arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 8 ИЮЛИ 2020, ЧОРШАНБЕ
2692

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз аз уҳдаи ҳама кор бо осонӣ мебароед, табъатон аз субҳ болида мегардад. Бо корҳои шахсӣ сафар мекунеду ба хешовандони калонсолатон кӯмак мерасонед. Истироҳат карданатон хуб аст, вале мушклиҳои хона худ ба худ рафъ намегарданд. Ба нафароне, ки боварӣ надоред, боилтифотона аз худ дур созед.

Савр (21 апрел-22 май)

Рӯзи ғайриодӣ аст, риштаи дӯстиятон ба муҳаббати бузург мубаддал мегардад. Робитаро бо хешовандон зичтар намоед. Хусусан ба нафароне, ки ба дастгирии маънавии шумо ниёз доранд, рад накунед. Эҳтимоли ба ғалат роҳ додану муноқиша бо наздикон, ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Дар ин рӯз ба гирдоби ҳодисаҳои ошиқона фурӯ меравед. Эҳтимол дар бораи шахси наздикатон ғайбат мешунавед. Ҳангоми кор бо таҷҳизоти барқӣ боэҳтиёт ва бодиққат бошед. Мушкилоти рӯзгор ё муноқиша бо наздикон табъатонро хира мегардонад. Истеъмоли гӯшт ва машруботро тавсия намедиҳем.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз иваз кардани ҷойи корро маслиҳат намедиҳем. Бо вуҷуди рух додани муноқиша бо яке аз ҳамкорон худро ба даст гиред. Вазъият ба зудӣ тағйир меёбад ва аз кори дар сари қаҳр анҷомдода пушаймон мешавед. Саратони муҷаррад бо шахси хеле хуб шинос мешавад.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Рӯзи фиребу найранг аст. Дар ҷойи кор ва ҳаёти шахсиятон душвориҳо сар мезананд. Ба нафароне ки боварӣ надоред, боодобона аз худ дур созед. Аз вохӯрӣ бо роҳбарият дурӣ ҷӯед. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳои муҳим хеле бодиққат буданро маслиҳат медиҳем. Агар хастагиро эҳсос намоед, бештар дар ҳавои тоза вақт гузаронед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар масъалаи молиявӣ фоидаи хуб ба даст меоред. Агар маблағи худро ба лоиаҳаи калон сарф карданӣ бошед, воҳима накунед. Серкориятон боиси дур шудани дӯстон мегардад. Дар робита бо фарзандон садо баланд накунед. Ҳақ будани худро бо зӯрӣ собит насозед.

  • Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Корҳои худро аз нав ба нақша гирифтан лозим меояд. Сафари берун аз шаҳрро ба таъхир гузоред, он фоида намеорад. Дар ҳаёти шахсӣ нуқтаи назари худро аз нав дида бароед, хусусан агар дӯстдоштаатон онро қабул надошта бошад. Баъди нисфирӯзӣ мушкилоти рӯзгор пеш меояд.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз ба баҳсҳои душвор ҳамроҳ нашавед, якеро ҷонибдорӣ намуда, ғазаби ҷониби дигарро меоред. Барои меҳнати кардаатон мукофотпулии калон мегиред. Паёмаки ошиқона аз нафаре, ки дӯсташ медоред, саратонро ба осмон мерасонад. Баъди нисфирӯзӣ худро нотоб ҳис мекунед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Дар ин рӯз имкони сарватманду муваффақ ва хушбахт шуданро пайдо месозед. Аз табъи болидаи шумо бисёр чизҳо вобастагӣ дорад, аз ин рӯ, метавонед ҷасурона шинос шудан гиред. Баъди нисфирӯзӣ барои истироҳат вақт ёбед. Аз нӯшокиҳои спиртӣ ва хӯрдани гӯшт худдорӣ намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз вохӯрии тақдирсоз ва ба даст овардани маблағи хуб имкон дорад. Сирру асрори дӯстатонро махфӣ нигоҳ доред. Барои сафари роҳи дур рӯзи мусоид нест, вале сайругашт фоида дорад. Нисбати кӯдакон садо баланд кардану дағалиро тавсия намедиҳем.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз ба ҳамкорони ҷавону бетаҷриба кор омӯхта метавонед. Камбудиҳои молиявӣ табъатонро хира сохта наметавонанд. Сафарҳои якҷоя ва саёҳат имкон дорад. Далвҳои ошиқ ба орзуҳои худ мерасанд. Саломатии худро танҳо ба табибони касбӣ бовар кунед.

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Рӯзи хубест барои рафтан ба мағозаву бозор ва истироҳат дар оғӯши табиат. Дар оилаи ҳутҳои оиладор тағйиротҳои ҷиддӣ имкон доранд. Бо кору бори рӯзгор, рӯбучин, таъмири асбобҳои техникӣ ва рафъ намудани мушкилоти хоҷагӣ машғул шавед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД