Formula novemver 2024
Толеъномаи 7-уми март
07.03.2022
Нодира
4017

Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз худро аз корҳои хатарноку шубҳаовар дур гиред, вагарна оқибати нохуш ба бор меоранд. Ба ҳар коре, ки даст занед, бебарор анҷом ёфта, боиси руҳафтодагиву табъи гирифтаатон мегардад. Бо вуҷуди монеаву душвориҳо худро ба даст гиред, вагарна асаби харобгаштаатон боиси бад шудани вазъи саломатӣ мегардад.
Савр (21 апрел-22 май)
Нимаи аввали рӯз масъалаҳои молиявиатон бебарор анҷом меёбад. Аз пешниҳодҳои дилфиреб дурӣ ҷуста, ба роҳи фиребу найранг наравед. Ҳангоми ба мағозаву бозор рафтан ҳамёни худро эҳтиёт кунед. Мардҳо барои шод сохтани хотири хонуми худ бояд пешакӣ чора андешанд. Барои он ки шамол хурда касал нашавед, аз нӯшокиҳои хунук худдорӣ намоед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)
Барои робитаву пайдо намудани шиносҳои нав рӯзи мусоид нест. Аз пешниҳодҳои шубҳанок дурӣ ҷуста, бо нафарони ношинос робита накунед, бо иғвоангезон дӯстӣ накунед. Аз садо баланд кардану дағалӣ худдорӣ намуда, касеро беҳуда гунаҳкор нашуморед. Ҷавзоҳои муҷаррад имкони пайдо намудани бахти худро доранд.

Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи бебарор аст. Аз рӯйи ҳар кори ночиз асабӣ нашавед. Худро ба даст гирифтанро омузед, ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, вагарна дар масъалаҳои пулӣ ҳисорот мебинед. Аз нафароне, ки кайҳо боз вонахӯрдаед, пайғом мешунавед. Вохӯрӣ бо дӯсти дерин табъатонро болида месозад. Бо сабаби тағйир ёфтани вазъи ҳаво фишори хунатон ба ташвиш меорад.

Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз ба атрофиён ҳақ будани худро исбот кардан мехоҳед. Барои он ки рӯзи дарозро бо баҳсу мунозираи бемаънӣ нагузаронед, оташи қаҳру ғазаби худро паст карда, ба наздикон фишор наоред. Камқуввативу бемадорӣ дар фасли баҳор чизи муқаррарӣ аст, аз ин лиҳоз ба ташвиш наафтед. Дӯстдоштаатон ба кӯмаки шумо сахт ниёз дорад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)
Нимаи аввали рӯз барои барқарор сохтани робитаву шиносоиҳои нав мусоид аст. Имкони беҳтар сохтани вазъи молиявӣ ва аз доми рақибон гурехтанро пайдо месозед. Баъди нисфирӯзӣ муноқишаву нофаҳмӣ бо шахси дӯстдошта ё ҳамсаратон боиси ҷанҷоли калон мегардад. Барои ташхиси бемориҳо ва сар кардани табобат рӯзи мусоид аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи душвор аст. Қисми аввали рӯз худро нотоб ҳис карда, аз камқуввативу бемадорӣ асабонӣ мешавед. Ба дӯстдорони машрубот дар ин рӯз аз меъёр зиёд нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ ва пурхурӣ тавсия дода намешавад. Баъди нисфирӯзӣ нисбатан ором аст. Маблағи пулӣ ба даст меоред, бо ин маблағ камбудиҳои рӯзгорро ба сомон расонед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи мусоидест барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ, харидорӣ намудани хонаву мошин. Муҳим он аст, ки ҳама корро сари вақт ба анҷом расонида, ба таъхир нагузоред. Танҳо дар ҳамин сурат бурд мекунед. Меҳру муҳаббататон нисбати шахси бароятон азиз бештар мегардад. Баъди нисфирӯзӣ ба саломатии худ диққат дода, бо машқи бадан машғул шавед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи пур аз макру фиреб ва нофаҳмиҳо аст. Аз пешниҳодҳои шубҳанок худдорӣ намуда, бо нафарони ношинос суҳбат накунед, ба роҳи макру фиреб наравед, вагарна дар кору ҳаёти шахсиятон душвориҳо сар мезананд. Нафаронеро аз худ дур созед, ки аз бовариятон баромадаанд. Аз садо баланд кардану асабоният ва касеро беасос гунаҳкор сохтан худдорӣ намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имкони беҳтар сохтани вазъи молиявӣ ва аз бадкориҳои душманон эмин монданро пайдо мекунед. Баъди нисфирӯзӣ вазъи саломатиятон нохуб гашта, гирифтори яъсу ноумедӣ ва дарди сар мегардед. Бо сабаби бепулӣ дар рафъ намудани мушкилиҳои рӯзгор душворӣ мекашед. Хоби дар ин шаб дидаатон баъди чор рӯз амалӣ мешавад.

Далв (21 январ-20 феврал)
Бо нафароне, ки дар ин рӯз шинос мешавед, дар ҳаётатон ҳам таъсири мусбӣ ва ҳам таъсири манфӣ расонида метавонанд. Чизеро дар зиндагӣ ва муносибатҳои ошиқона тағйир додан намехоҳед. Маблағи дар киса доштаатонро сарфакорона истифода баред, вагарна баъди чанд рӯз азоби бепулӣ мекашед.

Ҳут (21 феврал-20 март)
Ҳодисаву рӯйдодҳои ин рӯз табъи дилатон сурат намегиранд ва сабаби норизогиву якравиятон мегарданд. Хуб мебуд, ки имрӯз гарданшахӣ накарда, бо вазъият созиш намоед, он гоҳ дар ҳама кор муваффақ мегардед. Муносибат бо наздикон беҳтар мегардад. Дар ҳаёти шахсӣ низ якдигарфаҳмиву муҳаббат муносибатҳои ошиқонаатонро рангинтар месозанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД