arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 29-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2024
2463

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Худписандӣ ва ҳавобаландӣ дӯсти наздикатонро аз шумо дур мекунад. Дилозориро бас кунед, вагарна тамоми дӯстонатон аз шумо рӯй мегардонанд. Агар танбалӣ накунед, маблағи калон ба даст меоред. Албатта баргардонидани қарзҳоятонро фаромӯш накунед. Вохӯрии ногаҳонӣ шуълаи меҳру муҳаббатро дар дилатон бедор мекунад.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар коргоҳатон дигаргуниҳои куллӣ дар назар аст. Шояд гирифтани вазифаро интизор набудед, вале акнун миёнатонро маҳкам бандед. Дар ин рӯз хатогие мекунед, ки боварии дӯстдоштаатонро коста мегардонад. Гуноҳатонро ба гардан гиред, шояд ин амал боварии ӯро дубора барқарор намояд. Дар ёд доред, ки булҳавасӣ хоси бурҷи шумо нест ва он саврҳоро танҳо бадбат месозаду халос. Вафодориро омӯзед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз ба назаратон чунон менамояд, ки ду роҳ барои интихоб ҳаст ва кадомеро, ки интихоб накунед, ба марра наздик мешавед. Хато мекунед. Аз паси ду заргӯш, яъне аз паи ду ишқ надавед, дар акси ҳол аз ҳар ду бенасиб мемонед. Ба саломатии наздикони худ диққат диҳед, барои табобат гирифтан кумак расонед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Қабл аз кореро ба анҷом расонидан хуб фикр карда, баъдан нақшаҳоятонро дар амал татбиқ намоед. Қадами беандеша гузошташуда метавонад корро дӯлоб созад. Рафту вазъи саломатиатон каме бад шавад, зуд ба духтур муроҷиат кунед. Вохӯриҳои корӣ ва бастани шартномаҳоро беҳтараш ба таъхир гузоред.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рӯз тиҷорататон рушд меёбаду даромади калон ба даст меоред. Омадани хостгор ба рӯйи асадхонумҳои нозанин дари бахтро кушода, зиндагиашонро рангу маънии нав мебахшад. Аммо мардони ин бурҷро пайдо шудани ёри гумгашта аз шодӣ саргаранг месозад. Душманонатон гапу гапчаҳои зиёдеро паҳн мекунанд. Сабуриро пеша кунед, вагарна бадхоҳон ба мақсадашон мерасанду дубора шуморо ҷудо месозанд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Хислату рафтор ва зиндагиятонро тағйир диҳед, вагарна танҳо мемонед. Рӯзи хубест барои вохӯрӣ бо дӯстону наздикон. Ниҳоят орзуи деринаатонро амалӣ карда метавонед. Бо нафароне, ки корашон пайваста ғайбату гапбофӣ аст, риштаи дӯстӣ набандед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Шуморо зарур аст, ки қобилиятатонро нишон диҳед, зеро вазифае, ки кайҳо орзу мекардед, шуморо интизор аст. Душманони ашаддӣ аз ин болоравиатон дар вазифа огоҳ шуда, кӯшиш мекунанд, ки коре карда, зарарашонро расонанд. Эҳтиёт бошед, вале қасос нагиред.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Вохӯриҳои муҳимро ба вақти дигар гузореду корҳои нобасомонатонро пайгир шавед. Дар давоми рӯз таклифҳои хуби корӣ дар назар аст. Хуб фикр кунеду баъдан роҳбаратонро аз қарори худ огоҳ созед. Даъво кунед, ки маошатонро зиёд кунад, вагарна ба кори дигар мегузаред. Барои он ки вазъи саломатиятон бад нашавад, бо пайдо шудани аввалин нишонаҳои беморӣ аз пайи ташхис шавед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Аввали рӯз бо нобарориву мушкилоташ табъатонро хира мекунад. Ҳар коре, ки оғоз намоед, бебарор хоҳад шуд, аз ин рӯ, тамоми корҳои муҳиматонро ба таъхир гузоред. Дар ҷодаи ишқ нафарони муҷаррадро гулхани тозаи эҳсосоти ширин интизор аст. Ишқе, ки дар ҳамин шабу рӯз тавлид мешавад, бобарору бахтовар хоҳад буд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Душвориҳоеро, ки пеш меоянд, танҳо бо оромию заковат метавон бартараф намуд. Шартномаҳо бо хориҷиён манфиатовар хоҳанд гашт. Агар боақлона амал намоед, кордатон болои равған мешавад. Ба касе бовар накунед, то сахт фиреб нахӯред. Аз дӯстони наздикатон низ талаб намоед, ки барои тасдиқи гапҳояшон ҳуҷҷат ва далелҳои ҷиддӣ пешниҳод кунанд.

Далв (21 январ-20 феврал)

Вохӯрӣ бо дӯстони ҷонӣ метавонад боиси шиносоии нав ва оғози ишқи бошукӯҳ гардад. Бо мадади як дӯстатон кори нави даромаднок меёбед. Агар донишу маҳорататонро нишон дода тавонед, ин вазифа нардбоне мегардад, ки ба қуллаҳои баланди мансаб мебарад. Барори коратон ба дилёбию меҳнати самимонаи шумо сахт марбут аст.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар масъалаҳои корӣ баъзе дилхарошиҳо сар мезананд. Нимаи дуюми рӯз ҳамкоратон бо гапҳои дурӯғаш шуморо дар ҳолати ногувор мегузорад. Зиқӣ накунед, ин барои шумо дарси адаб хоҳад шуд. Аз таклифҳои корӣ дурӣ ҷӯед, ҷои гарматонро хунук накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД