Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз барои ҳамагуна вазъияти ғайричашмдошт омода бошед, то баъдан дар ҳолати ногувор намонед. Агар хуб омодагӣ бинед, ҳодисаҳои нохушро пешгирӣ карда метавонед. Корҳои бар дӯшатон бор бударо ҳарчӣ зудтар ба итмом расонед. Дар муносибат бо дӯстдоштаатон меҳрубонтар шавед.
Савр (21 апрел-20 май)
Нисбат ба наздикони худ ғамхору меҳрубон бошед, вагарна онҳо сардии шуморо эҳсос карда, эҳтимоли ранҷиданашон вуҷуд дорад. Вақти бештарро ба оилаи худ, хусусан, ба фарзандонатон сипарӣ кунед. Аз истеъмоли шароб худдорӣ намоед ва зиёдтар об нӯшед, то организматон тоза шавад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз худро комилан озод ҳис мекунед. Барои харид, истироҳату фароғат ва рафтан ба кошонаи ҳусну сартарошхона айёми мусоид аст. Ҷавзоҳои ошиқ дили онеро, ки чанд вақт боз дӯсташ медоштанд, ба даст меоранд. Аввали рӯз аз дӯсти наздикатон хабари хуш мешунавед ва хурсандиатон то шом давом мекунад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз чизеро дар худ маҳдуд накунед, зеро хоҳишҳои шумо бо қобилиятатон мувофиқат мекунанд. Барои оғози тиҷорати хурд ва зиёдтар кардани нуқтаҳои фурӯш рӯзи неку бобарор аст. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат ба қалби худ такя кунед, зеро дилатон ба шумо роҳи дурустро нишон медиҳад.
Асад (23 июл-22 август)
Аз истеъмоли хӯрокҳои тезтайёр ва бирёншуда худдорӣ намоед, вагарна ҳолатон бад мешавад. Дар ҷойи кор бо ҳамкоратон гапатон мегурезад, аммо агар аввалин шуда, узр пурседу оштӣ кунед, хуб мешавад. Ҳар қадаре дар назди худ вазифа гузоред, ҳамон андоза натиҷаҳои дилхоҳро ба даст меоред.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Барои харидани мошин ё амволи ғайриманқул рӯзи бобарор аст. Асабҳоятонро ором нигоҳ доред. Ин оромӣ сабаб мешавад, ки дар соҳаи хизматрасонии молиявӣ аз хатоҳо ҷилавгирӣ кунед. Гуфтушунидҳои кориро ба нақша гиред, онҳо бомуваффақият ва бидуни ташвиш паси сар мешаванд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Ба назаратон чунин менамояд, ки муваффақият наздик аст, аммо барои расидан ба қуллаи мурод ҳоло барвақт аст. Ба варзиши сабук машғул шавед ё дучархаронӣ кунед. Ҳадди ақал аз хона то ҷои кор ё аз ҷойи кор то хона пойи пиёда биравед. Мизонҳои ошиқро нокомӣ дар ҷодаи муҳаббат интизор аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз шумо ваъдаҳои додаатонро аз хотир бароварда метавонед, вале мо онҳоро хотиррасон мекунем. Кӯшиш намоед, ки худро аз одамон ва андешаҳое, ки боиси ба ташвишу изтироб афтодани шумо мешаванд, дур гиред. Ба вазъияти ногувор афтиданатон имкон дорад. Ғайбатчиҳо ба даст меафтанд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар бораи нақшаҳои ояндаатон ба касе чизе нагӯед. Баъзе қавсҳои муҷаррад ба вохӯрии ошиқона рафта, бо табъи болида бармегарданд. Шумо ҷиддӣ кор карда наметавонед, чун фикрҳоятон аз ҳақиқат дуртар ҳастанд. Ба реҷаи хӯрокхӯрии худ диққат дода, аз истеъмоли ғизоҳои хамирӣ даст кашед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз кӯшиш намоед, ки хотири ҳамкоронатонро озурда насозед, вагарна баъдан эҳсоси пушаймонӣ хоҳед кард. Ҳангоми гузаштан аз роҳи оҳан эҳтиёткор бошед. Хонаводаатон ба шумо эҳтиёҷ доранд, барои онҳо низ вақт ҷудо кунед. Мардҳоро лозим аст, ки аз хиёнат ба ҳамсари худ худдорӣ намоянд.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз нақшаҳои ояндаи худро тарҳрезӣ намоед, аммо барои амалӣ карданашон шитоб накунед. Барои сафар ва сайру саёҳат рӯзи хуб аст. Дар фикри саломатии худ бошед ва беаҳамиятӣ зоҳир накунед. Масунияти худро баланд бардоред, то аз ҳаргуна бемориҳои сироятӣ дар амон бошед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз нафаре шуморо гумроҳ кардан мехоҳад. Агар ба маълумотҳои пешниҳодшуда шубҳа дошта бошед, аз нав тафтиш карда бароед. Барои ҳутҳои ошиқ рӯзи бебарор аст, эҳтимоли сар задани ҷанҷол бо дӯстдоштаатон вуҷуд дорад. Аммо барои таҳкими робитаҳои корӣ рӯзи хуб аст.