shoh palace
ТОЛЕЪНОМАИ 3-ЮМИ МАРТИ СОЛИ 2021
3367

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи душвор аст. Эҳтимоли аз даст додани маблағ ва фишор аз ҷониби нафарони ношинос имкон дорад. Аз субҳи содиқ нофаҳмиву хурдагирӣ дар назар аст. Вазъият баъди нисфирӯзӣ беҳтар мегардад. Ба хӯроки мехӯрдаи худ аҳамияти аввалиндараҷа диҳед, эҳтимоли дарунрав шуданатон вуҷуд дорад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз аз норасоии маблағ азият мекашед. Кӯшиши яку якбора рафъ намудани тамоми мушкилиҳои худро накунед, вагарна вазъиятро душвортар месозед. Бонувон ҳангоми робита бо шахси дӯстдошта ба гуфтори худ бояд диққат диҳанд. Баъди нисфирӯзӣ дар оилаатон муноқиша имкон дорад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ҷое, ки табассуми малеҳ кардану мулоим буданатон лозим бошад, аз ҳад зиёд ҷиддӣ буданро маслиҳат намедиҳем. Агар дар ҷодаи муҳаббат дӯстдоштаатон ба шумо ҷавоби рад диҳад, рӯҳафтода нашавед. Даромади иловагӣ дар назар нест, маблағи доштаатонро сарфакорона истифода баред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи хубест барои сафару саёҳат. Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ оварда, маблағи хуб ба даст меоред. Ба хонаатон меҳмонҳое меоянд, ки дербоз дар интизорашон будед. Хобҳои дидаатон аз пешомаде ҳушдор мекунанд. Дар хоб дидани ҳайвонот гувоҳи он аст, ки бо нафари фиребгар рӯ ба рӯ мешавед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз қоидаҳои одоби муоширатро риоя кунеду ба иззати нафси нафаре нарасед. Шахси дӯстдоштаатон дар коре шуморо гунаҳкор кардан мехоҳад, вале муваффақ намегардад. Бо шарофати дӯсти пулдор вазъи молиявиатон мӯътадил мегардад. Хоби дидаатон амалӣ мешавад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз бояд ба тағйиротҳое, ки дар ҳаёти шахсиятон рух медиҳанд, омода бошед. Шахси дӯстдоштаатон пешниҳоди хонадоршавӣ мекунад. Баъди нисфирӯзӣ нисбати наздиконе, ки вақтҳои охир робитаи зич пайдо кардаед, бодиққат бошед. Робита бо эшон табъатонро каме хира мегардонад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Мизонҳои муҷаррад бахти худро дар ин рӯз пайдо карда метавонанд. Дар ин масъала ба маслиҳати нафаре гӯш надиҳед, вагарна пушаймон мегардед. Ягона чизе ки хотири шуморо мушавваш мегардонад, ин мушкилиҳои молиявӣ аст, зеро дар ин рӯз хариди калон карданатон лозим меояд.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз ташвишу изтироби зиёд ба саратон меояд. Нисбати наздикони худ фишору дағалиро раво набинед, вагарна нафареро сахт меранҷонед. Дар сурати бо шахси дӯстдошта созиш карда натавонистанатон рӯҳафтода нашавед. Бегоҳирӯзӣ аз тамоми корҳое, ки ба саломатиятон зарар мерасонанд, худдорӣ намоед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ҷойи кор душманон дар сари роҳатон чоҳ канданӣ мешаванд, аз ин рӯ, бодиққат бошед. Нофаҳмиҳои ночиз дар ҷодаи муҳаббат боиси ранҷишатон намегардад, вале даъвои хешовандон ба дилатон сахт мерасад. Ба хӯроки мехӯрдаи худ бодиққат бошед, эҳтимоли нотоб шуданатон вуҷуд дорад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз пулро сарфа карданатон лозим меояд. Танҳо дар ҳамин сурат метавонед мушкилии дар хонаводаатон сарзадаро рафъ намоед. Бадхоҳии душманон табъатонро хира мегардонад. Аз асабоният ва садо баланд кардан худдорӣ намоед, вагарна ин амалатон ба пешравиятон халал мерасонад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз ба ҳар коре, ки машғул мешавед, хеле боэҳтиёт ва бодиққат бошед, чун ҳодисаҳо табъи дили шумо сурат намегиранд. Беҳтараш кори наверо ба нақша нагиред ва кореро, ки диққати зиёдро талаб мекунад, ба таъхир гузоред. Эҳтимоли аз даст додани маблағ ва нофаҳмӣ бо дӯстонатон вуҷуд дорад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи душвор аст. Ба наздикони худ фишор наоред. Эҳтимол, саломатиятон нохуб мегардад. Аз ҳар коре, ки ба саломатиятон зарар мерасонад, худдорӣ намоед. Аз нӯшокиҳои газнок, роҳгардии босуръат ва кор бо асбобҳои тезу бурранда эҳтиёт шавед. Дилсофии зиёд боиси аз даст додани маблағи пулӣ мегардад.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД