Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 7-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2024
1991

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Барои вохӯриву дидорбинӣ рӯзи мусоид аст. Хусусан барои ошиқон рӯзи бобарор аст. Аз доираи нафарони бад дурӣ ҷӯед. Аз истеъмоли хӯроки равғанин худдорӣ намуда, бештар меваву сабзиҷот истеъмол кунед. Маоши худро дарҳол тамом накунед, беҳтараш ба бозор наравед.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз барои шумо рӯзи бобарор аст. Ҳама корро як сӯ гузореду фақат истироҳат кунед ва аз ҳаёт лаззат баред. Дар ҷои кор қарори муҳимеро қабул мекунанд, ки барои амалӣ гаштани нақшаҳои ояндаи шумо кӯмак мерасонад. Зиёдтар об нӯшед ва хӯрокҳои солим истеъмол намоед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз бояд бештари вақти худро бо нафароне паси сар кунед, ки барояш муҳим ва ҷолиби диққат ҳастед. Агар наздиконатон ба кӯмаки шумо эҳтиёҷ дошта бошанд, ба онҳо ёрӣ диҳед. Баъзеҳо мехоҳанд, ки шуморо асабӣ ва беобрӯ кунанд. Тавсия медиҳем, ки дар ҳама ҳолат сабру тамкинро пеша намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз шумо хеле асабиед. Ҳангоми ҳарф задан аз даҳонатон гапҳои пасту баланд мебарояд, ки боиси хафа шудани наздиконатон мегардад. Кӯшиш кунед, ки ба нафарони дӯстдоштаатон осеб нарасонед. Беҳуда пул сарф накунед. Бонувонро лозим аст, ки қабл аз сухан гуфтан андеша намоянд.

Асад (23 июл-22 август)

Агар шитоб кунеду ба гуфтаи дигарон амал намоед, дар корҳои худ ба иштибоҳи бузург рӯ ба рӯ мешавед. Агар дӯстонатон пешниҳоди ба истироҳат рафтанро кунанд, бе чуну чаро қабул кунед. Дар бораи тиҷорат ва нақшаҳои ояндаи худ ба касе хабар надиҳед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз барои фикр кардан дар бораи ояндаи худ рӯзи мусоид аст. Ба нафаре, ки ба кӯмаки шумо ниёз дорад, дасти ёрӣ дароз кунед. Зимни муошират бо наздикон ва аҳли оила дағалӣ накунед ва барои гуноҳҳояшон ҷазо ҳам надиҳед. Бо нафароне, ки дар ғайбатон гапҳои бад мезананд, робитаро қатъ намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз шумо мисли шамъе мешавед, ки рӯшаниатон ба ҳама мерасад. Муносибати худро бо наздиконатон вайрон накунед. Ба орзуву ҳавасҳо дода нашавед ва поятонро чени кӯрпаатон дароз кунед, то дар оянда пушаймон нашавед. Хусусан бонувонро лозим аст, ки ҳаваси зиндагии дигаронро нахӯранд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ба касе дар рафти корҳояш маслиҳат надиҳед ва барои ба як қарор омадан ҳам шитоб накунед. Атрофиён кӯшиши кумак расонидани шуморо ба таври худ қабул намуда, аз шумо меранҷанд. Ба нафаре, ки бо душманони шумо робита дорад, бовар накунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Вақти бештари худро ба дӯстону наздикон ва пайвандон бубахшед. Агар дар масъалаи муҳиме фикри шуморо фаҳмидан хоҳанд, дарҳол ҷавоб диҳед. Дар хусуси он ки мардум дар бораи шумо чӣ фикр доранд, тамоман парво накунед. Беҳтараш фикри саломатиро кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз хабарҳоеро мешунавед, ки барои пайдо шудани идея ва нақшаҳои нав имкон медиҳанд. Агар пеши нафаре гунаҳкор бошед, аз бахшиш пурсидан шарм надоред. Имрӯз мушкилиҳои гуногун думболи шуморо мегиранд. Хавотир нашавед, вазъият ба зудӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Муносибатҳоятон бо нафаре, ки дӯсташ медоред, дар ҳолати хуб қарор мегирад. Кӯшиш кунед, ки ҳангоми вохӯрӣ аз хотираҳои гузашта ёдовар шавед ва бо ин роҳ муносибати худро қавитар созед. Ҳақиқатро бояд гуфт, аммо имрӯз аз гуфтани ҳар ҳақиқат худдорӣ кунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз дар назди худ ҳадафҳои мушаххас гузоред ва то охири рӯз кӯшиш кунед, ки ба онҳо ноил шавед. Зеро давраи мусоид барои расидан ба ҳадафҳост. Ҳангоми ба сафар баромадан эҳтиёткориро аз даст надиҳед. Ҳамеша бо худ дорувориҳои даркориро гиред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД