Ҳамал
Дар ин рӯз каме табъатон хираву эҳсоси танҳоӣ мекашед. Барои раҳоӣ ёфтан аз ҳалқаи яъсу ноумедӣ бояд барои худ ҳамдилу ҳамнафасе пайдо созед. Вазъи молиявиатон хеле хуб гашта, табъатон болида мегардад. Барои машғул шудан бо варзиш рӯзи дигарро интихоб намоед.
Савр
Дар ин рӯз ғамхориву меҳрубонии наздиконро эҳсос кардан мехоҳед. Танҳо баъди тағйир додани рафтору кирдоратон ба лутфу марҳамат умед баста метавонед. Дар ҷойи кор ба ишқварзӣ роҳ надиҳед. Ба вазъи ҳаво нигоҳ карда, либос пӯшед, эҳтимоли шамол хӯрданатон дар назар аст.
Ҷавзо
Дар ин рӯз бо дӯстон вохӯрдану дилхӯшӣ кардан хуб аст. Агар имкон дошта бошед, тамоми рӯз истироҳат кунед. Нисбати нафаре, ки дӯсташ медоред, сахтгир набошед, ӯро бо камбудиҳояш қабул намоед. Ба саломатии гурдаҳо диққати хоса зоҳир намоед.
Саратон
Дар ин рӯз ҳушу хаёлатон банди ишқу муҳаббат гашта, корҳои худро фаромӯш месозед. Имкон дошта бошед, нағзакак истироҳат намоед. Агар қарзатонро баргардонанд, вазъи пулиятон хуб мегардад. Дар тӯю маърака аз истеъмоли обҳои газноку сард худдорӣ намоед.
Асад
Мағруру худписанд шуданатон дар ин рӯз бар зарари худатон аст. Агар мушкилиҳои сарзадаро мустақилона рафъ созед, муваффақ мегардед. Қарз додани маблағи калонро маслиҳат намедиҳем. Нафароне, ки рӯзашонро дар берун бегоҳ мекунанд, бемор шуданашон имконпазир аст.
Сунбула
Ба сару либоси худ диққат дода, ғами саломатиро хӯред. Имкон пайдо карда, ба кошонаи ҳусн раведу барои ташхис ба беморхона. Пули худро беҳуда сарф накунед. Барои ошиқон рӯзи бобарор аст, меҳру муҳаббати дӯстдошта тамоми дардҳоятонро бартараф месозад.
Мизон
Рӯзи беҳтарин аст, тамоми корҳоятон бобарор анҷом меёбад. Дар ҳаёти шахсӣ, ҷойи кор ва вазъи молиявӣ муваффақ мегардед. Аз нафаре, ки интизор набудед, дастгирӣ мебинед. Ба саломатии худ диққат надоданатон боиси пули калон сарф кардану ба душворӣ сиҳат шуданатон мегардад.
Ақраб
Дар ин рӯз ақрабҳо зиқ намешаванд. Ҳам коратон зиёд мешаваду ҳам дӯстдорони бешумор пайдо мекунед. Агар аллакай оиладор бошед, ба дигарон таваҷҷуҳ накунед. Рафту муҷаррад бошед, аз фурсат истифода бурда, бахти худро пайдо намоед.
Қавс
Дар ҷодаи муҳаббат ягон монеа пайдо намешавад. Мутаассифона, вазъи молиявиатон нохуб гашта, дар гирифтани маошу даромадҳои пулӣ монеаҳо пеш меоянд. Агар танҳо мондан нахоҳед, бо дӯстдоштаи худ самимӣ бошед, вагарна муҳаббат дурӯягиро намеписандад.
Ҷаддӣ
Ҷаддиҳои муҷаррад бо нафаре шинос шуда, аз имкон дур нест, ки рӯзҳои наздик оиладор мешаванд. Ташаббускориятон ба сардор хуш меояд, вале аксари ҳамкорон рӯирост ба шумо ҳасад мебаранд. Охири рӯз даромади пулӣ имкон дорад.
Далв
Ҳунару маҳорати худро нишон дода, мавқеъро дар ҷои кор мустаҳкам месозед. Тамоми иқдомҳоятон пазируфта мешаванд, аз ин лиҳоз ақибгардӣ накунед. Барои ба мақсад расидан ба таҷрибаву собиқаи кории худ такя намоед.
Ҳут
Ба ягон кори хатарнок даст назанед. Бо вуҷуди он ки нафаре пули калон пешниҳод мекунад, рад намоед. Дар ин рӯз дар роҳ эҳтиёт шавед. Ҳангоми рондани мошину вақти аз роҳ гузаштан ҳушёриро пеша намоед. Дарди сару табъи хираатон бо сабаби дурии шахси дӯстдоштаатон аст.