new banner new years
ТОЛЕЪНОМАИ 5-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2024
2065

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи пурҳаводис хоҳад буд. Камбудиву мушкилоти рӯзгор аз шумо нерӯву диққати зиёдро талаб мекунанд. Баъзе таҷҳизот ё асбоби рӯзгорро таъмир кардан ё аз нав харидан лозим меояд. Рӯзи хубест барои муошират бо ҳамсояҳо ва бартараф сохтани мушкилиҳои ночиз. Бегоҳирӯзӣ истироҳат кунед ё бо машғулияти мехостаи худ машғул шавед.

Савр (21 апрел-22 май)

Шумо бояд ба вазъи молиявии худ диққат диҳед. Кӯшиш намоед, ки пули барқ ва дигар намуди хизматрасониҳои манзилиро сари вақт пардохт намоед. Эҳтимоли хароҷоти ногаҳонӣ карданатон лозим аст. Аз сиру асрори нафаре воқиф гаштанатон имкон дорад. Бегоҳирӯзиро беҳтараш сари дастархон бо аҳли оила гузаронед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз бояд нисбати саломатӣ бештар диққат зоҳир намоед. Бо кори зиёд худро хаста накунеду бештар истироҳат намоед. Рӯзи хубест барои сайругашт дар ҳавои тоза ва сафарҳои кутоҳмуддат. Дидор бо дӯстони дерин табъатонро болида месозад. Дар оила муноқишаву нофаҳмӣ имкон дорад, кӯшиш кунед, ки наздиконро наранҷонед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Шуморо лозим аст, ки хонаву дари худро ба тартиб дароварда, либосу ҷиҳози куҳнаро партоед. Баъзе мушкилиҳое, ки вақтҳои охир шуморо мушавваш месохтанд, роҳи ҳалли худро меёбанд. Дар утоқҳои кондитсионердор хоб рафтанро тавсия намедиҳем, эҳтимоли шамол хӯрданатон зиёд аст. Ба дӯстдоштаи худ бештар меҳрубонӣ кунед.

Асад (23 июл-23 август)

Рӯзи пур аз рӯйдод аст. Эҳтимол дар ҷои кор ба дӯшатон уҳдадориҳои нав бор мегардад. Аз нишон додани ташаббус ва ба дӯши худ гирифтани бори масъулият натарсед. Бо нафароне шинос мешавед, ки аз таҷрибаи кору зиндагияшон омӯхтанатон лозим аст. Дар муносибатҳои ошиқона сюрпризро интизор шавед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар касбу кор душвориҳо сар мезананд. Дар танҳоӣ аз уҳдаи кори зиёде баромаданатон лозим аст. Ба камбудиву ғалатҳои худ чашм напушед, балки аз пайи ислоҳ шавед. Ба саломатӣ диққати хоса диҳед, аз одатҳои бади худ даст кашед. Бояд аз хоб сер шавед, он гоҳ худро хуб ҳис мекунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи бобарор хоҳад буд. Аз пайи анҷом додани корҳое шавед, ки вақтҳои охир аз шумо нерӯи зиёд талаб мекарданд. Рафтору кирдори беандеша ба саратон мушкилоти зиёде меорад. Аз ин рӯ, қабл аз кореро кардан, хуб андеша намоед. Аз дӯстдоштаи худ меҳрубонӣ талаб накунед, агар муносибатҳоятон сард шуда бошад, сабабашро аниқ намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Бояд ба муносибатҳои ошиқонаи худ диққати хоса зоҳир намоед. Агар вақти холӣ пайдо намоед, ҳатман онро бо шахси бароятон азиз гузаронед. Ба нафаре, ки дар наздатон дигаронро ғайбат мекунад, сири дилатонро бовар накунед. Ба хӯроки мехӯрдаи худ диққат диҳед, фаромӯш насозед, ки саломатиро бо ганҷи дунё харида намешавад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи серташвиш аст. Корҳоятон зиёд мегардад, кӯшиш намоед, ки вақтро беҳуда нагузаронида, барои истироҳат низ вақт ҷудо намоед. Аввали рӯз эҳтиёткор бошед. Баъзе ғалату камбудиҳо табъатонро хира месозанд, вале баъди чанде вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Бояд ба вазъи молиявии худ диққати хоса зоҳир намоед. Эҳтимол сарчашмаҳои нави даромадро пайдо карданатон лозим меояд. Барои харид кардан рӯзи бобарор аст. Мушкилиҳое, ки вақтҳои охир ташвишатон медоданд, роҳи ҳалли худро меёбанд ва ташвишу изтиробатон камтар мегардад. Ҳодисаҳои ногаҳоние, ки дар оилаатон сар мезананд, муносибати шуморо бо наздикон беҳтар месозанд.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз диққати бештари худро ба саломатӣ равона созед. Хӯроки сабук истеъмол намуда, бештар дар ҳаракат бошед. Рӯзи хубест барои истироҳат дар гӯшаи табиат. Духтаронро лозим аст, ки аз ҳад зиёд содаву зудбовар нашаванд. Нисбати бемориҳое, ки аз худ дарак медиҳанд, бепарвоӣ зоҳир накунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Аввали рӯз ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки табъатон хира мегардад. На ҳам кор табъи дили шумо сурат мегирад ва ин боиси асабӣ шуданатон мегардад. Эҳтимол бо наздикону пайвандон ё дӯстон муноқиша мекунед. Баъзе камбудиҳои ночизе, ки шумо қаблан диққат намедодед, сабабгори нофаҳмиҳо мегарданд. Дар ин рӯз бо одамони камгап дучор меоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД