Ҳамал (21 март-19 апрел)
Рӯзи мусоид аст, бо ҳодисаҳои хушоянд ва хабарҳои хуб шод мегардед. Ҳамалҳое, ки дар интихоби роҳи дуруст шубҳа доштанд, ниҳоят фаҳмида метавонанд, ки ба куҷо бояд раванд ва вақти гаронбаҳояшонро беҳуда сарф нахоҳанд кард. Хариди бобарор мекунед. Аз манбаъҳои нав пул ба даст меоред. Барои мулоқот бо дӯстон вақт ҷудо кунед, онҳо рӯҳияатонро боло мебардоранд.
Савр (20 апрел-20 май)
Агар нақшаи муҳиме дошта бошед, пас беҳуда вақтро аз даст надиҳед ва ҳарчи зудтар амал кунед. Эҳтимоли пайдоиши шиносоиҳои муфид зиёд аст. Нимаи дуюми рӯз барои мулоқот бо наздикон, вохӯриҳо бо дӯстон ва чорабиниҳои оилавӣ мувофиқ аст. Фурсате фаро мерасад, ки онҳое, ки барои шумо азизанд, шод гардонед. Ғайр аз ин, эҳтимоли гирифтани туҳфаҳои ногаҳонӣ ва сюрпризҳои гуворо зиёд аст.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Аввали рӯз каме серташвиш аст, аммо ҳеҷ гоҳ барои изтироб сабаб намешавад. Нимаи дуюми рӯз барои ҳалли масъалаҳои ташкилотчигӣ ва кор бо ҳуҷҷатҳо мувофиқ аст. Бо наздикон каме нофаҳмиву ихтилофоти хурд мумкин аст, аммо роҳи ҳалли созишкорона зуд пайдо мешавад. Беҳуда худ ва наздиконатонро асабӣ накунед. Саломатӣ ганҷи ноёб аст.
Саратон (21 июн-22 июл)
На ҳама корҳо он тавре ки мехоҳед, осон пеш мераванд, аммо монеаҳои ҷиддие дар роҳ нахоҳанд буд. Субҳ беҳтар аст, ки мустақилона амал кунед, зеро ин ба шумо имконият медиҳад, ки ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардед. Нимаи дуюми рӯз на танҳо сермаҳсул, балки хеле гуворо низ хоҳад буд. Баъзе Саратонҳо хабарҳои хушеро мегиранд, ки дер боз интизорашон буданд.
Асад (23 июл-22 август)
Субҳ нофаҳмиву ихтилофҳо имконпазиранд, ҳам дар ҷои кор ва ҳам дар муҳити хонаводагӣ. Аммо онҳо ба низоъҳои ҷиддӣ намерасанд, зеро шумо роҳи ҳал кардани мушкилотро зуд пайдо мекунед. Баъзе Асадҳо метавонанд баҳсҳои тӯлонӣ ва нофаҳмиҳоро пешгирӣ кунанд. Ҳам мулоқотҳои корӣ ва ҳам шахсӣ бомуваффақият мегузаранд. Наздикон ба хоҳишҳои шумо бо меҳрубонӣ посух медиҳанд ва шуморо пуштибонӣ мекунанд. Имкони ёфтани даромади ғайричашмдошт зиёд аст.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Рӯзи муносиб барои ҳаллу фасли масъалаҳои ҷиддӣ аст. Пешниҳодҳои нави ҳамкорӣ эҳтимол доранд, ки ба комёбиҳои нави касбӣ роҳ мекушоянд. Барои ба тартиб даровардани хонаву дари худ вақт ҷудо кунед, тартибот дар хонаву ҷои кор асабҳоятонро ором мекунад. Аз истеъмоли нӯшокиҳои сарди газнок худдорӣ намоед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Рӯзи хуб аст ва шумо шояд ягон сабаб барои изтироб надошта бошед. Шанс фароҳам меояд, ки ба нақшаҳои куҳна баргардед ва онҳоро амалӣ созед. Баъзе Мизонҳо кореро анҷом медиҳанд, ки барои дигарон ғайриимкон буд. Чорабиниҳои оилавӣ хуб мегузаранд, наздикон аз шумо розиянд. Онҳое, ки имрӯз ба сафар мебароянд, таҷрибаҳои гуворо ва мулоқотҳои ғайричашмдошт хоҳанд дошт.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Рӯзи мусоид барои мулоқотҳои корӣ аст. Ҳайрон мешавед, ки чӣ қадар одамон шуморо пуштибонӣ мекунанд ва ба нақшаҳоятон таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Пешниҳодҳои ҳамкории дарозмуддат имкон доранд. Агар чунин пешниҳодҳоро аз шахсони шинохта бигиред, шояд бидуни фикри зиёд онҳоро қабул кардан беҳтар бошад. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед: эҳтимоли хароҷоти беҳуда мавҷуд аст.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Рӯзи бидуни мушкилоти ҷиддӣ аст, аммо имкониятҳои ҷолибе пеш меоянд. Барои шурӯи корҳое, ки барои шумо нав ҳастанд, рӯзи хуб аст. Атрофиён омодаанд ба шумо маслиҳати муфид диҳанд ё ба пешрафтатон кумак расонанд. Булҳавас нашавед ва ба ҳар касе ки ба шумо изҳори муҳаббат мекунад, дарҳол бовар накунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Шумо имрӯз борҳо дар маркази таваҷҷуҳ хоҳед буд ва аз ин хушҳол мешавед. Аз имконият истифода бурда, дар бораи комёбиҳо ва дастовардҳои худ бо дигарон суҳбат кунед, зеро ин метавонад таваҷҷуҳи одамони муҳимро ҷалб кунад. Новобаста аз мушкилиҳо, шумо ором мемонед ва аз чизҳои ночиз парешон намешавед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Бо масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед: имрӯз барои қабули қарорҳои муҳими молиявӣ мувофиқ нест. Беҳтар аст, ки хариди калонро ба таъхир гузоред. Дар касбу кор пешравӣ мекунед ва рақибони кӯҳнаатонро ҳайрон месозед. Дар муносибатҳои ошиқона сюрпризҳои гуворо эҳтимол доранд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз серкор мешавед. Шумо бояд чанд корро якҷоя анҷом диҳед, ва ин метавонад душвор бошад. Ҳамкорон ба кӯмак меоянд, аммо муҳимтарин қарорҳоро бояд худатон қабул кунед. Сарфи назар аз серкорӣ, шумо хаста намешавед ва тамоми корҳои муҳимро анҷом медиҳед. Аз хатарҳо эҳтиёт шавед.