arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 29-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2021
3423

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз аз уҳдаи корҳои душвор баромадан муяссаратон мегардад. Аз дӯстону атрофиёни худ эҳтиёт шавед, нафаре ки ба боварии шумо даромадааст, дар фикри душманӣ кардан аст. Агар пули дар даст доштаро босуръат сарф кардан гиред, то охири моҳ азоби бепулӣ мекашед. Аз нафароне, ки нишонаҳои бемории зуком доранд, канораҷӯӣ намоед. Истироҳат карданро фаромӯш насозед.

Савр (21 апрел-22 май)

Рӯи камташвиш аст. Дар ҷойи кор ва оила нофаҳмиҳо ва мушкилиҳо камтар мешавуанд. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки пеш аз кореро кардан аз чанд нафар ёру рафиқон маслиҳат пурсед. Барои таъмири асбобҳои хона ва рангу бор вақти мусоид нест. Хубтараш вазъиятро ором намуда баъд ба корҳои дуюмдараҷам машғул бошед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Рӯзи душвор аст. Дар касбу кор ва ҳаёти шахсӣ мушкилиҳо пеш меоянд. Беҳтарин коре, ки ба фоидаи худ карда метавонед, аз дағалӣ нисбати атрофиён худдорӣ кардан аст. Дар ҳаққи шумо ғайбат ва туҳмат кардани бадхоҳон имкон дорад. Саломатиятон аз тағйирёбии боду ҳаво вобастагӣ дорад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Ба ғайбат ва тӯҳматҳо аҳамият надода фақат ба пеш ҳаракат кунед. Коре кунед, ки рӯҳан Шуморо шикас надиҳанд. Барои харид дар бозор рӯзи мусоид аст. Нафарҳои оиладорро мебояд барои оилаи худ бештар вақт ҷудо намоянд.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Дар ин рӯз атрофиён аз корчаллонии шумо ба ваҷд меоянд. Нимаи аввали рӯз барои харидкунӣ мусоид аст, баъди нисфирӯзӣ бо мушкилиҳои хона машғул шуданатон лозим меояд. Асадҳое, ки имрӯз аз дӯстдоштаи худ меранҷанд, имкони оштӣ шуданашон душвор мегардад. Ба тозагии худ ва хонаву дар диққати хоса зоҳир намоед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи душвор аст. Аз муноқиша бо одамони ношинос худдорӣ намоед. Вазъияти душворе, ки дар байни шумову дӯстдоштаатон вуҷуд дошт, рафъ гашта, ҷояшро меҳру муҳаббат фаро мегирад. Ба қаҳру ғазаб ва худхоҳӣ роҳ надиҳед ва одати аз пашша фил сохтанро партоед. Аз шамол хӯрдан эҳтиёт шавед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Нимаи аввали рӯз хабару ҳодисаҳое имкон доранд, ки болидарӯҳӣ мегарданд. Бо вуҷуди монеаҳо нуқтаи назари худро пайгирӣ карданатон лозим меояд. Баъди нисфирӯзӣ бо дӯсти боэътимод ё нафари хайрхоҳе вомехӯред, ки барои аз вазъияти душвор берун шудан кӯмак мекунанд. Ҳама гуна харидатон дар ин рӯз бобарор мешавад.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз аз фиребу найранг ва кӯшиши чизеро пинҳон кардан худдорӣ намоед. Дар ҷодаи дӯстӣ ва муҳаббат танҳо самимият ва поквиҷдонӣ шуморо муваффақ мегардонад. Дар бораи мушкилу хоҳишҳои худ ҷасурона ҳарф занед, имкониятҳои нав пеш меоянд.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Дар ин рӯз барои оғози кори нав омода бошед. Имкони ҳунару маҳорати хешро нишон доданатон фароҳам меояд, ба ҳеҷ ваҷҳ кореро, ки аз уҳдааш намебароед, ба дӯш нагиред. Агар дӯстдошта дошта бошед, ҳатман бо меҳрубонӣ хотирашро шод гардонед. Агар муҷаррад бошед, барои пайдо намудани бахти худ кӯшиш намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз худхоҳии худро ба наздиконатон нишон надиҳед. Фаромӯш насозед, ки на ҳама метавонанд бо нуқтаи назари шумо ҳамфикр бошанд. Агар соҳиби фарзанд бошед, ин ҳақиқатро ба онҳо низ омӯзед. Хабари ногаҳонӣ вазъиятатонро ба куллӣ тағйир медиҳад. Барои корҳои вазнини ҷисмонӣ рӯзи мусоид аст.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Нимаи аввали рӯз банақшагирии корҳои муҳими худро ба анҷом расонида, баъди нисфирӯзӣ нақшаҳоятонро вобаста бо вазъи молиятон тарҳрезӣ намоед. Аз суҳбати нафарони аҷиб рӯ нагардонед, имрӯз хабари муфид мешунавед. Дӯстдоштаатон серкориятонро нишонаи бемеҳрӣ шуморида, аз шумо меранҷад.

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Рӯзи ором аст. Бо кори зиёд худро хаста насозед, беҳтараш қувваи худро барои корҳои минбаъда ҷамъ кунед. Муносибати худро бо одамон тағйир дода, хафагиҳоро бубахшед. Хафагиву ранҷишро аз худ дур сохта, худро беҳтар ҳис мекунед. Ҳутҳои муҷаррад бояд ба гардиши ногаҳонии қисмат омода бошанд.

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД