arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 30-ЮМИ МАЙИ СОЛИ 2025
1456

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона тағйироти муҳим имкон дорад. Баъзеҳо маҷбур мешаванд, ки нақшаҳои ояндаро аз нав баррасӣ кунанд. Рӯзи мусоид барои оштӣ ва барқарор кардани муносибатҳо бо наздикон аст. Бо онҳое, ки ба шумо писанданд, муоширатро ба таъхир наандозед. Дар масъалаҳои молиявӣ ба ақидаи худ такя кунед ва аз бовар кардан ба дигарон худдорӣ намоед. Аз машқҳои ҷисмонии шадид парҳез кунед, зеро хатари осеб дидан зиёд аст.

Савр (21 апрел-21 май)

Саволҳое, ки шахси наздик ба шумо медиҳад, метавонанд шуморо дар ҳолати душвор қарор диҳанд. Аз ибрози эҳсосот наҳаросед, то ки беҳтар шинос шавед. Ҷуфтҳои оилавӣ бояд пеш аз таътили навбатӣ ҳамаи мушкилоти ҷамъшударо ҳал кунанд. Ҳар коре, ки оғоз мекунед, хуб пеш меравад, ҳатто аз вазъиятҳои душвор мебароед. Махсусан нимаи рӯз мусоид аст. Агар маблағ каму зиндагӣ душвор бошад, ин мушкилот ба зудӣ беҳтар мешавад.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Ба дили худ гӯш диҳед, он ба шумо роҳи дурустро нишон медиҳад! Андешаи дигарон ҳоло дуюмдараҷа аст ва набояд ба амалҳои шумо таъсир расонад. Обрӯи шумо дар байни аъзои оила зиёд мешавад, агар шумо ба пешниҳодҳои хешовандон бо лутф муносибат кунед. Имрӯз потенсиали ҳаётии шумо баланд нахоҳад буд. Аз хастагии зиёд худдорӣ намоед. Ба ғизои солим, хоби пурра риоя кунед ва кӯшиш кунед бештар дар табиат бо онҳое бошед, ки ба шумо писанданд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ба маслиҳатҳои дигарон аҳамият надиҳед, онҳо метавонанд зарар расонанд. Масалан, муносибатҳои шумо бо шахси дӯстдошта метавонад бад шавад. Ихтилофҳо бо хешовандони наздик эҳтимол доранд. Касеро гунаҳкор кардан лозим нест. Дар масъалаҳои молиявӣ беҳтар аст ба таҷрибаи шахсӣ ва ақли солим такя кунед, на ба бахт. Бемориҳои кӯҳна метавонанд худро нишон диҳанд, кӯшиш кунед фаъолияти ҷисмониро кам кунед.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ҳаёти шумо метавонад ишқбозии нав оғоз шавад. Шиносоии тасодуфӣ метавонад тасаввури шуморо дар бораи худатон тағйир диҳад. Рӯз душвор аст. Роҳҳои нави даромади пулиро ҷустуҷӯ кунед. Аммо ба бозиҳои пулакӣ дил набандед. Энергияи шумо аз субҳ хеле баланд хоҳад буд, ки то шом метавонад ба асабоният табдил ёбад. Кӯшиш кунед, ки ба рӯйдодҳои имрӯз бо оромӣ муносибат кунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Шумо имкон доред дар ҷои ором ва бароҳат бо шахси дӯстдошта бошед. Имрӯз шумо ниҳоят истироҳати сазоворро хоҳед гирифт. Оилаи худро фаромӯш накунед ва ба аъзои хона бештар таваҷҷуҳ диҳед, назар ба кор. Барои соҳибкорон давраи на он қадар мусоид оғоз мешавад, ки бо санҷишҳо алоқаманд аст. Аз хароҷоти зиёдатӣ худдорӣ намоед. Организми шумо ба шумо нишон медиҳад, ки чӣ муфид асту чӣ зараровар.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Интизор шавед, мулоқоти нави ошиқона зиндагиятонро рангин месозад! Орзуҳо метавонанд амалӣ шаванд. Агар бо яке аз хешовандон ихтилофҳо оғоз шаванд, вазъиятро бо муноқишаҳо бадтар накунед. Дар охири рӯз дар роҳ эҳтиёткор бошед. Имрӯз шумо бо мушкиле рӯ ба рӯ мешавед, ки дар роҳи болоравӣ дар зинаи касбӣ қарор дорад. Аз он ки шумо ин масъаларо чӣ гуна ҳал мекунед, ояндаи шумо вобаста аст. Агар тақдир ба шумо маблағи калон фиристад, кӯшиш кунед, ки ҳадди ақал қисме аз онро барои рӯзи мабодо захира кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Аз имкониятҳои аз дастрафта пушаймон нашавед. Ба дили худ гӯш диҳед ва аз хатогӣ кардан наҳаросед. Дар ҳаёти оилавии шумо, ба назар мерасад, ҳама чиз муътадил аст. Аммо ба ин тавозуни бадастомада ором нашавед. Ҳама чиз метавонад якбора тағйир ёбад. Дастовардҳои касбии шумо асосан аз он вобаста хоҳанд буд, ки шумо чӣ қадар кӯшиш мекунед. Масунияти бадани шумо эҳсоси норасоии микроэлементи муҳим - оҳанро мекунад. Барои барқарор кардани захираҳои он, ба ғизои худ анор, ҷигар ва себ илова кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз эҳтимоли он ки шумо боз ба хатогӣ роҳ медиҳед, хеле зиёд аст. Эҳтиёт бошед ва ҳар қадамро ҳисоб кунед. Омодагии худро барои кӯмак ва дастгирии наздикон нишон диҳед. Шумо метавонед муҳити гарм ва дӯстона дар оила эҷод кунед. Муоширати шумо бо атрофиён махсусан самаранок хоҳад буд. Имрӯз беҳтар аст, ки аз роҳбари худ канорагирӣ кунед ва ҳарчи зудтар тамоми корро ба анҷом расонед, то ки мушкилоти нав пайдо нашаванд. Соҳибкорон бояд танаффус гиранд ва шартномаҳои нав набанданд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Занони ин мучал эҳтимоли зиёди шиносоии нав ва романҳои ногаҳониро доранд. Аммо муҳаббатро бо касбу кор омехта накунед. Дар 24 соати наздик мулоқот бо дӯстони кӯҳна, иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ хеле мусбат хоҳанд гузашт. Дар масъалаҳои молиявӣ вазъият хеле хуб хоҳад буд. Агар хариди калон карданӣ бошед, онро ҳафтаи дигар иҷро кунед. Агар шумо тарзи ҳаёти солимро риоя кунед, саломатиатон устувор боқӣ мемонад. Кӯшиш кунед беҳудаву беасос асабонӣ нашавед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Агар мехоҳед муносибати нав барпо кунед, бештар ба ҷиҳатҳои мусбии шахс диққат диҳед, на ба камбудиҳо. Дар ҳаёти шахсӣ ба андешаи ҳамсар бештар гӯш диҳед, эҳсоси наздикӣ барои шумо хеле муҳим аст. Ба маслиҳатҳои дигарон гӯш надиҳед, худатон ба дигарон маслиҳат диҳед, ин ба шумо нуфузи бештар медиҳад, хусусан дар назди онҳое, ки барои шумо арзиш доранд. Имрӯз эҳтимоли вохӯрии муҳим вуҷуд дорад, ки ба пешрафти корҳо таъсири мусбат мерасонад. Парҳези худро бояд тағйир диҳед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз хушиҳо бо нохушиҳо иваз мешаванд, ва муваффақият бо шикаст паиҳам меоянд. Кӯшиш накунед рӯйдодҳоро зӯран идора кунед, вазъият аз иродаи шумо берун аст. Тағйироте, ки дар рӯзҳои наздик ба амал меоянд, ногаҳонӣ нестанд, балки амиқ ва таъсиргузор хоҳанд буд. Имрӯз аз корҳое, ки бо хатари ҳатто ночиз алоқаманданд, дурӣ ҷӯед. Бо ашёи тези бурранда эҳтиёт шавед. Агар чизе хариданӣ бошед, мехоҳед касеро бинед ё ба куҷое равед, дигар дер накунед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД