятон рӯ ба беҳбудӣ меорад.
Асад
Аз ишқу муҳаббат чашматон кӯру гӯшатон кар шуда, атрофиёнро дар ҳайрат мегузоред. Маслиҳату насиҳати дӯстонро гӯш кунед, вагарна корҳоятон дӯлоб гашта, сарсону саргардон мешавед. Баъзе асадҳо дарди дили атрофиёнро моҳирона ҳис намуда, маслиҳатҳои судманд дода метавонанд.
Сунбула
Азбаски сунбулаҳо хеле нафарони зираканд, ба маслиҳати дигарон чандон ниёз надоранд. Аксари сунбулаҳо барои ободиву таъмири манзили худ қуввату маблағи зиёд сарф мекунанд. Агар танбалиро рафъ намуда тавонед, нақшаҳои олитаринро ҷомаи амал мепӯшонед.
Мизон
Барои хуб сохтани вазъи молиявиатон рӯзи хуб аст, вале муваффақият дарҳол ба дастатон намеояд, ҳама кор вақту соати худро дорад. Барои он ки корҳоятон хубтар шаванд, бояд пайваста аз пайи омӯзиш бошед. Дар аввал душворӣ кашед ҳам, баъдан одат мекунед.
Ақраб
Соҳиби вазифаи деринтизор шуда, дар ҷойи кор ҳасудону душман пайдо мекунед, вале ягон бадхоҳ наметавонад табъи шуморо нохуш гардонад. Бонувони танҳо ба ҷустуҷӯйи марди орзуҳояшон мебароянд. Ба атроф нигаред, шояд марди шумо дар наздикӣ бошаду худатон хабар надоред?
Қавс
Агар ҳушёриро пеша накунед, ба доми ҳаннотон афтиданатон имкон дорад. Зиракиву ҳушёрӣ ва андаке чолокӣ шуморо ба қуллаи мақсуд мерасонад. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат комёб мегардед, қавсҳои муҷаррад яку якбора чанд ошиқ пайдо мекунанд.
Ҷаддӣ
Барои ба мақсад расидан ҳатто аз хешовандонатон қарз ҳам мепурсед, вале беҳтар мебуд, ки харидро то пулдор шуданатон ба таъхир гузоред. Даврае фаро мерасад, ки шумо бояд зиндагиву одатҳоятонро тағйир бидиҳед.
Далв
Далвҳо бо мушкилоти оилавӣ машғул шуда, барои таъмири хона маблағ меҷӯянд. Мутаассифона, барои таъмир маблағи кофӣ ба даст оварданатон амри маҳол аст. Гумон накунед, ки пул худаш муфтакак ба кисаи шумо медарояд, аз шумо меҳнати зиёд талаб карда мешавад.
Ҳут
Ҳутҳо дар ин рӯз бояд бо ҳамкорон нармгуфтор бошанд, вагарна сабабгори ҷанҷоли калоне мегарданд. Дар танҳоӣ бар зидди ақидаи тамоми коллектив баромада, шумо ба «зоғи сафед» мубаддал гашта, душманони зиёде пайдо мекунед.