Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ҳаёти шахсиатон мушкилиҳое ба миён меоянд, ки ба корҳоятон низ таъсири худро мерасонанд. Ба васвасаҳо дода шуда, нисбат ба корҳоятон беаҳамият нашавед. Ҳолатҳое мешавад, ки аз баҳри ҳама чӣ гузаштан мехоҳед, аммо ин ҳолат муваққатист. Асабҳоятонро ором кунед, ҳамааш хуб мешавад.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз бинобар асабонияти шумо иҷрои баъзе корҳо тӯл мекашанд. Имкониятҳои нави молиявӣ, масалан, афзоиши музди меҳнат, мукофотпулӣ, мулоқот бо нафарони муваффақ ва пешниҳоди мансаби баланд шуморо интизор аст. Шомро дар хона гузаронед ва фақат истироҳат кунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз нисбат ба дигар рӯзҳо зиёдтар кор мекунед, бинобар ин, истироҳат карданро аз хотир набароред. Муваффақиятҳои шумо душманонатонро ором намегузоранд ва онҳо аз пайи кандани чоҳу ба дом афтонидани шумо мешаванд. Беҳтараш ба онҳо диққат надиҳед ва ҳамоно ба пеш ҳаракат кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз беҳтараш аз ҳазлу шӯхӣ ва хурсандӣ дар ҷои кор бо ҳамкорон худдорӣ намоед. Аз оғози як лоиҳаи азим натарсед, дар охир муваффақ хоҳед шуд ва мушкилие пеш нахоҳад омад. Зиёд об нӯшида, организми худро тоза намоед. Даромади иловагӣ дар назар нест, сарфакор бошед.
Асад (23 июл-22 август)
Рӯз барои гузаронидани амалиётҳои гуногуни молиявӣ мусоид аст. Вақтҳои охир зиёд орзу мекунед ва аз худ бехуд шудаед. Кӯшиш намоед, ки аз рӯйи ақли солим кор карда, зиёд ба эҳсосот дода нашавед. Аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода карда, мақоми худро баландтар бардоред.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз шумо сабаб мешавед, ки нафарони танбал ва сустирода илҳом гирифта, дубора ба кори худ баргарданд. Даромади иловагӣ дар назар нест, беҳуда ба умед нашавед. Дар ҷои кор ба маслиҳати нафари кордону боэътимод такя карда метавонед. Бештар об нӯшед ва организматонро тоза кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз дар вуҷудатон қувваеро ҳис мекунед, ки қаблан дар ботини худ эҳсос мекардед. Баъзе мизонҳо барои зодрӯзи нафаре нигаронанд ва чӣ кор карданашонро намедонанд. Ҳолати рӯҳии худро таҳти назорат гиред ва агар аз мушкилие азият мекашед, пас ба равоншиноси ботаҷриба муроҷиат намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз ҳар гуна муноқишаи ночиз ба ҷанҷоли калон табдил ёфта метавонад. Аз ин рӯ, мувозиби худу забони худ бошед, то ба оташ равғани бештар напошед. Агар худро дошта тавонед, аз об хушк мебароед. Сабрро пеша кунед ва интизор шавед, рӯйдодҳо ба зудӣ ҳалли худро меёбанд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки маблағҳоятонро дар роҳи дуруст сарф намоед. Ҳангоми гузаронидани гуфтушунидҳои муҳим ба ҳисси худ такя накунед, балки аз рӯйи ақл кор кунед. Хилофи одобу ахлоқ кореро анҷом надиҳед, вагарна баъдан эҳсоси пушаймонӣ хоҳед кард. Шомро дар берун, дар ҳавои тоза гузаронед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз худро нотавон ҳис карда, аз уҳдаи баъзе корҳо баромада наметавонед. Вале пирӯзиҳои худро ҳамроҳ бо дӯстону рафиқони наздик ҷашн гирифта метавонед. Баъзе корҳоятон дертар натиҷа медиҳанд, интизор бошед. Иҷозат надиҳед, ки касе ҳуқуқҳои шуморо поймол намуда, таҳқиратон кунад.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз ҳамкоронатон омодаанд, ки шуморо дар ҳама ҳолат, ҳатто дар баҳсбарангезтарин масъала дастгирӣ кунанд. Бо дастгирии дӯстон ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил мешавед. Барои ташаккур гуфтан саросема нашавед, зеро ҳоло вақти миннатдорӣ кардан нарасидааст. Шом хабари хуш мешунавед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз ягон пешниҳоди нави кориро қабул накунед, ҳатто агар ба шумо писанд бошад ҳам. Бисёри ҳутҳо мехоҳанд, ки ба назди роҳбари худ даромада, талаби зиёд намудани маошро кунанд, аммо ситораҳо мегӯянд, ки каме дигар сабр кунед. Шомро якҷоя бо нафаре, ки дӯсташ медоред, сипарӣ кунед.