arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 5-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2024
2057

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Якранг сипарӣ гардидани ҳаёт шуморо дилгир кардааст. Дил ҷӯёи навгонист, аммо чӣ гуна ба он расиданро намедонад. Ба назар чунин мерасад, ки шахсе шуморо ба хубӣ, ба қавле бе сухан дарк карда истодааст, аммо ғофил набошед, эҳтимол вай бадхоҳи шумост. Аз пурхӯрӣ ва истеъмоли ғизои носолим худдорӣ намоед. Суҳбати самимӣ сари як пиёла чой бо наздикон ба манфиати шумо хоҳад буд.

Савр (21 апрел-22 май)

Иродаи қавӣ ва сабр барои ба мақсад расиданатон кумак мерасонанд. Барои барқарорсозии робита бо шарикони корӣ фурсати муносиб аст. Эҳтимоли шиносоӣ бо шахсе, ки ҳамкорӣ бо ӯ орзуятон буд, вуҷуд дорад. Табъатонро болида нигоҳ доред, то саломатиатон низ хуб бошад. Дар муошират бо ҳамсар ва дигар аҳли хонавода аз тундгӯӣ парҳез намоед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Қобилияти худмуҳофизатии ҷисматон заиф гаштаасту эҳтимоли бемор шуданатон зиёд аст. Аз ҷойҳои серодам дур бошед. Нофаҳмиҳо дар оила шуморо руҳафтода кардааст, агар каме ботаҳаммултар шаведу нуқтаи назари наздиконро гӯш кунед, мушкилотатон ҳал мешавад. Аз имзои ҳамагуна ҳуҷҷатҳо худдорӣ намоед, беҳтар аст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ба эҳсосот дода нашавед, дар гирифтани тасмимҳо шитобкорӣ накунед. Танҳо дар ҳамин ҳол натиҷаи дилхоҳро ба даст хоҳед овард. Кумак ва фаҳмиши маънавӣ аз ҷонибе мерасад, ки тамоман чашмдор набудед. Гардиш дар ҳавои тоза ва каме машқи ҷисмонӣ баҳри рафъи бедорхобӣ кумаки хуб хоҳад буд. Сабаби беаҳамиятии наздикон ба шумо на бемеҳрӣ, балки серкории онҳост. Корҳои оғозкардаатонро ба анҷом норасонида, кори ҷадидро пеш нагиред, ки муваффақ нахоҳед шуд.

Асад (23 июл-23 август)

Тамоми рӯз серташвиш ва банди корҳои гуногун мешаведу ягонтояшро ба анҷом расонида наметавонед. Шӯхиҳои бемавриди наздикон боиси асабоният мешавад. Аз масрафҳои беҳуда худдорӣ намоед, зеро ба зудӣ барои кори муҳиме маблағ лозим мешавад. Истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ба саломатиатон зиёни зиёд меорад. Муҳаббат ва самимияти аъзои хонавода боиси хушҳолии шумо хоҳад гашт. Аз баҳс бо ҳамсаратон канораҷӯӣ кунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Ҳама гапро ҷиддӣ қабул мекунед, ҳатто ҳазл ва хушгӯии атрофиён ба шумо сахт мерасад. Эҳтиёт бошед, муноқишаи хурде метавонад ба душмании якумра мубаддал гардад. Аз додан ва гирифтани қарз худдорӣ намоед. Хариди калон низ ба манфиати шумо нахоҳад буд. Ҷисматон ба варзиш ниёз дорад. Барои меҳмонӣ рафтан ё ба меҳмонӣ даъват кардан рӯзи хубест. Фурсати он расидааст, ки кинаро аз дил бароред.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз бе сабаб асабӣ ва рӯҳафтода хоҳед шуд. Дастгирии маънавии дӯстдоштаатон ба шумо зарур хоҳад буд. Барои солимии мӯйҳоятон хӯрокҳои серғизо ва равғани растанӣ истеъмол кунед. Дар муомила бо фарзандон ба садои дилатон гӯш диҳед, хато намекунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Барои вохӯрӣ бо шахсе, ки дербоз якдигарро надидаед, рӯзи хуб аст. Бо осонӣ дар дилу дидаи атрофиён ҷойгузин мешавед. Даромади пулӣ эҳтимол дорад. Хабари хуше дар мавриди дӯстдоштаатон ё муносибатҳоятон хоҳед шунид. Агар дар фикри тағйир додани зиндагиатон ҳастед, пас вақти муносиб аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Зудбовариатон метавонад ба мушкилоти ҷиддие оварда расонад, эҳтиёт бошед. Ба ҷузъиёте, ки дар назари аввал ночиз менамояд, аҳамияти бештар диҳед. Ҳатман ба назди духтури дандон равед, то мушкилоти хурдатон ба бедандонӣ оварда нарасонанд. Муносибатҳоятон бо шахсе, ки бароятон азиз аст, шигифтангез буда, намефаҳмед, ки ин дӯстӣ аст ё ошиқӣ.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Нимаи дуюми рӯз ба вохӯрии ошиқона даъват шуданатон мумкин, лекин он чандон романтикӣ нахоҳад буд. Барои хароб нашудани асабҳоятон аз доруҳои оромбахш истифода баред. Бо ҳамсаратон мисли прокурор дар додгоҳ муносибат накунед, кӯшиш кунед, ки худро дар ҷойи ӯ тасаввур кунед ва сабаби чунин рафтор карданашро дарк хоҳед кард.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ҳама кор ба эҳсосот бовар кунед, ғалат намекунед. Ҳарчанд рафторатон ба атрофиён аҷиб менамояд, лекин шумо дар роҳи дурустед. Саломатиатон дар ҳоли барқароршавист. Имрӯз бо яке аз ақрабои наздикатон, ки пеш аз ин тоқати диданашро надоштед, оштӣ мешавед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз аз корҳои ҷисмонӣ, истеъмоли хӯрокҳои бадҳазм ва нӯшокиҳои сарду газнок даст кашед. Бештар хоб кунед, зеро хоб истироҳати хуб барои организм аст. Шавқу ҳавасатон ба муҳаббати ҳақиқӣ мубаддал гаштааст, шак накунед, дар интихоби бахти худ хато накардаед. Бо наздикон дағалӣ накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД