Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз ба муҳаббати худ посух мегиред ва дар дили шахси наздикатон гармӣ эҳсос мекунед. Барои ҳамсарон лаҳзаҳои гуворои пур аз ҳаяҷон пеш меояд. Бо вуҷуди ин, эҳтиёт шавед: наздикон метавонанд сабаби ихтилофи шумо ва дӯстдоштаатон гарданд. Агар вазифаи нав пешниҳод шавад, қабул намоед, шуморо тағйироти мусбат интизор аст. Бо одамон осон забон меёбед, гуфтушунидҳо натиҷа медиҳанд. Аз корҳои шубҳанок дур бошед. Ба саломатӣ диққат диҳед, махсусан ба ҳолати меъдаву рӯда.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз имкони пайдо кардани дӯст ё ҳамсафари ҳаётӣ зиёд аст. Рӯзро беҳтараш ба корҳои хона бахшед: тозакорӣ ё меҳнат дар замин ва ҳавои тоза рӯҳияро боло мебарад. Ҳар корро бо виҷдон анҷом диҳед, на барои таърифу худнамоӣ. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед, сарфакор бошед. Имрӯз вақти оромӣ ва неруҷамъкунӣ аст. Барои иҷрои нақшаҳои калон дертар фурсати муносиб фаро мерасад.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз эҳтиёт шавед: шитобкорӣ метавонад боиси хато карданатон гардад. Дар ҷодаи муҳаббат вақти муносиб барои расмӣ кардани муносибатҳо фаро расидааст. Қобилиятҳои эҷодӣ қавӣ мешаванд, шумо метавонед дар ҷодаи санъат муваффақ шавед. Барои ҷалби сарват роҳҳои гуногунро истифода баред, рӯҳафтода нашавед. Эҳтимол гулӯятон дард кунад, бо гиёҳоб табобат намоед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз ба саратон фикри ҷолиб меояд, беҳтараш онро ба шахси дӯстдоштаатон нақл кунед. Ӯ бо шавқ мешунавад ва шуморо дастгирӣ мекунад. Муносибатҳои хонаводагӣ ва гуфтугӯ бо наздикон самара мебахшад. Эҳтимоли шиносоии нав ва ҳатто оғозёбии муносибати ошиқона вуҷуд дорад. Дар кор оромӣ ҳукмфармост. Агар тавозун байни оила ва фаъолиятро нигоҳ доред, нақшаҳо зуд иҷро мешаванд. Хароҷоти калонро ба ҳафтаи дигар гузоред.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат имконоти нав пайдо мешавад ва шахсони танҳо талабгорони зиёде хоҳанд дошт. Рӯзро бо наздикон сипарӣ кунед, то барои ҳафтаи душвор қувват ҷамъ кунед. Барои эҷодиёт вақти беҳтарин фаро расидааст, илҳом ва неру зиёд мешаванд. Шиносоии нав метавонад барои пешрафт дар кор ва молия кумак расонад. Аз андешаҳои нохуши гузашта даст кашед, бо рӯҳияи мусбат зиндагӣ намоед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз шояд шахси ҷолиберо вохӯред, ки диққати шуморо пурра ҷалб мекунад. Боздиди дӯст ё туҳфаи азизон рӯҳияатонро боло мебардорад. Рӯз барои сафарҳо ва саёҳатҳои кӯтоҳ хеле мусоид аст. Барои соҳибкорон монеаҳо бо сабру таҳаммул ва андешаи дуруст ҳал мешаванд. Шомро ба истироҳат, саломатӣ ва неруҷамъкунӣ бахшед. Лаҳзаи оромӣ дар хона беҳтар аз сад амалиётҳои гаронбаҳо хоҳад буд.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз метавонад хоҳиши баргаштан ба муносибатҳои кӯҳна бедор шавад, аммо бояд аз иштибоҳоти гузашта ибрат гиред. Ба корҳои хона аҳамият диҳед: эҳтимол мушкили ногаҳонии маишӣ рӯй диҳад. Барои онҳое, ки дар соҳаи хизматрасонӣ кор мекунанд, рӯз бисёр муваффақ аст. Ҳангоми харид эҳтиёт кунед, баҳсу мунозира оқибати нек намеорад. Барои саломатӣ ғизои гарм ва дуруст муҳим аст.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз шахси дӯстдошта ба меҳру таваҷҷӯҳатон ниёз дорад, корҳои дигар метавонанд интизор шаванд. Шомро бо дӯстону наздикон сипарӣ кунед, ин ба оромии рӯҳ кумак мерасонад. Эҷодкорон неруи тоза пайдо мекунанд. Соҳибкорон метавонанд масъалаҳои муҳими молиявӣ ё сармоягузориро ҳал кунанд. Аз ашёи тез эҳтиёт шавед, хавфи ҷароҳат хӯрдан вуҷуд дорад. Варзиш ва ҳаракатҳои сабук барои саломатӣ фоидаовар аст.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз эҳтимол шахси наздик сардтар рафтор кунад, аммо бо муҳокимаи самимӣ вазъиятро беҳтар месозед. Беҳтарин роҳи ҳалли ихтилофҳо эътимоду гуфтугӯи ором аст. Аз кори иловагӣ ва сафарҳои хизматӣ рӯ нагардонед, онҳо ба манфиататон аст. Дар ҷойҳои серодам эҳтиёт шавед, хавфи дуздӣ зиёд аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз эҳтимоли сардии муваққатӣ дар ҷодаи муҳаббат вуҷуд дорад, вале он дер намепояд. Аз наздикон талаботи зиёд накунед, ҳар кас имконияти худро дорад. Бо одамони гуногун мулоқот мекунед: на ҳама суҳбатҳо гуворо хоҳанд буд, кӯшиш кунед асабонӣ нашавед. Дар гуфтушунид бо шарикони корӣ суханатон таъсирбахш мешавад, метавонед онҳоро ба тарафи худ ҷалб кунед. Аз саломатӣ нигаронӣ накунед, муҳити мусбат рӯҳияатонро баланд мебардорад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз имкони пайдо кардани муносибати ҷиддии дарозмуддат зиёд аст, агар шахси орзуҳоятонро вохӯред. Хаёлҳо ва орзуҳои шумо воқеият доранд, танҳо сабр ва саъй мехоҳанд. Агар вазифае ба шумо душвор афтад, рӯҳафтода нашавед, бо ҳар кас чунин мешавад. Аз шартномаҳои хавфнок ва сармоягузории хатарнок худдорӣ кунед, вагарна зиён мебинед. Аз кори сахт ва машқҳои вазнин дур бошед, то саломатиро ҳифз намоед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Ростқавлӣ ва шитобкорӣ метавонад боиси баҳс бо шахси наздик шавад. Баъзан беҳтар аст фикрҳои худро нигоҳ доред. Интиқодро камтар кунед, нармтар бошед. Имрӯз рӯҳияатон зуд тағйир меёбад, сабр лозим аст. Агар касе пул қарз пурсад, беҳтар аст рад кунед, чун барнагардонидан мумкин аст. Аз бардоштани бори вазнин худдорӣ кунед, вагарна саломатӣ осеб мебинад.