Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз масъалаҳои алоқаманд бо маблағ бидуни мушкилӣ ҳалли худро пайдо мекунанд. Идеяҳои худро, ки қаблан дар иҷрояшон оҷиз будед, ҳамин ҳоло дар амал татбиқ кунед. Шомро дар хона гузаронида, барои оилаатон бо дасти худ хӯроки шом омода намоед. Ба занги нафарони ношинос ҷавоб надиҳед.
Савр (21 апрел-20 май)
Ба осонӣ натиҷаи дилхоҳро ба даст меоред, ба шарте ки музокиротҳоро хуб паси сар кунед. Барои мулоқот, умуман, барои ҳамагуна машғулият рӯзи хуб аст. Агар дили шумо то ҳол озод аст, пас тақдир бароятон мулоқоти ғайричашмдоште омода кардааст. Агар ба касе ваъдае додаед, аз пайи вафои он шавед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Некбинӣ ва эътимод ба худ дар пайдо кардани шиносҳои нав кӯмак мекунанд. Андешаи худро назди худ нигоҳ доред ва эҳсоси худро ба дигарон нишон надиҳед. Муваққатан аз додани маслиҳату машварат худдорӣ намоед, вагарна ҳама балоро ба сари шумо бор карданашон аз эҳтимол дур нест.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз ба ҳеҷ ваҷҳ истироҳат гуфта, аз кор дур нашавед, вагарна мавқеи худро дар соҳаи савдо ба пуррагӣ аз аз даст медиҳед. Агар хоҳед, ки муносибататон бо хонаводаатон хуб бошад, шумо ҳам дар хона мисли онҳо бошед. Шарм накарда, аз онҳое, ки таҷрибаи калон доранд, дар бораи корашон пурсон шавед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз дар ҳаёти шумо рӯйдодҳое рух медиҳанд, ки ҳам хурсанд мешаведу ҳам ғамгин. Агар аз шумо ёрӣ пурсанд, рад накунед. Эҳтимол, нафаре пайдо мешавад, ки шуморо дар чанд коратон дастгирӣ мекунад. Вақти он расидааст, ки ба кӯмаки дӯсти наздикатон шитобед, зеро ӯ ба шумо эҳтиёҷ дорад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Ба зудӣ давраи мусоид фаро мерасад ва дар ҳамаи самтҳои фаъолияти шумо пешравии назаррасро дидан мумкин аст. Бо одамон дағалӣ накунед, ҳатто агар душмани шумо бошанд ҳам. Қувваи худро ба корҳое сарф кунед, ки пештар ба нақша гирифта будеду барои иҷрояшон фурсати муносиб намеёфтед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз нисбат ба кори худ масъулиятшинос бошед. Фаромӯш накунед, ки дар зери назорати сардоратон қарор доред. Барои кӯчидан ба хонаи нав ё иваз кардани ороиши дохили хона рӯзи мусоид аст. Ба худатон низ дигаргунӣ ворид намуда, ба намуди зоҳириятон бештар аҳамият диҳед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз бо ҳамагон меҳрубон буданро тавсия медиҳем. Ба онҳое, ки аз шумо кӯмак мепурсанд, ба қадри имкон ёрӣ расонед. Баъзеҳо ба шумо ногаҳон таваҷҷуҳ мекунанд, аммр ба онҳо эътимод накунед. Шояд нияти онҳо мисле ки шумо фикр мекунед, пок набошад. Даромади иловагӣ дар назар нест, баумед нашавед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз ба дӯстони пешина такя карда, нақшаҳои навро амалӣ карда метавонед. Ба болои хубии як нафари дигар пой нагузоред, зеро замоне фаро мерасад, ки боз коратон ба ҳамон нафар меафтад. Нафаре ҳастед, ки дар бисёр мавридҳо дурӯғ мегӯед. Ин хислати худро партоед ва кӯшиш намоед, ки ба ростгӯӣ одат кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз шарт нест, ки тамоми рӯз кор кунед. Ҳатто агар як дақиқа вақти холӣ ёфтед, ба истироҳату фароғат машғул шавед. Миёни шумову дӯстдоштаатон нафари севум пайдо мешавад, ки ба муносибатҳои шумо таъсир мерасонад. Ваъдахилофӣ накунед, зеро ин хоси ҷаддиҳо нест.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз дар ҳаёти шахсӣ шуморо сюрпризҳои гуворо интизор аст. Баъзе далвҳо ба висоли дӯстдоштаи худ мерасанд ва дили нафареро, ки дӯсташ медоранд, ба даст меоранд. Барои харид рӯзи хуб аст, аммо агар хоҳед, ки бо ҳамёни холӣ ба хона барнагардед, аз хариди беҳуда худдорӣ намоед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз таваккал карда, ба пеш ҳаракат кунед. Тақдир худаш шуморо ба самти дуруст хоҳад бурд. Кори аз ҳад зиёдро ба уҳда нагиред, вагарна ба худатон дарди сар эҷод мекунед. Имрӯз калимаи “мехоҳам”-ро фаромӯш кунед ва аз харҷи беҳудаи маблағҳои пасандозкардаатон худдорӣ намоед.