Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз Шумо бояд ба рафтори душманон чашм пӯшида, ба фикри худ амал кунед. Рӯзи бобарорест барои гузаронидан бо дӯстон. Барои ҳал шудани баъзе масъалаҳое ки Шуморо дер боз ташвиш медиҳанд, аз маслиҳати дӯстон истифода кунед. Исрофкор бошед.
Савр (21 апрел-20 май)
Миёни Шумо ва ҳамсаратон вақтҳои охир нофаҳмиҳо шуда истодааст. Инро ба дӯши ҳеҷ кас бор накунед, зеро сабабгори ҳамаи ташвишҳо худи Шумо мебошед. Ҳангоми ба мағоза даромадан фикри кисаатонро низ кунед дӯсте ки аз Шумо қарз гирифта ғайб зада буд пайдо шуда, ними маблағатонро бармегардонад. Меҳрубонтар бошед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Вақтҳои охир аз рӯи қовоқи Шумо меҳри чанде аз дӯстонатон коста шудааст. Барои дубора ба даст овардани дили дӯстон бо онҳо меҳрубонтар бошед. Барои кӯдаконатон вақт ҷудо кунед. Рӯзи хубест барои амалӣ кардани нақшаҳои чандҳафтаина. Барои сайругашт рӯзи хубаст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Шумо шояд пай бурда бошед, ки вақтҳои охир камқувват шудаед. Бинобар ҳамин барои аз нав пайдо шудани қуввататон ба Шумо маслиҳат медиҳем хӯрокҳои серғизо истеъмол кунед. Ба варзиш машғул шуданро низ ситораҳо айни муддао медонанд. Бо ҳамсаратон муросо кунед. Айб аз ҳарду ҷониб аст.
Асад (23 июл-22 август)
Асадҳоро мебояд ин ҳафта ба намуди зоҳирии худ аҳамияти хоса диҳанд. Хунук шудани ҳаво ба саломатии Шумо бетаъсир нахоҳад монд. Барои аз нав ёфтани дили дилбари худ кӯшиш кунед. Дағалиатон боис шуд,ки Шумо ҷудо шавед. Муносибати ошиқонаи Шуморо бисёриҳо ҳавас мекунанд. Бо падару модар зиёдтар вақт гузаронед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз барои Шумо рӯзи бобароре нест, зеро чанде аз корҳоятон хуб анҷом намеёбанд. Меҳри бародаронаи худро дубора барқарор кунед. Ба хонумҳои сунбула тавсия дода мешавад, ки дугонаҳои худро дар рӯзи истироҳат хабар гиранд. Нафаре сахт муштоқи Шумо шудааст, вале инро нишон намедиҳад, шояд сабабаш бемеҳрии шумо бошад, ки ӯро хафа кардааст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Мизонҳои мард ин рӯзи истироҳатӣ корҳои хонаро як тараф монда, каме истироҳат кунед. Мизонҳои занро мебояд шавҳарҳои худро ҳурмат кунанд,зеро онҳо ноновари хона ҳастанд. Ба кӯдакони худ аҳамияти хосса диҳед, зеро беаҳамиятии Шумо ба ояндаи онҳо халал мерасонад. Аввали рӯз барои ба меҳмонӣ рафтан қулай аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Эҳтимол аст пули хуберо ба даст оред. Тазодҳои зиндагӣ Шуморо бақувват кардааст. Дӯстони худро фаромӯш накунед. Ақрабҳои ошиқро эҳтимоли ҷудошавӣ дар назар аст. Барои таъмири хона рӯзи мусоид нест, зеро омадани меҳмон дар назар аст. Нимаи дуюми рӯз Шуморо ба зиёфате даъват мекунанд, омода бошед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Телевизорро монда каме ором бошед, зеро ин ҳафта барои Шумо мушкил буд. Шумо он ҳафтаро низ бо истироҳати пурра сипарӣ накардед, зеро корҳои хона Шуморо намегузоранд, ором истироҳат кунед. Ба хабаргирии нафари наздиктарини худ равед, зеро ӯ Шуморо пазмон шудааст. Эҳтимол аст маблағи калон ба даст оред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Душмании баъзеҳо бо Шумо асаби Шуморо хароб мекунад. Вале аҳамият додан ба ҳамаи ин аз сустии Шумо аст. Тавре намуддор кунед, ки ба кори онҳо Шумо аҳамият намедиҳед. Ин рӯзи истироҳатӣ барои Шумо хотиравӣ хоҳад шуд, зеро нафаре ба Шумо тӯҳфа меорад. Бойигарии Шуморо бисёриҳо дида ангушти ҳасрат мегазанд. Барои ба мақсад расидан аввал бояд хоҳиши худи Шумо бошад. Ба гуфтаи дигарон чанбараки ҳаёти худро наронед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Ин рӯз барои зодагони бурҷи далв на он қадар рӯзи нек аст. Зеро нақшаҳоятонрор ба пуррагӣ иҷро карда наметавонед. Бо ҳамсаратон хархаша карда асабатон хароб мешавад. Ҳангоми баҳсҳои оилавӣ овози худро баланд накунед, зеро мавриди масхараи ҳамсояҳо мешавед. Далвҳои ошиқро беҳтарин вохӯрӣ интизор аст.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Шумо бояд бо нафароне муносибат кунед, ки сатҳи фаҳмиши Шуморо дошта бошанд. Баҳс бо нодонҳо ба Шумо намезебад. Дар ҳолатҳои гуногун худро ба даст гирифтанро омӯзед. Ҳафтаи ояндаро мисли ин ҳафта нагузаронед. Бо маъшуқаатон ҷанҷол накунед, зуд пушаймон мешавед.