Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 5-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2021
3420

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ба шумо тавсия медиҳем, ки ҳадди худро дониста, бо ҳар кас даст ба гиребон нашавед. Поятонро ба андозаи кӯрпаатон дароз кунед. Ҳамалҳои худпараст шикасти сахт мехӯранд ва ин барояшон дарси ибрат хоҳад буд. Муш ба якчанд ҳуҷҷати муҳими шумо зарар мерасонад. Онҳоро дар ҷои амнтар гузоред.  

Савр (21 апрел-20 май)

Аз беэҳтиётӣ дар хона сар задани сӯхтони на он қадар бузург эҳтимол дорад. Агар қоидаҳои бехатариро риоя кунед, шояд ҳеҷ ҳодисаи нохуше рух надиҳад. Дар нӯшидани қаҳва меъёрро нигоҳ доред, зеро аз рӯи гуфтаи олимон, аз меъёр зиёд нӯшидани қаҳва одамро бармаҳал кал мекунад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Тиҷорататон барор намегирад ва шумо алами Исоро аз Мӯсо гирифтан мехоҳед, ки ин рафторатон тамоман нодуруст аст. Пеш аз оғози ҳар кор бояд ҳама паҳлӯи онро санҷида бароед. Сармояи хориҷӣ ҷалб карда, худро аз вартаи нобудшавӣ берун оварда метавонед. Ба кор дода шуда, оилаи худро аз хотир набароред.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Саратонҳои оиладор имрӯз худро хушбахт ҳис мекунанд. Нафарони дар ҷодаи ишқ саргардон бахти худро имрӯз ҳам пайдо карда наметавонанд. Дағалӣ карда, ҳамкоронро ба худ душман накунед. Шомгоҳон ба тамошо бароед ва дар ҳавои тоза сайр кунед. Барои фикр кардани идеяҳои нав айёми муносиб аст.  

Асад (23 июл-22 август)

Андешаҳои бузургонро шиор карда, ба амалҳои бад даст назанед. Агар ба иҷрои коре майл надоред, пас барои амалӣ кардани он худро маҷбур накунед. Аз меъёр зиёд истеъмол кардани ғизо шуморо ба дарди меъда гирифтор мекунад ва то ба фарбеҳшавӣ оварда мерасонад. Ин одати худро зудтар тарк кунед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Шиносоиҳои нав дар ин рӯз бобарор анҷом намеёбанд, чунки шумо бо хотири парешон ба вохӯрӣ меравед ва ин боиси ранҷиши ҷинси муқобил мешавад. Агар занҳо дар хона бимонанду мардҳо бо дӯстон ба саёҳат бароянд, барои ҳарду тараф хуб мешавад. Зиёрати маконҳои муқаддасро ба шумо тавсия медиҳем.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Баъзе аз мизонҳо имрӯз соҳиби фарзанд мешаванд. Интихоби ном дар ҳаёти ҳар як кӯдак нақши муҳим мебозад. Бо тавсияи ситораҳо имрӯз аз истеъмоли меваҷот парҳез кунед, то ба беморие гирифтор нашавед. Танбалу коргурез шудаед. Агар ҳол ҳамин гуна идома ёфтан гирад, ҳама чизро аз даст медиҳед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Вазъият хеле нозук аст ва аз шумо кордониро талаб мекунад. Барои ба итмом расонидани кори худ кори дигаронро ба таъхир нагузоред. Аз хӯрдани яхмос ва обҳои сахтгазноккардашуда худдорӣ кунед ва агар имкон бошад, барои ҳамеша даст кашед. Ақрабҳои ҳомиладор бояд дар фикри тифли батнашон бошанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Аз даргузашти шахси наздикатон то дер ба худ омада наметавонед. Ин ба кору нақшаҳои ояндаи шумо таъсири бад мерасонад. Худро эҳтиёт кунед ва оби хунук нанӯшед, зеро эҳтимоли гирифторшавӣ ба зуком вуҷуд дорад. Агар нишонаҳои бемориеро дар худ пай бурдед, ҳатман ба ёрии таъҷилӣ занг занед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Маошатонро гирифта, дарҳол ҷониби бозор ё мағоза надавед, зеро хариди беҳуда кардатон мумкин аст. Дар хона чизҳои лозимиро рӯйхат кунед ва баъдан ба бозор равед. Ҷаддиҳои муҷаррад имрӯз низ бахти худро пайдо карда наметавонанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки бахт ба рӯи шумо намехандад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз ба ҷое сафар мекунед, ки дер боз дар орзуи диданаш будед. Телефони ҳамроҳатонро муваққатан хомӯш кунед ва аз табиати нотакрори макони сафаркардаатон ҳаловат баред. Зиндагӣ танҳо имрӯз нест, рӯзҳои дигарро низ ба назар гирифта, дар харҷи маблағ сарфакор бошед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Мушкилиҳое, ки ба сари шумо омада буд, дар ин рӯз ҳалли худро меёбанд. Барои муносибатҳои ошиқона ва интихоб кардани ҳамсафари ҳаётӣ рӯзи бобарор аст. Аз боварии дӯстонатон мебароед ва ин нофаҳмиву дилхунукиро ба миён меорад. Гуноҳ аз ҷониби шумо бошад, аз узр пурсидан шарм надоред.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД