Ҳамал (21 март-20 апрел)
Бепарвоӣ ва дилгирие, ки вақтҳои охир шуморо фаро гирифтааст, метавонад ҷолибиятатонро дар назди дигарон кам кунад. Кӯшиш кунед тарзи зиндагӣ, намуди зоҳирӣ ё муҳити атрофро каме тағйир диҳед. Ҳангоми суҳбат бо шахси наздик суханонатонро бодиққат интихоб кунед, то бо эродҳои беасос баҳс ба вуҷуд наояд. Имрӯз имкони пайдо шудани манбаи иловагии даромад ҳаст, вале барои он заҳмати ҷисмонӣ лозим мешавад. Дар масъалаҳои молиявӣ шитоб накунед ва пеш аз ҳар муомила шарту хатарҳоро хуб санҷед. Барои бартараф кардани хастагӣ истироҳат дар табиат муфид аст.
Савр (21 апрел-21 май)
Эҳтимол касе имрӯз бо таърифу суханҳои ширин кӯшиш кунад ба шумо таъсири хуб гузорад. Аммо эҳтиёт бошед, зеро мумкин аст ҳадафи ӯ танҳо манфиати шахсӣ бошад. Муносибат бо наздикон ё ҳамкорон низ метавонад ногаҳон тезу тунд шавад, бинобар ин аз мавзуҳои баҳснок дурӣ ҷӯед. Дар кор баъзе мушкилот пеш меоянд ва ҳатто ранҷишҳои кӯҳнаро метавонанд ба ёд оранд. Пеш аз имзои шартнома тамоми шартҳоро бодиққат хонед. Аз баҳсу асабоният канорагирӣ кунед ва ба саломатии худ, махсусан бемориҳои кӯҳна беэътиноӣ накунед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз эҳсос мекунед, ки асабҳоятон хеле танг шудаанд. Барои ором шудан роҳи бехатаре пайдо кунед ва дар ҳолати асабонӣ аз баҳс бо шахси дӯстдошта худдорӣ намоед. Мушкилоти рӯзмарраро ба дӯши ҳамсаратон нагузоред; ҳоло ба ҳар дуятон меҳрубонӣ, ғамхорӣ ва боварии ҳамдигар муҳим аст. Дар кор бо нерӯи тоза оғоз кунед, зеро идеяҳои нави шумо метавонанд писанди роҳбарият шаванд. Аз ҷиҳати молиявӣ рӯз чандон осон нест ва эҳтимол ба қарз ниёз пайдо кунед. Ба саломатӣ диққат дода, барои пешгирии авҷ гирифтани бемориҳои кӯҳна чора андешед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Барои муносибате, ки танҳо шумо барои нигоҳ доштани он талош мекунед, қувваи зиёд сарф накунед. Аз баҳс бо шахси наздик ва дӯстону хешовандон худдорӣ карда, суҳбатҳои муҳимро ба вақти дигар гузоред. Имрӯз барои оғоз кардани сафар ё анҷом додани корҳои муҳими тиҷоратӣ рӯзи муносиб аст. Меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносии шумо метавонанд боиси зиёд шудани маош ё пешрафти корӣ шаванд. Аммо аз ҳад зиёд фикри пулро накунед ва барои истироҳат низ вақт ҷудо кунед. Имрӯз худро аз кори вазнини ҷисмонӣ нигоҳ доред, зиёд хӯрок нахӯред ва барвақт хобед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз вақти муносиб барои қарорҳои эҳсосӣ нест. Кӯшиш кунед воқеиятро дуруст бинед ва шахси дӯстдоштаатонро аз ҳад зиёд идеалӣ тасаввур накунед. Рӯз барои омӯзиш, андешаҳои маънавӣ ва муошират мувофиқ аст. Эҳтимол аз шахси наздик хабар ё тӯҳфаи хуш гиред. Дар кор иродаи қавӣ доред ва барои расидан ба мақсад омодаед, аммо баъзан роҳи ғайриодӣ ва эҷодкорона натиҷаи беҳтар медиҳад. Имкони беҳтар шудани вазъи молиявӣ вуҷуд дорад. Агар фикрҳои манфӣ зиёд шаванд, кӯшиш кунед дар ҳар вазъ ҷиҳати мусбатро пайдо кунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Агар бо шахси дӯстдоштаатон ихтилофе доред, имрӯз барои равшан кардани муносибатҳо шитоб накунед. Субҳ метавонад пур аз изтиробу асабоният бошад ва ҳатто одамони ором низ худро идора карданашон душвор мешавад. Кӯшиш кунед тамоми қувваатонро ба як масъала равона кунед, на ба чанд кор якбора. Даромадатон устувор мемонад ва ҳангоми ҷустуҷӯи кори иловагӣ метавонед чанд пешниҳоди муносиб пайдо кунед. Аз қарз гирифтан худдорӣ намоед. Гарчанде