Vegapharm
ТОЛЕЪНОМАИ 6-УМИ МАЙИ СОЛИ 2021
2375

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Бо нафароне, ки ба меҳру муҳаббати шумо ниёз доранд, робитаи худро канда насозед. Ба саломатии худ диққат диҳед. Бегоҳирӯзӣ нерӯятон дучанду табъатон болида мегардад. Бо нафарони калонсоли оила муноқишаву низоъ накунед. Шумо ба истироҳати бофароғат ва дарозмуддат ниёз доред.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз танҳо нақшаву ниятҳоеро ба дӯш гиред, ки аз ӯҳдаашон мебароед ва онҳоро ҳатман то охир расонед. Гӯш кардани мусиқии таскинбахш, маҳси бадан ё дар ҳавои тоза сайр кардан рӯҳатонро болида мегардонад. Барои ба сафар баромадану қабули меҳмон ва ба меҳмонӣ рафтан рӯзи мусоид аст.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Тамоми нақшаву ниятҳое, ки дар ин рӯз доред, амалӣ мегарданд. Эҳтимол, барои ҷалб сохтани атрофиён андаке ба муболиға роҳ медиҳед, ки ақидаҳоятон самараи хуб медиҳанд. Имкони ба даст овардани маблағ вуҷуд дорад. Шиносоии ҷавзоҳои муҷаррад ба муҳаббати бузург мубаддал мегардад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав ва саёҳат кардану қабули меҳмонон. Хушчақ-чақӣ, дилрабоӣ ва ақидаҳои беназиратон боиси муваффақиятҳо дар ояндаатон мегарданд. Дар хоб дидани муноқишаву баҳс аз бурбдорӣ дарак медиҳад. Ба гапҳое, ки дар бораи дӯстдоштаатон мешунавед, бовар накунед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз нисбати волидон ва калонсолони оилаатон ғамхорӣ зоҳир намоед. Хислати шуморо атрофиён хеле бо душворӣ таҳаммул мекунанд. Фаромӯш насозед, ки рӯзе неши ақраб бар худаш низ таъсир мерасонад ва ҳама чизро барбод медиҳад. Аз пайи амалӣ сохтани нақшаҳое шавед, ки хатарнок набошанд.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз аз муноқишаву низоъ худдорӣ намоед. Ҳар қадаре шумо фаъол бошед, ҳамон андоза мушкилиҳоятон зиёд мегарданд. Ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, рӯдаву меъдаатон дар ин рӯз заиф мегардад. Рӯзи хубест барои бастани ақди никоҳ. Кӯшиш намоед, ки қувваву пул ва вақти худро беҳуда сарф накунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз ҳодисаҳои гуворо ва шиносоии ногаҳонӣ дар назар аст. Тағйиротҳое, ки дар ҷойи кор рух медиҳанд, дар аввал табъатонро хира месозанд, вале набояд заррае хавотир шавед. Дар касбу кор муваффақ мешавед, вале қаноатманд намегардед. Барои оғози тиҷорат ва савдои хурд рӯзи мусоид аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз хеле эҳтиёткор бошед. Дар ҷои кор ба ғалат роҳ надиҳед, то ки роҳбарият ё ҳамкорон эрод нагиранд. Рафтори ғайриодии шумо ба атрофиён нофаҳмо мегардад. Одати аз пашша фил сохтанатон шуморо ба хулосаҳои саросемавор меоранд. Дар хона эҳтимоли рух додани муноқиша калон вуҷуд дорад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз бо мушкилиҳое, ки кайҳо фаромӯш карда будед, аз нав рӯ ба рӯ мегардед. Акнун ин мушкилиҳо аз нав сар зада, табъатонро хира месозанд. Аз шиносоиҳои ошиқона худдорӣ намоед, вагарна аз нобарориҳои рӯзҳои наздик халосӣ намеёбед. Дар масъалаҳои пулӣ ба маслиҳати атрофиён гӯш диҳед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз аз муноқиша ва баҳсу мунозира дурӣ ҷӯед. Бо нафаре шинос шудану оиладор шуданро маслиҳат намедиҳем. Агар имрӯз бо нафаре низоъ кунед, баъдан оштӣ шуданатон душвор мегардад. Тағйир ёфтани вазъи ҳаво ба саломатии нафароне, ки бемории фишорбаландӣ доранд, беасар намемонад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав ва сайру саёҳат. Муносибати некатон нисбати атрофиён боиси комёбиҳо дар оянда мегардад. Парешонхотирӣ ва бо як кор машғул нашуданатон дар касбу коратон мушкилӣ пеш меорад. Нӯшидани машруботро маслиҳат намедиҳем. Дар атрофи дарё сайр кардан хуб аст.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ҷодаи касбу кор пешравӣ имкон дорад, вале нуқтаи назари худро аз дигарон боло нагузоред, вагарна ба ғалате роҳ медиҳед, ки бар асари он маблағи зиёдсё обрӯву нуфӯзатонро аз даст медиҳед. Барои ба дили дӯстдоштаатон роҳ ёфтан гапи дурӯғ мегӯед, вале эҳтиёт шавед, ки худатон фиреб нахӯред.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД