Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ҳама корро бе саросемагӣ, вале босифат иҷро намоед. Агар нисбати ҳамкорон ё роҳбарият даъво дошта бошед, беҳтараш дар ин бора лаб накушоед. Нисбати дӯстдоштаатон меҳру муҳаббататон дучанд гашта, барояш аз осмон ситора овардан мехоҳед. Аз ишқбозиҳои муввақатӣ худдорӣ намоед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар ин рӯз бо мушкилоти молиявӣ машғул шудану қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем. Бо амалиётҳои пешгирикунандаи бемориҳо машғул шавед. Аз истеъмол намудани хӯрокҳои равғанин, шӯр ва серғизо худдорӣ намоед, вагарна бар замми фарбеҳ шудан боз гирифтори бемориҳои меъдаву ҷигар мегардед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар ин рӯз бо чизе, ки бароятон арзиши гарон дорад, таваккал накунед. То даме, ки вазъиятро хуб санҷида набинед, ба касе кӯмаки худро пешниҳод накунед. Рӯзи хубест барои ташхиси бемориҳо. Беҳуда хавотир нашавед, саломатиятон чандон бад нест. Бегоҳирӯзиро бо наздикони худ гузаронед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз гирифтори монеаҳои зиёд мегардед. Бо сабабҳои ночиз муноқиша сар зада, сари калобаатонро гум мекунед. Аз дӯстону ҳамкорони худ кӯмак пурсед. Аз шиносшавӣ бо нафарони ҷинси муқобил худдорӣ намоед. Барои наздикон туҳфа хариданатон хуб аст, вале сарфакориро риоя намоед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Дар ин рӯз аз ҳама гуна баҳсу мунозира худдорӣ намоед. На танҳо тарки камбудиҳои худ, балки аз одатҳои бад даст кашиданатон лозим аст. Сигору носкашӣ ё майхорагӣ на танҳо ба саломатиятон таъсири манфӣ мерасонад, балки муносибататонро бо атрофиён бад месозад. Фаромӯш насозед, ки ҳама чиз меъёр дорад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Рӯзи хубест барои шиносшавӣ, дидорбинӣ бо дӯстони дерин ва робита бо ҳамкорон. Бештар истироҳат кунеду мушкилоти зиёдро ба дӯши худ бор накунед. Ғами саломатии худро хӯред, бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намоед. Барои изҳори муҳаббат кардан рӯзи мусоид аст.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз аз ҳад зиёд якраву камгап мешавед. Ин ҳолати шумо ба баъзеҳо хуш намеояд. Дӯсти воломақоматон дасти кӯмак дароз мекунад, хусусан дар масъали молиявӣ. Нафароне, ки бо тиҷорати шахсӣ машғуланд, пешравӣ дар корҳояшон дида мешавад.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз зуд ва бе таъхир амал карданатон лозим аст. Як лаҳза сустӣ карда, кори сердаромадро аз даст медиҳед. Нисбати шахсе, ки дӯсташ медоред, сухани сахту дағалӣ накунед. Аз доираи нафарони тасодуфӣ дурӣ ҷӯед. Нафароне, ки аз фишорбаландӣ азоб мекашанд, дар ин рӯз бояд эҳтиёт шаванд.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар ин рӯз агар имкон дошта бошед, ба нафаре ки аз шумо дасти кӯмак мепурсад, рад накунед, вале аз ҳад зиёд зудбовар нашавед. Аз меҳрубонии шумо нафарони бадкирдор истифода бурдан мехоҳанд. Барои аз бемории зуком халосӣ ёфтан, саломатии худро эҳтиёт кунед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар касбу кор бо сабру таҳаммул ва бодиққат бошед. Уҳдадориҳои худро ба дӯши дигарон бор накунед ва ба амалҳое, ки боиси малоли хотири атрофиён мегардад, даст назанед. Эҳтимоли рух додани мушкилӣ бо асбобҳои техникӣ вуҷуд дорад. Вақти бештари худро ба шахсони дӯстдоштаи худ равона созед, вагарна аз хафагиву муноқиша эмин монда наметавонед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар касбу коратон мушкилиҳои ногаҳонӣ имкон доранд. Бо корҳое машғул шавед, ки кӯшиши зиёдро талаб намекунанд. Сабру таҳаммулро пеша намоед. Касеро мавриди танқид қарор надиҳед. Меҳрубониву дастгирии шахси дӯстдоштаатон шуморо болу пар мебахшад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз ба танбалӣ роҳ доданатон хуб нест, вагарна бар зарари худатон амал мекунед. Агар аз уҳдадориҳои худ розӣ набошед, инро ба ҳамкорон ва роҳбарият нишон надиҳед. Дар ҳаёти оилавиятон оромиву сукут ҳукмфармо аст. Барои хариди калон рӯзи мусоид аст.