Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз беҳтараш аз худтанқидкунӣ даст кашед, ин ба муносибатҳои ошиқонаатон таъсир мерасонад. Эҳсосот метавонад шуморо ба қарорҳои нодуруст барад. Рӯзи серташвиш аст, корҳои муҳимро бо диққат анҷом диҳед. Аз хароҷоти калон худдорӣ намоед, зеро ҳолатҳои ғайричашмдошт пул талаб мекунанд. Аз нафарони гирифтори зуком канорагирӣ кунед.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз муҳаббату меҳрубонӣ нишон дода, таваҷҷуҳи дигаронро ҷалб мекунед. Барои оиладорон беҳтар аст вақти бештарро бо ҳамсар гузаронанд. Кӯшиш кунед эҳсосоти худро пурра ошкор накунед, то мақсаду ниятҳои дигаронро фаҳмед. Имкони ба даст овардани даромади ғайричашмдошт ҳаст, вале он зуд ба хароҷоти хона сарф мешавад. Аз хӯроки зараровар ва шириниҳо канорагирӣ кунед, то вазнатон зиёд нашавад.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз эҳсоси аҷибе шуморо фаро мегирад, шояд муҳаббати кӯҳна аз нав бедор гардад. Бо хешовандон баҳсу шитоб накунед, беҳтараш ором бошед. Аз ҷамъиятҳои серодам канорагирӣ кунед, танҳоӣ ба шумо фоида меорад. Шояд вазъи молиявиатон беҳтар шавад. Саломатӣ ва зебоии худро фаромӯш накунед, ба табибон муроҷиат кунед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Нимаи дуюми рӯз дар муносибатҳои ошиқона ихтилофҳо хотима меёбанд. Шояд имрӯз мушкилоти шахси дигарро ҳал кунед. Кӯмаки пешниҳодшударо қабул намоед. Рӯзи хуб барои муошират бо ҳамкорон ва роҳбар аст. Агар қарз гирифтан лозим шавад, шартҳоро бодиққат хонед, зеро хатари фиреб хӯрдан вуҷуд дорад. Аз бемориҳои сироятӣ эҳтиёт бошед. Беҳтараш бо шахсони бемор тамос накунед, то саломатӣ ҳифз гардад.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз шумо пурэнергия ва ҷаззоб ҳастед. Шояд бо шахси хеле ҷолиб шинос шавед. Бо вуҷуди ин, баъзе мушкилоти майда, мисли вайроншавии техника ё корҳои хона, рӯй медиҳанд. Ҳолати молиявӣ устувор мемонад. Агар вазн кам карданӣ бошед, аз хӯроки равғанӣ ва бирён даст кашед, вале парҳези сахт накунед. Кӯшиш кунед, ки асабҳо ором бошанд.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Муносибати нави ошиқона метавонад ноумедӣ орад, зеро бахти шумо дар ҷои дигар аст. Ба меҳрубонии дигарон бо меҳрубонӣ ҷавоб диҳед, то оянда ба шумо кeмак шавад. Дар корҳо бесарусомонӣ зиёд аст, эҳтимол бештар кор карданатон лозим ояд. Бо пул ва ҳуҷҷатҳо бодиққат бошед, бепарво нашавед. Барои беҳдошти саломатӣ ба варзиш аҳамият диҳед. Ҳатто машқҳои сабук ҳам ба шумо фоидаи зиёд мерасонанд.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз мулоқотҳои ошиқонаро ба вақти дигар гузоред, муваффақ нахоҳед шуд. Агар кори душворро идома додан хоҳед, аз наздикон кӯмак пурсед, онҳо омодаанд шуморо дастгирӣ кунанд. Қатъият ва заҳмати шумо натиҷаи хуб медиҳад ва ба муваффақият меорад. Барои соҳибкорон рӯз барои сармоягузории калон мусоид аст. Асабҳоро ором нигоҳ доред ва бо сабр амал кунед. Фикрҳои пухта ба шумо роҳ мекушоянд.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз беҳтараш ором бошед ва қувваҳоро захира намоед. Асабоният боиси баҳс бо наздикон мешавад, эҳсосотро идора кунед. Аз маълумоти бардурӯғ эҳтиёт шавед, ба таҷриба ва донишҳои худ такя намоед. Шонси хуби муомилоти молиявӣ ва сармоягузорӣ вуҷуд дорад. Бо одамони нохуш дучор мешавед, вале беҳтараш хомӯш бошед ва ба суханони бад аҳамият надиҳед. Танҳо оромӣ шуморо муҳофизат мекунад.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Дар муносибат бо дӯст ё ҳамсар бештар меҳр ва таваҷҷуҳ нишон диҳед. Агар ӯ ташаббус нишон диҳад, садди роҳаш нашавед. Дар ҳолатҳои душвор бо сабру таҳаммул муваффақ мешавед. Рӯз ноустувор аст: саҳар муваффақият, вале шом хастагӣ меояд. Аз ноумедиҳои муваққатӣ рӯҳафтода нашавед, бахт боз ба шумо рӯ меорад. Аз ғизои зарарнок канорагирӣ кунед, то мушкилоти меъда пайдо нашавад.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Аз шахсе, ки шуморо қадр намекунад, интизори муҳаббатро интизор нашавед. Ба хонавода бештар аҳамият диҳед, онҳо ба шумо нерӯ мебахшанд. Дар ҷои кор овозаҳо зиёданд, аммо беҳтараш ба онҳо ҳамроҳ нашавед. Барои оянда пул захира кунед, зеро хароҷоти ногаҳонӣ метавонад пеш ояд. Барои саломатӣ асабҳоро ором нигоҳ доред. Стресс сабаби бисёр бемориҳо мешавад, пас аз муноқишаҳо ва асабоният худдорӣ кунед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Муносибати номуваффақи ошиқона метавонад шуморо ғамгин кунад, аммо зиндагӣ идома дорад. Баъд аз ин шумо боз бахти худро меёбед. Имрӯз вақти хуб барои барқарор кардани робитаҳои кӯҳна ва ҳамкориҳои нав аст. Дар кор аз маслиҳатҳои шубҳанок эҳтиёт кунед, шояд ба зарари шумо бошад. Ба ҳадафи асосӣ диққат диҳед ва худро ба корҳои беҳуда саргарм насозед. Аз машрубот ва асабоният дурӣ ҷӯед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз имкони муносибати ошиқона пеш меояд, танҳо ҷуръат карда, ба пеш қадам гузоред. Ба корҳои хонагӣ ва дидор бо дӯстону наздикон аҳамият диҳед. Аз ишқбозиҳои беҳуда худдорӣ кунед, зеро онҳо мушкил меоранд. Имрӯз вақти иҷрои корҳои дермонда фаро мерасад. Аз машрубот канорагирӣ намоед, то пушаймон нашавед ва саломатиро ҳифз кунед.