Ҳамал (21 март-20 апрел)
Аз имрӯз зиндагии шахсии шумо рангоранг ва шавқовартар мешавад. Камбудиҳои худро ба гардан гиред ва ҳарчи зудтар ислоҳ кунед. Хоксор ва бахшанда бошед, аз баҳс ва ҷанҷол канорагирӣ кунед. Корҳое, ки субҳ оғоз мекунед, самараи хуб хоҳанд дод. Вақте ки мушкилоти молӣ асабатонро хароб мекунад, каме фосила гиред, ҳар гуна амали ноандешида метавонад ба зиён оварда расонад. Барои ором кардани асабҳо ба ҳавз ё машғулиятҳои варзишӣ рӯ оваред.
Савр (21 апрел-21 май)
Шахси наздик шуморо бо як сюрпризи гуворо шод мекунад. Муносибати ошиқонаи шумо ояндаи хуб дорад. Дар хонавода корҳои таъмирӣ ё кӯчбандӣ пеш меояд. Ниятҳои имрӯзатон ба эҳтимоли зиёд амалӣ мешаванд, вале бо роҳбар ё шарикон нофаҳмиҳо имкон доранд. Ниҳоят, шумо кумаке мегиред, ки муддатҳо интизораш будед ва орзуҳои деринаро амалӣ мекунед. Ба наздикон бештар аҳамият диҳед, шояд яке аз онҳо худро бад ҳис кунад.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Дар ҷодаи ишқу муҳаббат оромӣ ҳукмфармо аст. Шахсе шуморо дӯст медорад, аммо ҷуръати изҳори муҳаббат карданро надорад. Имрӯз шояд бо наздикон нофаҳмиҳо пеш оянд, вале шумо инро ба дил наздик қабул намекунед. Рӯзи серташвиш аст, ҳатто корҳои ҳаррӯза ба назаратон душвор менамоянд. Бо вуҷуди ин, руҳбаланд бошед ва ба сӯи ҳадаф ҳаракат кунед. Аз хариди ашёҳои гарон худдорӣ намоед, шояд ин танҳо хоҳиши яклаҳзаина бошад. Ғизои шубҳанок нахӯред, то меъдаатон азият накашад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Баъзе ҷузъиёти шахсиро беҳтар аст аз калонсолони хонадон пинҳон доред. Муносибат бо дӯстдоштаатон гармтар мешавад. Роҳбаратон ба маҳорати шумо бовар дорад ва вазифаҳои муҳимро бовар мекунад. Барои як муддат дар бораи пул фикр накунед, вале ҳамеша эҳтиёткор бошед. Варзишро фаромӯш накунед: аз роҳгардӣ сар кунед, баъд, агар саломатӣ иҷозат диҳад, ба дави сабук ё ҳавз гузаред.
Асад (23 июл-23 август)
Рӯзи пур аз муҳаббат ва ошиқона пешбинӣ шудааст. Бигзоред муҳаббат ба зиндагиятон ранги тоза бахшад. Аз ҳад зиёд фахр кардан ё бо ифтихор ба дигарон гуфтани пешравиҳои худ лозим нест. Имрӯз фурсати хуб аст, то бо дӯстони ҳамфикр мулоқот кунед ё мушкилиҳоро ҳал намоед. Шиносоии ғайричашмдошт метавонад роҳи наве пешатон боз кунад, вале шитоб накунед. Саломатӣ устувор мемонад ва натиҷаи табобатҳо низ мусбат хоҳад буд.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Агар аз дӯстдоштаатон ягон тағйиротро интизор бошед, сабру таҳаммулро пеша намоед. Нафарони муҷаррад ишқи кӯтоҳмуддатро аз сар мегузаронанд. Агар ҳама корро аз рӯи нақша иҷро намоед, ба натиҷаҳои хуб мерасед. Аз душвориҳо натарсед, танҳо дудилагӣ метавонад шуморо боздорад. Касонеро, ки дар гузашта шуморо ранҷонда буданд, бубахшед, ин ба оромии дилу рӯҳи шумо фоида меорад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Занҳои танҳо шояд ба зудӣ ошиқ ёбанд, вале ин робита кӯтоҳмуддат мешавад. Агар нияти хариди калон дошта бошед, пеш аз ҳама бо аҳли оила маслиҳат кунед, бахусус бо касоне, ки бештар ба хона пул меоранд. Имрӯз эҳтимоли баҳс бо дигарон зиёд аст, пас кӯшиш кунед аз мулоқот бо одамони асабхароб худдорӣ намоед. Пулро сарфакорона истифода кунед, шояд ба зудӣ маблағи калон лозим шавад. Ба зиндагӣ бо каме шӯхӣ нигоҳ кунед, рӯйдодҳоро зиёд ҷиддӣ қабул накунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Саҳар асабатон харобу табъатон гирифта аст, вале пас аз сӯҳбат бо дӯстдоштаатон ҳама чиз хуб мешавад. Дар корҳои хона кӯмак кунед, подошашро мебинед. Имрӯз бо ҳамкорон ва шарикони корӣ ба осонӣ ба созиш расидан душвор аст, пас мулоқотҳои муҳимро ба дигар рӯз гузоред. Манбаи асосии даромади пулӣ корҳои иловагӣ мешавад, ҳарчанд шояд маош каме дер шавад. Иммунитетро тақвият диҳед, ҳатто агар саломатиатон хуб бошад ҳам, фоида мекунад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар муносибатҳои ошиқона тағйироти мусбӣ эҳтимол дорад, бисёриҳо метавонанд ҳамсар ёбанд. Имрӯз дар касбу кор имкониятҳои нав пайдо мешаванд, дар якборагӣ чанд корро иҷро кунед. Роҳбарият шуморо дастгирӣ мекунад; эҳтимоли гирифтани мансаби нав ё мукофотпулӣ вуҷуд дорад. Рӯз барои истироҳат ва рафтан ба тӯю маъракаҳо хуб аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Қадами аввалро гузоред, ҳатто агар душвор бошад, пушаймон намешавед. Бо дӯстдоштаатон самимона сӯҳбат кунед. Рӯз барои анҷоми корҳои таъхирёфта хеле мусоид аст. Субҳ барвақт ба кор равед ва вақти худро беҳуда сарф накунед, корҳои шумо хуб пеш хоҳанд рафт. Вазъи пулӣ устувор мемонад, вале сарфакорӣ беҳтар аст. Ба стресс роҳ надиҳед, то аз бехобӣ эмин бошед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Эҳсосоти нав ба шумо лозим аст, агар озод бошед, шояд сахт ошиқ шавед. Дар муносибот бо наздикон беҳтараш созиш кунед, на баҳс. Дар ҷои кор қадрдонӣ мешавед ва метавонед мукофотпулӣ гиред, аммо болоравии мансаб эҳтимолан дертар мешавад. Аз хароҷоти калони нолозим худдорӣ намоед, мумкин аст давраи ноустувории молӣ фаро расад. Шомро бо душ ҷамъбаст намоед, то хастагиву фикрҳои бадро бишӯед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Эҳтимол шуморо ба базм ё чорабинӣ даъват мекунанд, рад накунед, шояд муҳаббати навро пайдо намоед. Аммо дар айни замон, корҳои ҳаррӯза ва масъалаҳои ҳалнашуда вақтатонро мегиранд. Аз хароҷоти калон худдорӣ намоед, хатари хариди ашёи нолозим зиёд аст. Имрӯз ронандагон бояд бисёр эҳтиёт кунанд, то аз хатар эмин монанд.