Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз дар рафтору гуфтор озодона амал кунед, он гоҳ ба мақсад мерасед. Барои солимии рӯҳу ҷон истироҳати бештарро тавсия медиҳем. Агар тамоми рӯзро дар паси компютер мегузаронида бошед, аз хастагӣ раҳоӣ намеёбед. Дар гуфтор боэҳтиёт бошед, эҳтимоли дар сари рашк муноқиша карданатон вуҷуд дорад.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз ягон чиз садди роҳи пешравиҳоятон намегардад. Саврҳое, ки ба наздикӣ ҷойи кор ёфта буданд, комёб мегарданд. Дар муҳити орому осуда фикру андешаҳои худро ба тартиб оварда, аз вазъиятҳои душвор баромада метавонед. Шом барои истироҳат бо аҳли оила ва дӯстону фарзандон мувофиқ аст.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Воқеа ё хабаре имкон дорад, ки ба корҳоятон таъсири хуб мерасонад. Нақшаҳои нав даромади хуб меоранд. Муносибатҳоятон бо ҳамсафари ҳаётӣ чандон хуб ҷараён намегиранд. Сабаб дар рашк ё зихнагӣ буда метавонад. Барои харидани сару либос, ороишот ва мебели нав рӯзи бобарор аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз аз қаҳру ғазаб худдорӣ намоед, вагарна зери таъсири чунин нафарон мемонед. Ба саломатии худ диққат диҳед, эҳтимоли рух додани садама, бемории дил ва ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Робита бо шарикони нави корӣ бебарор анҷом меёбад, вале дӯстони дерин маслиҳатҳои судманд медиҳанд.
Асад (23 июл-22 август)
Вохӯрии тақдирсоз шуморо ба ҳайрат меорад. Ҳар қадаре бо атрофиён муносибати худро хуб гардонед, ҳамон андоза шарикони нави тиҷоратӣ пайдо мекунед. Ғуруру такаббур боиси сард гаштани муносибатҳоятон бо атрофиён мегардад. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб гаштанатон аз эҳтимол дур нест.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз ба гапи ғайбатчиёну ҳасудхурон бовар накунед. Ҳар гаперо, ки дар бораи дӯстдоштаатон мешунавед, бовар накунед ва ҳатто метавонед, ки шахсан санҷида бинед. Баъди нисфирӯзӣ нотоб шуданатон дар назар аст, сабабаш тарзи нодурусти хӯрокхӯриатон аст. Аз нӯшидани нӯшокиҳои сард худдорӣ намоед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи бобарор аст. Агар дар рухсатӣ бошед, ҳатман ба қадри кофӣ истироҳат кунед. Хариди калон карданро тавсия намедиҳем. Дӯстони дерин ё наздикон маслиҳатҳои муфиду саривақтӣ медиҳанд. Ҳодиса ё хабаре ба корҳоятон таъсири мусбӣ мерасонад. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида мегардонад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи душвор аст. Мушкилиҳои гуногун ба корчаллон будан водоратон месозанд. Ба ҷои истироҳат тамоми рӯз заҳмат кашида, лаҳзае аз кор фориғ намешавед. Шом имкони хуби бо дӯстон ва аҳли оила нишастанро пайдо мекунед. Ба тавсияҳои нафароне, ки дар масъалаҳои молиявӣ таҷрибаи бой доранд, гӯш диҳед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз ба роҳи макру фиреб қадам нагузоред, вагарна ба ҷои бурд чизҳои муҳимро аз даст медиҳед. Барои раҳоӣ ёфтан аз муноқишаҳо бо атрофиён меҳрубон бошед. Мушкилиҳои молиявӣ боиси сард гаштани муносибат бо дӯстонатон мегарданд. Дар рафтору гуфтор боэҳтиёт бошед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз ҷаззобиятатон чунон зиёд мегардад, ки ҳатто рақибонро ба худ ҷалб месозед. Ба маъракаву ҷашнҳои оилавӣ даъват мешавед. Барои барпо намудани тӯйи арӯсӣ ё бастани ақди никоҳ рӯзи беҳтарин аст. Аз саломатиятон ташвиш накашед, вале аз истеъмоли машрубот ва хӯрокҳои равғанин худдорӣ намоед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз кори табъи дил пайдо намуда, бештар истироҳат намоед. Аз серкорӣ масъалаҳои оилавӣ ва тарбияи фарзандонро фаромӯш насозед. Бегоҳирӯзӣ ба меҳмонӣ рафтан хуб аст. Вохӯрии аҷибу хотирмон эҳтимол дорад. Бо сабаби мушкилиҳои молиявӣ бо дӯстонатон нофаҳмӣ имкон дорад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз диққати худро ба амалҳое равона созед, ки пешравии коратон аз онҳо вобастагӣ дорад. Амалиётҳои косметикӣ, табобат ва масъалаҳои молиявӣ хуб анҷом меёбанд. Зимни ҳисобу китоби пул бодиққат бошед. Аз кӯмаки нафарони дилпур рӯ нагардонед. Хабар ё ҳодисае ба корҳоятон таъсири хуб мерасонад.