Ҳамал (21 март-19 апрел)
Агар шумо то ҳанӯз танҳо бошед, имкони хубе барои пайдо кардани шахси муносиб дар наздикӣ фаро мерасад. Ҳама нақшаҳоятон пурсамар хоҳанд буд. Агар барои издивоҷ кардан омода набошед, шитоб накунед. Шояд вақти иваз кардани ҷои кор фаро расидааст. Аз хароҷоти зиёдатӣ худдорӣ намоед, вале рӯз дар маҷмуъ хуб хоҳад гузашт.
Савр (20 апрел-20 май)
Дар ин рӯз аз баҳсу низоъ дурӣ ҷӯед, дар акси ҳол зарараш бештар ба шумо мерасад. Дар кор ҷидду ҷаҳд нишон диҳед, пешравӣ кафолат дода мешавад. Дар масъалаи молиявӣ сарфакор бошед ва кӯшиш намоед, ки аз қарзҳо халос шавед. Барои саломатӣ машқҳои сабук муфиданд — онҳо рӯҳия ва қуввати шуморо бармегардонанд.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз вақти он расидааст, ки ташаббус нишон диҳед. Ҷашни кӯчак бо дӯстону наздикон шодии зиёд мебахшад. Дар қабул кардани қарорҳо ҷасур бошед. Бо роҳбар маслиҳат кардан ҷоиз аст, вале сирҳои шахсиро ба ҳар кас нагуед. Имрӯз имкони бурд доред — новобаста аз самти фаъолият. Эҳтиёт кунед, то буғзи дилатонро бар наздикон холӣ накунед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Рӯзи хубест барои шиносоии нав. Дар хона корҳои зиёд доред, вале беҳтар аст онҳоро бо сабру таҳаммул иҷро намоед, то аз низоъ бо ҳамсар эмин монед. Дар кор диққати роҳбарро ба худ ҷалб мекунед. Баъзе шартномаҳои қаблиро бозбинӣ кунед. Барои саломатӣ нигарон нашавед — имрӯз муҳити гарму дӯстона ба шумо нерӯ мебахшад.
Асад (23 июл-22 август)
Барои афроде, ки танҳо ҳастанд, имконҳои шиносоии нав меафзоянд, танҳо бояд фаъол бошед. Аз гуфтугузори носазо наранҷед, дӯстони воқеӣ ҳамеша бо шумоянд. Дар муҳити корӣ эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад, аммо натоиҷи хуб ба шумо муяссар хоҳад шуд. Беҳтараш аз хулосаҳои шитобкорона худдорӣ намоед. Тағйири обу ҳаво метавонад саломатиро зери таъсир қарор диҳад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Дар ҳама кор нақшаи дақиқ дошта бошед ва аз хатоҳо эҳтиёт кунед. Имкони нишон додани ҳунару маҳорат фароҳам мешавад. Хароҷоти ғайриинтизор имкон дорад, бинобар ин сарфаҷӯ бошед. Аз ғизои вазнин ва сафар ба бозор худдорӣ намоед, эҳтимоли фиреб вуҷуд дорад. Бо дӯстдоштаатон бештар вақт гузаронед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Дар муносибатҳои шахсӣ эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад. Бояд боэҳтиёт бошед, хусусан дар муомила бо ҷинси муқобил. Рӯзи серкор, вале пурсамар хоҳад буд. Дар иҷрои вазифаҳо эҳтиёт зоҳир кунед. Аз харидҳои бехирадона худдорӣ намоед. Саломатиро эҳтиёт кунед, варзиши шадид ва кори зиёд имрӯз барои шумо мувофиқ нест.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Дар муҳаббат тағйироти чашмрас танҳо бо кӯшиши шахсии шумо имконпазиранд. Вақти хубест барои танҳоӣ ва андеша. Аз ҳад зиёд ман-манӣ накунед, то ба ноумедӣ гирифтор нашавед. Беҳтараш қарзҳоятонро пардохт намоед, то сабуктар зиндагӣ кунед. Барои ҳифзи саломатӣ машқҳои сабук ва оромии рӯҳӣ муҳиманд.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Шакку гумонҳоро канор гузоред, онҳо метавонанд муноқиша ба бор оранд. Шомро дар муҳити орому зебо гузаронед. Барои татбиқи нақшаҳои калон ҳанӯз вақт нест. Ба маслиҳати одамони соҳибтаҷриба гӯш диҳед. Аз варзиш ва кори вазнин дурӣ ҷӯед, он метавонад ба саломатӣ таъсири манфӣ расонад.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Табъи нохушро аз худ дур созед ва бо муҳаббат ба дигарон муносибат кунед. Нафаре ба шумо фишор меорад, вале онро бо сабру тоқат пушти сар мекунед. Эҳтимоли ба вуҷуд омадани ихтилоф бо роҳбар вуҷуд дорад. Ҳодисаҳои нохуш метавонад хароҷоти зиёдеро ба бор оваранд. Аз ғизои вазнин канорагирӣ кунед, хӯроки сабук ва табиӣ бихӯред.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз инсони дӯстдоштаатонро хубтар мешиносед - ҳама чиз худ аз худ рӯй медиҳад. Барои хонаводаҳо рӯзи орому ҳамдигарфаҳмӣ аст. Иваз кардани ҷои кор тавсия дода намешавад. Баъзе фиребгарон метавонанд шуморо ба дом андозанд, эҳтиёт бошед. Дар муҳити корӣ эҳтимоли хиёнат аз тарафи нафаре вуҷуд дорад, ки ба ӯ бовар мекардед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Шахсе аз атрофиён нисбати шумо эҳсоси гарме дорад. Агар муҳаббати худро ёфта бошед, пас аз ишқбозӣ худдорӣ кунед. Вақти хубест барои ҳамнишинӣ бо оила. Дар кор шитоб накунед, ба ҷамъоварии маълумот машғул шавед. Имрӯз барои корҳои молиявӣ рӯзи муваффақ аст. Бо саломатӣ эҳтиёт бошед, варзиши зиёдатӣ лозим нест.