arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 6-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2021
3592

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи душвор аст. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, аз шумо қувваву нерӯи зиёд талаб мекунад. Эҳтимоли асабоният ва камқувват шуданатон зиёд аст. Хавотирӣ ва худро ба даст гирифта натавонистан вазъиятро чиғилтар месозад. Барои аз вазъияти баамаломада берун шудан кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд.  

Савр (21 апрел-20 май)

Нафаронеро, ки ҳамкорӣ ва эътимоди зиёд доред, нағзакак санҷиданатон лозим меояд. Ба нозу нузи дӯстдоштаатон диққат надиҳед, вагарна умре нозбардораш мегардед. Ҳатман парҳезро риоя намуда, аз хӯрдани ширинӣ ва хӯрокҳои хамирӣ худдорӣ намоед. Бегоҳирузӣ барвақттар ба ҷогаҳи хоб дароед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Шумо хеле нафари одамшинос ҳастед, вале ин истеъдоди зотиятон имрӯз шуморо фиреб мекунад. Бо нафароне ҳамнишин мегардед, ки нияти фиреб кардани шуморо доранд. Хоби дар ин шаб дидаатон баъди чанд рӯз амалӣ мегардад. Агар аз пайи ҳавову ҳавас гардед, бисёр чизҳои пурқиммати худро аз даст медиҳед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар қобилиятҳои худро ба назар нагиред, ба доми макру фиреб меафтед. Бо нафарони бад ҳамроҳ шуда, ба ғалатҳои зиёде роҳ медиҳед. Табъи худро идора намоед, вагарна то охири рӯз ба вазъиятҳои пурмоҷаро гирифтор мешавед. Нофаҳмиҳои хурд дар ҷодаи муҳаббат имкон дорад.  

Асад (23 июл-22 август)

Барои рафъи мушкилиҳои пулӣ рӯзи мусоид аст. Имкони беҳтар сохтани вазъи молиявии худро пайдо мекунед. Мутаассифона, на ҳамаи асадҳо чунин имкониятро ба даст меоранд. Агар вазъиятро ба зудӣ рафъ насозед, дар ҳоли ногувор қарор мегиред. Вохӯрии тасодуфӣ бо собиқ дӯстдоштаатон нақшаҳоятонро тағйир медиҳад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дуру дароз андеша накарда, ташаббус нишон диҳед. Таҷрибаву малакаи боятон диққати ҳамкорони арзандаро ҷалб месозад. Дар ин рӯз ба маслиҳати касе гӯш надиҳед, танҳо ба қувваи худ умед бандед. Нисбат ба саломатии худ бодиққат бошед, парҳезро риоя намуда, бештар оббозӣ кунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи бобарор аст, имкони ба даст овардани манбаи нави даромадро пайдо мекунед. Ҳангоми рондани мошин ва кор бо асбобҳои барқӣ боэҳтиёт бошед. Хатари ҷароҳат бардоштанатон имкон дорад, қоидаҳои роҳро риоя намоед. Мизонҳое, ки аз саломатӣ шикоят доранд, аз пурхӯриву майнӯшӣ худдорӣ карданашон лозим аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз роҳҳои нави пулкоркуниро пайдо месозед, вале дар натиҷа ба вазъияти душворе гирифтор мешавед. Ҳамкорони нав ё пуштибони воломақом пайдо мекунед. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ корҳои нотамомро ба анҷом расонед. Аз муноқишаҳое, ки боиси зарар ёфтани касбу кор мегардад, дурӣ ҷӯед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз ба саломатии худ бодиққат бошед. Ҳангоми харид кардани воситаҳои косметикӣ ва доруворӣ фориғболӣ накунед. Инчунин, ҳангоми истеъмоли хӯрок ба маҳсулоти дохили он диққат диҳед. Эҳтимоли заҳролудшавии узвҳои ҳозима вуҷуд дорад. Шом хабаре мешунавед, ки боиси ба таъхир гузоштани сафар мегардад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ба роҳ набароед, бо корҳое, ки бо сафарҳо алоқамандӣ доранд, машғул нашавед, ҳатто дар дохили шаҳр сафарро кам кунед. Ҳангоми кор бо асбобҳои барқӣ эҳтиёткор бошед. Барои қабули меҳмонҳои ногаҳонӣ омода бошед. Саломатиятон дар ин рӯз аз худи шумо вобастагӣ дорад. Дӯстдоштаи худро муддати дароз танҳо нагузоред.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Кореро, ки дар ин рӯз оғоз мекунед, ҳатман ба охир расонед. Нисбати ҳар як пешниҳоду тавсияҳо бодиққат бошед, хатари фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Аз ашёҳои нӯгтезу халанда ва ҳашаротҳо дурӣ ҷӯед. Дар хоб дидани оби ифлос фоли бад аст. Саломатиятон хуб аст, вале нишонаҳои шамолкаширо беэътибор намонед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи бобарор аст. Манбаи нави даромадро пайдо мекунед. Бо кӯмаки ҳамкорони нав ё нафарони воломақом аз вазъияти душвор берун мебароед. Қабл аз он ки изҳори муҳаббат мекунед, ба дӯстдоштаи худ хубтар зеҳн монед. Маблағеро, ки имрӯз ба даст меоред, зуд сарф мекунеду бепул мемонед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД