Толеъномаи рӯзи 3 декабр
Ҳамал
Ошиқони дар мучали ҳамал тавлидёфта дар ин рӯз коре карда наметавонанд, фикру хаёлашон ба дӯстдоштаашон банд аст. Ба коре, ки баъдан боиси шармандагиятон мешавад, даст назанед. Тамоми қувваи худро барои рафъи мушкилиҳои молиявӣ сарф намоед. Бегоҳӣ ба меҳмонӣ рафтан хуб аст, вале бо мошини шахсӣ наравед.
Савр
Дар ин рӯз саврҳо бояд аз корҳои шубҳаноку робита бо нафарони тасодуфӣ худдорӣ намоянд. Аз нафаре, ки қаблан муносибатҳои наздик доштед, ҷудо шудан амри маҳол мегардад. Худро ба даст гиред, аз вазъияти ногувор бо сари баланд бароед. Бегоҳирӯзӣ аз коре ки пешниҳодатон месозанд, рад накунед.
Ҷавзо
Дар ин рӯз ба маслиҳати дӯстон гӯш андозед. Хусусан агар мушкили иқтисодии худро мустақилона ҳал карда натавонед. Даромади пулии хеле кам ба даст меоред. Дар ҳаёти шахсиятон аз қарори қатъии шумо чӣ гуна сурат гирифтани ояндаатон вобастагӣ дорад
Саратон
Ҷасурона аз пайи амалӣ сохтани мушкилиҳои наздикон ва камбудиҳои рӯзгор гардед. Барои он ки гирифтори зуком ва дигар бемориҳои вирусӣ нагардед, аз ҷойҳои серодам, ҷашну маъракаҳо дурӣ ҷӯед. Беҳтараш рӯзро бо наздикон гузаронед.
Асад
Имрӯз тамоми нақшаҳоятонро амалӣ месозед. Ҳар нафаре, ки бароятон азиз аст, хотирашро шод намоед. Дар оила нофаҳмӣ рух медиҳад, вазъиятро дӯсти наздикатон рафъ месозад. Ба ҳама чиз бо шубҳа нанигаред. Мулоимтар бошед, он гоҳ атрофиён низ бо шумо меҳрубон мегарданд.
Сунбула
Фаъолияти сунбулаҳои тоҷир ва савдогарон бобарор ҷорӣ гашта, корашон натиҷаи хуб медиҳад. Агар имкон дошта бошед, бештар истироҳат кунед. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ хӯрокҳои парҳезӣ истеъмол намуда, шомгоҳон аз пурхӯрӣ худдорӣ намоед.
Мизон
Бо рақибон мубориза сар мешавад. Танҳо суҳбати рӯ ба рӯ вазъиятро ба фоидаи шумо ҳал мекунад. Фикре, ки рӯзона ба саратон меояд, метавонад маблағатонро дучанд гардонад. Андешаи худро ба касе нагуфта мустақилона амал намоед. Барои оромии асаб истироҳат карданатон лозим аст.
Ақраб
Дар ин рӯз яке аз наздикон бо сухани ноҳақ хотиратонро озурда месозад. Асабонияту қаҳру ғазаби худро нигоҳ доштан душвор мешавад. Бегоҳирӯзӣ ба ҷое рафтанро маслиҳат намедиҳем. Ба дарду беморие, ки нав аз худ огаҳӣ медиҳад, бепарвоӣ зоҳир накунед.
Қавс
Хабарҳои аз роҳи дур расида аз субҳи содиқ табъатонро болида мегардонад. Дар масъалаи чӣ гуна зиёд сохтани маблағҳоятон бо хости дили худ амал намоед. Бегоҳирӯзӣ аз ҷониби нафаре, ки чанд моҳ дар оташи ишқаш месӯхтед, пайғоми хуш мешунавед.
Ҷаддӣ
Дар ин рӯз мушкили зиёде ба саратон меояд. Дар хона аз рӯйи фарзандон муноқиша мекунед. Ба ҳаёти шахсии дигарон бинӣ нахалонед, вагарна тамоми гуноҳро ба сари шумо бар мекунанд. Маблағи дар даст доштаро ҳоло сарф накунед, рӯзҳои наздик сахт ба пул эҳтиёҷ пайдо мекунед.
Далв
Ба мушкилиҳое, ки имрӯз садди роҳатон мегарданд, диққат надиҳед. Рӯзҳои наздик бе иштироки шумо низ ин мушкилиҳо рафъ мегарданд. Нисбати дӯстдоштаатон ғамхор бошеду ба қаҳру ғазаб дода нашавед. Дар ин рӯз ба касе қарзи калон надиҳед.
Ҳут
Аксари мушкилиҳоро дар ин рӯз бо кӯмаки дӯсти наздикатон рафъ месозед. Дар танҳоӣ коре аз дастатон намеояд. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед, дардҳои дерина хуруҷ мекунанд. Барои аз даст надодани ёратон, мулоимгуфтору меҳрубон бошед. Беҳтараш ба баъзе ғалатҳояш чашм пӯшед.