Arzon Banner
ТОЛЕЪНОМАИ 9-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2021
2618

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ҳодисаву рӯйдодҳои ин рӯз табъи дилатон сурат намегиранд ва сабаби норизогиву якравиятон мегарданд. Хуб мебуд, ки имрӯз гарданшахӣ накарда, бо вазъият созиш намоед, он гоҳ дар ҳама кор муваффақ мегардед. Дар ҳаёти шахсӣ низ якдигарфаҳмиву муҳаббат муносибатҳои ошиқонаатонро рангинтар месозанд.  

Савр (21 апрел-20 май)

Нафароне, ки дар ин рӯз бо онҳо шинос мешавед, дар ҳаётатон ҳам таъсири мусбӣ ва ҳам таъсири манфӣ расонида метавонанд. Чизеро дар зиндагӣ ва муносибатҳои ошиқона тағйир додан намехоҳед. Маблағи дар киса доштаатонро сарфакорона истифода баред, вагарна баъди чанд рӯз азоби бепулӣ мекашед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имкони беҳтар сохтани вазъи молиявӣ ва аз бадкориҳои душманон эмин монданро пайдо мекунед. Баъди нисфирӯзӣ вазъи саломатиятон нохуб гашта, гирифтори яъсу ноумедӣ мегардед. Бо сабаби бепулӣ дар рафъ намудани мушкилиҳои рӯзгор душворӣ мекашед. Хоби дар ин шаб дидаатон баъди чор рӯз амалӣ мешавад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи пур аз макру фиреб ва нофаҳмиҳост. Аз пешниҳодҳои шубҳанок худдорӣ намуда, ба роҳи макру фиреб наравед, вагарна дар кору ҳаёти шахсиятон душвориҳо сар мезананд. Нафаронеро аз худ дур созед, ки аз бовариятон баромадаанд. Аз садо баланд кардану асабӣ шудан худдорӣ намоед.  

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи мусоидест барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ, харидорӣ намудани хонаву мошин. Муҳим он аст, ки ҳама корро сари вақт ба анҷом расонида, ба таъхир нагузоред. Танҳо дар ҳамин сурат бурд мекунед. Меҳру муҳаббататон нисбати шахси бароятон азиз бештар мегардад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи душвор аст. Қисми аввали рӯз худро нотоб ҳис карда, аз камқуввативу бемадорӣ асабонӣ мешавед. Ба дӯстдорони машрубот дар ин рӯз аз меъёр зиёд нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ тавсия дода намешавад. Маблағи пулӣ ба даст меоред, бо ин маблағ камбудиҳои рӯзгорро ба сомон расонед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Нимаи аввали рӯз барои барқарор сохтани робитаву шиносоиҳои нав мусоид аст. Имкони беҳтар сохтани вазъи молиявӣ ва аз доми рақибон гурехтанро пайдо месозед. Баъди нисфирӯзӣ муноқишаву нофаҳмӣ бо дӯстдошта ё ҳамсаратон боиси ҷанҷоли калон мегардад. Барои ташхиси бемориҳо рӯзи мусоид аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ба атрофиён ҳақ будани худро исбот кардан мехоҳед. Барои он ки рӯзи дарозро бо баҳсу мунозираи бемаънӣ нагузаронед, оташи қаҳру ғазаби худро паст карда, ба наздикон фишор наоред. Камқуввативу бемадорӣ чизи муқаррарӣ аст, аз ин лиҳоз ба ташвиш наафтед. Дӯстдоштаатон ба кӯмаки шумо ниёз дорад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи бебарор аст. Аз рӯйи ҳар кори ночиз асабӣ нашавед. Худро ба даст гирифтанро омӯзед, ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, вагарна дар масъалаҳои пулӣ хисорот мебинед. Аз нафароне, ки кайҳо боз вонахӯрдаед, пайғом мешунавед. Бо сабаби тағйир ёфтани вазъи ҳаво фишори хунатон ба ташвиш меорад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои робитаву пайдо намудани шиносҳои нав рӯзи мусоид нест. Аз пешниҳодҳои шубҳанок дурӣ ҷуста, бо нафарони ношинос робита накунед.Аз садо баланд кардану дағалӣ кардан худдорӣ намуда, касеро беҳуда гунаҳкор нашуморед. Ҷаддиҳои муҷаррад имкони пайдо намудани бахти худро доранд.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Нимаи аввали рӯз масъалаҳои молиявиатон бебарор анҷом меёбанд. Аз пешниҳодҳои дилфиреб дурӣ ҷӯста, ба роҳи фиребу найранг наравед. Ҳангоми ба мағозаву бозор рафтан ҳамёни худро эҳтиёт кунед. Мардҳо барои шод сохтани хотири хонуми худ бояд пешакӣ чора андешанд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз худро аз корҳои хатарноку шубҳаовар дур гиред, вагарна оқибати нохуш ба бор меоранд. Ба ҳар коре, ки даст занед, бебарор анҷом ёфта, боиси рӯҳафтодагиву табъи гирифтаатон мегардад. Бо вуҷуди душвориҳо худро ба даст гиред, вагарна асаби харобгаштаатон боиси бад шудани вазъи саломатӣ мегардад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Чураев Санокул. 2021-01-09, 22:56
Шахри хучанд.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Чураев Санокул. 2021-01-09, 22:56
Шахри хучанд.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД