Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз тамоми камбудиҳои дар корҳоятон сарзадаро рафъ намуда, баъдан оромонаву дилпур кор карда метавонед. Дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон каме дилсардӣ дида мешавад, барои беҳтар сохтани вазъият кӯшиш ба харҷ доданатон лозим меояд. Саломатии худро дар ин рӯз эҳтиёт кунед.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз бештар истироҳат карда, бо кори зиёд худро хаставу абгор нагардонед. Пул чизи даркорӣ аст, вале саломатӣ аз он муҳимтар аст. Бо хешовандони худ дидорбинӣ накунед, бо мушкилоти рӯзгор саргаранг мешавед. Ба ҳеҷ ваҷҳ дар ин рӯз бо фолбинӣ ва сеҳру ҷоду машғул нашавед, вагарна ба сари худатон бадбахтӣ меояд.
Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Дар ин рӯз сергапӣ накарда тамоми нақшаҳои кашидаро ба анҷом мерасонед. Барои саломатӣ рӯзи хатарнок ва душвор аст. Эҳсосот ақлро тира сохта, боиси муноқиша ва бад шудани вазъи саломатиятон мегардад. Ба ҳеҷ ваҷҳ бо фолбинӣ ва сеҳру ҷоду машғул нашавед. Агар имкон дошта бошед, бештар дар соҳили дарё вақт гузаронед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз ба коре, ки боиси бемор шудани сутунмуҳраатон мегардад, даст назанед. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намуда, аз мушкилиҳо эмин мемонед. Ба нафароне, ки хуб намешиносед, қарз надиҳед. Барои беҳтар сохтани муносибат бо шахси дӯстдоштаатон вақт ва сабру таҳаммул лозим аст.
Асад ( 23 июл- 23 август)
Бад будани вазъи молиявиро аз нафаре мефаҳмед, ки кори муҳосиботро хеле хуб дарк менамояд. Агар дар муносибатҳои ошиқона макру фиребро эҳсос намоед, дӯстдоштаи худро санҷиданатон лозим меояд. Агар ба наздикӣ шинос шуда бошед, гузаштаи ӯро пурсуҷӯ намуда, вазъиятро таҳти назорат қарор диҳед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Барои саломатӣ рӯзи душвор аст. Барои пайдо намудани ҷойи нави корӣ вақти дигарро интихоб намоед. Сунбулаи муҷаррад нафареро вомехӯрад, ки барояш беҳтарини дунё мегардад. Ба эҳсосот дода нашавед, вагарна бо атрофиён муноқиша карда, саломатиятон нохуб мегардад.
Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз гуноҳи нафареро, ки чанд вақт боз ба рӯяш гуфтан мехостед, иброз намуда, хеле сабук мешавед. Аз ҳад зиёд ба дағалӣ роҳ надиҳед, вагарна атрофиён рафторатонро нодуруст қабул мекунанд. Мушкилии ногаҳонии дар оилаатон сарзадаро бо кӯмаки дӯстон рафъ намуда метавонед.
Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз табъатон болида ва аз вохӯрии нав як ҷаҳон таассурот мебардоред. Бо вуҷуди дар ҷойи кор банд буданатон барои ҳаёти шахсӣ вақт меёбед. Нисбати саломатӣ бодиққат бошед. Дар сурати худро нотоб ҳис карданатон ба табиби ботаҷриба муроҷиат кунед. Барои сафарҳо рӯзи бобарор аст.
Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Дар ин рӯз барои ба даст овардани дастгирӣ ва меҳрубонии шахси наздик имкониятҳои зиёде пайдо мекунед. Бо вуҷуди бо ҳам муноқиша карданатон аввалин шуда роҳҳои оштишавиро ҷӯед. Барои он ки аз бепулӣ азоб накашед, сарфакориро омӯзед. Бегоҳирӯзӣ аз хешовандон хабари ногаҳонӣ мешунавед.
Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз бо нафарони даркорӣ шинос мешавед. Вазъияти молиявиатон бобарор анҷом ёфта, каме маблағро барои рухсатӣ захира намоед. Дар ҳаёти шахсӣ фиреб хӯрданатон дар назар аст. Аз танқид нисбати шахси дӯстдоштаатон худдорӣ намоед.
Далв (21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз шуморо лозим меояд, ки бо ҳамкорон якҷоя меҳнат кунед, кунҷи танҳоӣ наҷӯед. Имкони дар мансаб боло рафтанатон вуҷуд дорад, аз ин рӯ ба гуфтаҳои роҳбарият бодиққат бошед. Далвҳое, ки бо тиҷорати шахсӣ машғул ҳастанд, бояд ба шарикони корӣ диққати хоса диҳанд.
Ҳут (21 феврал- 20 март)
Дар масъалаҳои молиявӣ корҳоятон чандон хуб набошад ҳам, баъди баргардонидани қарзҳо вазъият хуб мегардад. Ба нозу нузи дӯстдоштаатон диққат надиҳед, бо вуҷуди сахт дӯст доштанатон имкон надиҳед, ки болои саратон бароянд. Барои сар кардани сохтмон рӯзи бобарор аст.