худро хуб ҳис кунед ҳам, фикрҳои зиёд дар бораи саломатӣ метавонанд шуморо бесабаб нигарон кунанд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз муошират бо дигарон метавонад эҳсосоти хуб ба вуҷуд оварад. Барои мулоқоти ошиқона низ рӯзи муносиб аст. Аммо кӯшиш кунед миёни манфиатҳои худ ва эҳсосоти дигарон тавозун пайдо кунед. Эҳтимол вақтҳои охир бештар ба худ машғул шуда, ниёзҳои атрофиёнро камтар ба назар гирифтаед. Дар масъалаҳои корӣ ба ҳар кас бовар накунед ва бештар ба таҷрибаи худу ҳисси ботиниатон такя намоед. Имкони хариди калон ё ҳатто сафар ба кишвари орзуҳо пайдо шуданаш мумкин аст. Агар худро хаста ҳис кунед, вақти истироҳату хоби шабонаро зиёд кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар масъалаҳои ошиқона шитоб накунед. Баъзан дудилагӣ ба шумо имкон медиҳад, ки пеш аз қарор гирифтан ҳама чизро хуб андеша кунед. Дар муносибатҳо давраи каме душвор пеш меояд, вале бо хирад ва сабр метавонед онро паси сар намоед. Дар кор бодиққат ва хушмуомила бошед, баҳс бо ҳамкорон мушкилотро бештар мекунад. Аз харидҳои гаронбаҳо ва хароҷоти нолозим худдорӣ намоед. Дар роҳ ва ҳангоми истифодаи ашёи тезу буранда эҳтиёткор бошед, зеро эҳтимоли ҷароҳатҳои хурд ё садама вуҷуд дорад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз метавонанд ҳодисаҳои ғайричашмдошт ба амал оянд, бинобар ин ба ҳар гуна сюрприз омода бошед. Ба овоза ва ғайбат аҳамият надиҳед ва оромии худро нигоҳ доред. Дар корҳои хона аз ҳад зиёд фаъол шудан метавонад атрофиёнро асабонӣ кунад, беҳтараш нерӯи худро ба кор равона созед. Барои таҳлили масъалаҳои молиявӣ ва ба нақша гирифтани корҳо рӯзи мувофиқ аст. Тағйироти ҷиддӣ дар ҳаёти шумо эҳтимол дар давоми 10–15 рӯзи оянда оғоз шавад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз метавонад каме ғамгин ва дилгир бошед. Вақти худро бо шахси дӯстдошта гузаронед: якҷоя филм тамошо кунед ё хӯрок омода намоед. Эҳтимол ба зудӣ бо шахсе вохӯред, ки аз давраи кӯдакӣ мешиносед, вале солҳои зиёд надидаед. Дар масъалаи корӣ барои кушодани роҳҳои нави касбӣ вақти муносиб фаро расидааст. Агар дар ҷойи ҳозира имкони пешрафт набошад, дар бораи кори дигар фикр кунед. Дастгирии дигарон ва ҳамдардӣ муносибатҳои шуморо мустаҳкам мекунад. Машқи саҳаргоҳӣ низ ба шумо нерӯ мебахшад.
Далв (21 январ-19 феврал)
Вақтҳои охир шояд дар бораи мувофиқ будани шахси дӯстдоштаатон ба худ саволҳои зиёд медиҳед. Эҳтимол эҳсос кунед, ки ӯ дигар он шахсе нест, ки замоне шуморо мафтун карда буд. Имрӯз беҳтараш корҳоро бе шитоб анҷом диҳед, зеро ҳам вазифаҳои худатон ва ҳам мушкилоти наздикон метавонанд диққат талаб кунанд. Ба корҳои рӯзмарра машғул шавед ё чизи наверо омӯзед. Даромади молиявӣ шояд зиёд набошад, вале танҳо пул хушбахтиро муайян намекунад. Барои пешгирии хастагӣ ва рӯҳафтодагӣ ҳатман истироҳат кунед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Суҳбати самимӣ бо шахси наздик имрӯз ба шумо эҳсосоти хуб мебахшад, аммо масъалаҳои пулӣ ё корҳои рӯзмарраро беҳтараш ба рӯзи дигар гузоред. Агар баъзе одатҳои шахси дӯстдоштаатон шуморо асабонӣ кунанд, дар хотир доред, ки одамони комил вуҷуд надоранд ва ҳар кас камбудиҳои худро дорад. Вақти он расидааст, ки натиҷаи корҳои анҷомдодаатонро ҷамъбаст кунед ва аз хатоҳои гузашта сабақ гиред. Мушкилоти молиявӣ тадриҷан кам мешаванд ва имкони пардохти қарзҳо пайдо мегардад. Агар дар қалб нороҳатӣ эҳсос кунед, ба духтур муроҷиат карданро ба таъхир нагузоред.