Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 9-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2021
3633

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи чандон бад нест, аз таҷрибаи дигарон сабақ гирифта, барои худ корҳои ғайриинтизореро анҷом медиҳед. Нафаре аз меҳрубонии шумо истифода бурдан мехоҳад. Ҳангоми фориғ аз кор наздикони худро фаромӯш насозед. Меҳрубонии шумо дили дӯстдоштаатонро бештар гарм месозад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи хеле бобарор аст. Аз тамоми имкониятҳо барои худ фоида ба даст меоред. Бо осонӣ рақибонро мағлуб намуда, душманонро дар ҳоли ногувор мегузоред. Нисбати бемории гурда ва дарди миён фориғболӣ накарда, зуд аз пайи табобат шавед. Маоши худро яку якбора сарф накунед.    

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Маблағи худро барои хариди беҳуда сарф мекунед, ки ин коратон хуб нест. Шубҳаву гумонҳое, ки нисбати шахси дӯстдоштаатон вуҷуд дорад, бо маслиҳати дӯсти наздикатон рафъ сохта метавонед. Кӯшиш намоед, ки бемории зукомро аз аввалин нишонаҳояш табобат намуда, ба реша давондани он имкон надиҳед.    

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз орзуву хаёлҳои дастнорасро аз сар дур созед. Дар ҷодаи муҳаббат ба шахсе ошиқ шавед, ки ба қадри ишқатон бирасад. Саломатиятон хуб аст, вале ба ҳар ҳол, ба вазъи ҳаво нигоҳ карда, либос пӯшед, вагарна зуком тамоми нақшаҳоятонро барбод медиҳад. Шом ба хонаатон меҳмон меояд.  

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи бобарор аст, комёбиҳои корӣ камбудиву ғалатҳои рӯзҳои пешинро рафъ месозанд. Мушкилиҳои молиявие, ки аз рӯзҳои пеш боқӣ мондаанд, яку якбора ҳалли худро меёбанд. Дар муносибат бо шахси дӯстдошта ҷонфидо бошед, муҳаббататон ҳатман қадр карда мешавад. Ба бемории роҳҳои нафас диққати хоса диҳед.    

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар масъалаҳои молиявӣ аз тамоми роҳу воситаҳои дастрас истифода бурда, муваффақ шуда метавонед. Дар ҷодаи муҳаббат шитоб карданатон лозим аст, вагарна ёрро аз даст дода, сахт рӯҳафтода мешаведу чанд муддат ба худ омада наметавонед. Бемории меъда баногаҳ хуруҷ намуда, иштиҳоятонро гум мекунад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар назди нафароне, ки пайваста гуноҳу камбудии шуморо меҷӯянд, аз комёбиҳои касбу кор ва маоши худ ҳарф назанед. Маблағи иловагиеро, ки ба даст меоред, сарчашмаашро ба касе нагӯед. Агар ошиқ шуда бошед, дӯстдоштаи худро аз даст надиҳед. Бегоҳирӯзӣ барои муносибатҳои ошиқона созгор аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи серташвиш аст, рафти ҳодисаҳои имрӯзро тағйир додан ғайриимкон аст. Бе дастгириву кӯмаки дӯстону наздикон аз уҳдаи коре баромада наметавонед. Аз бепарвоиву серкориятон шахсе, ки дӯсташ медоред, меранҷад.Нооромии асабҳо ва ташвишҳои зиёдатон боиси бехобиатон мегарданд.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар масъалаҳои молиявӣ хеле эҳтиёткор бошед, эҳтимоли аз даст додани маблағи калон вуҷуд дорад. Танҳо ба ҳамкорони дилпури худ бовар кунед. Эҳтимоли бо шахси дӯстдошта муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Лимӯчой бо асал на танҳо хобатонро бароҳат, балки хастагиро низ рафъ месозад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Бо сабаби ҷамъ шудани мушкилиҳои зиёд, рӯзи вазнин меояд. Ба шахсе, ки дӯсташ медоред, туҳфаи гаронбаҳо тақдим кардан мехоҳед. Агар вазъи молиявиатон имкон медода бошад, харидани туҳфаро ба таъхир нагузоред. Барои ҳалли мушкилиҳои ба саратон омада, ба маслиҳати дӯстон гӯш андозед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ҷодаи касбу кор муваффақиятро интизор бошед. Дар ҳаёти далвҳои ошиқ мушкилоти зиёде сар мезанад. Дар ҳолати асабонияту инҷиқӣ ба меҳмонӣ рафтанро тавсия намедиҳем. Дар масъалаҳои молиявӣ бошад, пешравиҳо дида мешаванд. Аз пайи ташвиши рӯзгор шуда,мсаломатиро фаромӯш насозед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз аз мушкилиҳои пешмеомада наҳаросед. Танбалӣ кардану кори имрӯзро ба фардо гузоштанро маслиҳат намедиҳем. Бурдбории молиявиатон аз корчаллонии шумо вобастагӣ дорад. Асабонияти пайдошударо рафъ кардан душвор мегардад. Аз пайи мустаҳкам кардани вазъи саломатӣ шавед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД