Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2021
2836

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз шубҳаву гумонҳои бад қалбатонро ором намегузорад. Бо ин одати худ на дӯст пайдо карда метавонеду на муҳаббати нафареро ба даст оварда. Ҳамалҳое, ки бо тиҷорат машғуланд, аз ҳамкории судманд бурд мекунанд. Бегоҳирӯзӣ дар корҳоятон баъзе монеаҳо пеш меоянд, вале то рӯзи дигар ҳал мешаванд.  

Савр (21 апрел-20 май)

Зодагони мучали савр дар ин рӯз ба баҳсу мунозираи дигарон мароқ зоҳир мекунанд. Ба кори дигарон бинӣ нахалонед, вагарна ба сари худ ҷанҷол меоред. Ба хасташавӣ роҳ надиҳед. Барои он ки хастагии зиёдро рафъ намоед, бояд бегоҳирӯзӣ нағзакак истироҳат намоед. Даромади иловагии на он қадар зиёд дар назар аст.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Зодагони мучали ҷавзо дар ин рӯз аз ҷое маблағи иловагӣ ба даст меоранд, ки интизор набуданд. Нафаре туҳфа мегирад, дигаре кӯмакпулӣ, сеюмӣ қарзашро бармегардонад. Хеле муҳим аст, ки пули бадастовардаро дар ин рӯз сарф накунед. Вақте расидааст, ки дар оилаву ҷои кор тағйирот ворид намоед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Зодагони мучали саратон дар масъалаҳои молиявӣ дучори мушкилиҳои хурд мегарданд. Ба яке аз аъзоёни оилаи худ пул доданатон лозим меояд. Хабари хуш мешунавед. Нафароне, ки бо омӯзиш машғуланд, аз ҷониби омӯзгорон дастгириро эҳсос мекунанд. Дар ин рӯз либосҳои хоксорона ба бар намоед.    

Асад (23 июл-22 август)

Аксари зодагони мучали асад дар касбу кор ба муваффақиятҳои назаррас ноил мегарданд. Кӯмаку дастгирии ҳамкорон ва нафарони муваффақро зуд қабул намоед. Ба дағалгуфторӣ роҳ надиҳед, маблағи калон сарф накунед ва хӯрокеро, ки пӯхта наметавонед, омода карданашро ба уҳда нагиред.   

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Зодагони мучали сунбула дар ин рӯз набояд туҳфаи тақдирро интизор шаванд. Ҳамагуна гуфтушунидҳои корӣ ба шарте бобарор анҷом меёбанд, ки шумо касбу кори худро хуб донед. Агар ба наздикӣ бемориеро аз сар гузаронида бошед, ба хастагӣ роҳ надиҳед. Ишқи ногаҳоние дари дилатонро мекӯбад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Аксари зодагони мучали мизон дар ин рӯз дар бораи атрофиён фикрҳои мағшуш мекунанд. То далелҳои қатъӣ ба даст наоред, фикрҳои худро ба касе нагӯед. Ба моҷарои дигарон кордор нашавед. Ба реҷаи хӯрокхӯрии худ диққат дода, хӯрокҳои серғизо истеъмол намоеду серҳаракат бошед.    

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз нафаре пайдо мешавад, ки бо изҳори муҳаббат кардану хирагӣ ҷонатонро ба лаб меорад. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин ошиқи хира имкони бо шумо риштаи дӯстӣ бастанро надиҳед, вагарна умре аз ӯ халос шуда наметавонед. Танқиду эродҳоеро, ки мешунавед, оромона қабул кунед ва пулро боақлона сарф намоед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Зодагони мучали қавсро лозим меояд, ки нерӯи худро зиёд сарф накунанд, вагарна корҳои зиёдашон нотамом мемонад. Дар ин рӯз ҳодисаи муҳиме рух намедиҳад. Рӯзи худро бо наздикон хушу гуворо гузаронед. Бонувон ба кошонаи ҳусн рафта, пушаймон намешаванд. Мардҳо ба варзиш машғул шаванд, бурд мекунанд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Зодагони мучали ҷаддӣ аз ҳодисаҳои ногуворе, ки дар ҷои корашон рух медиҳад, гурехта наметавонанд. Норозигии худро бе дағалӣ иброз намоед. Аз нафаре, ки бароятон хеле азиз аст, туҳфа ва сухани хушро интизор шавед. Ба ҳолати рӯдаву меъда диққат диҳед ва аз истеъмоли хӯрокҳои сахту хамирӣ даст кашед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз хоҳиш, супориш ё амри нафареро иҷро карда наметавонед. Андешаронии носолим ва мустақилияти нокомил боиси ногувориҳо мегардад. Барои нависандагону рассомон ва эҷодкорон рӯзи бобарор аст. Ба ғайр аз он ки мурғи илҳоматон пайдо мешавад, боз ба нафаре дил мебандед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Аксари зодагони мучали ҳут дар ин рӯз аз сатҳи даромади худ изҳори нигаронӣ мекунанд. Пайдо кардани даромади иловагии пулӣ айни муддао мегардад. Нафароне, ки ба наздикӣ бемориҳои сироятиро аз сар гузаронида буданд, дар ин рӯз ба хасташавӣ роҳ надода, дар ҳавои кушод зиёд нагарданд.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД