Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 4-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2021
3237

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз тани танҳо аз хона набароед, зеро сар задани ҳаргуна фалокат имкон дорад. Ба омӯхтани донишҳои нав машғул шуда, ҷаҳонбинии худро васеъ гардонед. Сафи дӯстонатон зиёд мешавад, вале ба онҳо зуд бовар накунед, то вақте ки пурра нашиносед. Аз шумо қарз мепурсанд, ба қадри имкон ёрӣ диҳед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ҷои кор роҳбарият кордониву масъулиятнокии шуморо ба назар гирифта, ба вазифаи баландтар таъйин мекунанд. Бо соҳиб шудани мансаби нав аз худ наравед ва кӯшиш кунед, ки чун қаблӣ сазовори боварии роҳбарият бошед. Ба саёҳат равед ва фориғ аз кору ташвишҳои рӯзгор қувваи аз даст рафтаро барқарор намоед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Ҷавзоҳое, ки соҳиби мошини шахсӣ ҳастанд, беҳтараш дар ин рӯз ба сафари роҳи дур набароянд. Биёед, тамоми рӯз аз истифодаи мошини шахсӣ даст кашед, зеро ин ба фоидаи худи шумо хоҳад буд. Беаҳамиятӣ зоҳир накарда, худу наздиконатонро аз ҳаргуна бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Ороиши дохилии хонаатонро иваз кунед, зеро чанд муддат аст, ки ин корро ба сомон расонидан мехоҳеду фурсати муносиб намеёбед. Ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки имрӯз барои ҳама кор рӯзи бобарор аст. Ҳангоми харидории маҳсулоти хӯрокворӣ ба сифат ва мӯҳлати истеъмоли он аҳамияти аввалиндараҷа диҳед.  

Асад (23 июл-22 август)

Фоҷиае, ки ба сари яке аз наздиконатон меояд, ба рӯҳияи шумо низ таъсири худро мерасонад. Таҳаммулпазир бошед ва ба дилшикастагиву рӯҳафтодагӣ роҳ надиҳед. Асадҳои ошиқ дар роҳи ишқ ба нокомӣ дучор гашта, фиреб мехӯранд. Ба корҳои дигар андармон шуда, аз вазъи саломатиатон бехабар намонед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз меҳру муҳаббат ва самимияту дӯстдориро ба ҳамсафари ҳаётиатон дареғ надоред. Танҳо ӯст, ки шуморо дарк мекунад ва дар ҳама ҳолат ҳамроҳатон аст. Агар бо туҳфае дили ӯро шод кунед, корҳо нуран алонур мешаванд. Дар ҷои кор хабаркашӣ карда, худро ба балои азим гирифтор накунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дер боз мехостед, ки нафареро бубинед ва имрӯз ба хостаи худ мерасед. Ҳангоми убури гузаргоҳҳо бодиққат бошед ва ба рангҳои чароғаки роҳнамо диққат диҳед. Ба баҳсҳое, ки ба шумо умуман алоқамандӣ надоранд, ҳамроҳ нашавед. Тиҷорататон барор мегирад ва шарикони нав пайдо мекунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Вазъи обу ҳаво ба саломатии шумо таъсири бади худро мерасонад. Нафароне, ки гирифтори бемориҳои қанд, фишорбаландӣ ва дил мебошанд, чанд муддат ба маконҳои нисбатан салқин сафар кунанд, барои саломатиашон хуб хоҳад буд. Дарди сар ва беиштиҳоии шумо нишонаи ягон беморӣ нест.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз вазъи саломатиатон нохуб мешавад. Ба назди духтур рафтанатон шарт нест. Табиби ҳар инсон пеш аз ҳама худи ӯст ва пешгирӣ аз табобат беҳтар аст. Парҳез гуфта, ба ҷони худ ҷабр накунед, зеро саломатиатонро аз даст медиҳед. Беҳтараш ба варзиш машғул шавед ва бо ин роҳ аз вазни зиёдатӣ халос шуда метавонед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Субҳ то шом дар хона нишаста, гузаштаро пеши назар наореду ғами ояндаро низ нахӯред. Тақдири инсон дар дасти худаш нест ва намедонад, ки ӯро фардо чӣ интизор аст. Бинобар ин, ҳар дақиқаи умри худро дар ҳалқаи пайвандон сипарӣ кунед. Даромади иловагӣ дар назар аст. Пеш аз ҳама қарзҳоятонро баргардонед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз далвҳо мехоҳанд, ки бештари вақташонро бо дӯстдоштаашон паси сар кунанд. Барои нафарони муҷаррад рӯзи бобарор нест, ишқу ошиқиро имрӯз аз худ дур кунед. Ба хӯрокатон диққат диҳед ва аз истеъмоли ғизоҳои тезтайёр худдорӣ намоед. Аз қаҳва дида, оби тозаи чашма барои шумо муфидтар аст.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз кӯшиш кунед, ки ғаму ғӯссаро аз худ дур созед. Ҳарчанд ин кор мушкил ва баъзан ғайриимкон бошад ҳам, ба шумо фоида дорад. Беҳтараш дар назди худ ҳадаф гузоред ва барои ба он расидан талош кунед. Шуморо лозим аст, ки сару либоси нав харида, ба намуди зоҳириатон низ каме диққат бидиҳед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД