Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз танҳо мондан бароятон муяссар намешавад, диққати зиёд ба шумо равона хоҳад буд. Дӯстони наздик ва шиносон шуморо фаромӯш намекунанд. Аммо равобити хуб бо онҳо ҳамеша осон нест. Агар эҳсосоти худро зери назорат нагиред, ба баҳс кашида мешавед. Аз фикру мулоҳизаи зиёдатӣ худдорӣ намоед, то фурсати хубро аз даст надиҳед. Тансиҳатии шумо дар дасти шумост, ба реҷаи дурусти кор ва истироҳати кофӣ аҳамият диҳед.
Савр (21 апрел-21 май)
Муҳаббатро дар ҳар гӯша бояд ҷустуҷӯ кард, дар интернет, кӯча, коргоҳ ва ҳатто мағозаҳо. Нигоҳҳои пурмаҳаббати дигарон аз шумо дур намешаванд. Ба зебо кардани хонаи худ машғул шавед. Аз корҳои ҷиддӣ худдорӣ намоед, имрӯз бештар рӯзи фароғат аст. Ба эҳсосоти худ ва садои ботин гӯш андозед, хусусан дар масъалаҳои молӣ. Варзишро фаромӯш накунед, фитнес, йога, ё шиноварӣ, интихоб бо шумост.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Реалист бошед ва бо дӯстдоштаатон ошкоро сӯҳбат кунед. Ҳақиқатҳоеро, ки дигар наметавон нодида гирифт, бояд қабул кард. Имрӯз метавонед дар назари дигарон дурахшед ва қобилияти худро нишон диҳед. Дар баробари мушкилот бетараф набошед, сабабро ҷӯё шавед. Қарз нагиред ва ба корҳои тиҷоратии шубҳанок ворид нашавед. Вазни зиёд набардоред, эҳтиёт шавед, ки ба сутунмуҳра осеб нарасонед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Шояд имрўз дар зиндагии шумо як ишқи нав шурӯъ шавад. Қуввату нерӯи зиёд хоҳед дошт, онро барои корҳои муҳим сарф кунед. Барои таълиму тарбияи фарзандон ва оромии хонавода вақт ҷудо кунед. Хонаатонро обод созед. Имрӯз дар кор комёбиҳои зиёд имконпазиранд. Вале дар масъалаҳои молӣ эҳтиёт кунед, қарздорҳо бештар зери таъсир мемонанд. Ба дӯстдоштаатон дили худро боз кунед, то изтироб ва фишор рафъ гардад.
Асад (23 июл-21 август)
Имрӯз эҳтимоли нофаҳмӣ бо шахси наздик зиёд аст. Кӯшиш намоед, ки низоъро дар оғоз ҳал кунед. Машварати як дӯст метавонад роҳи ҳалро нишон диҳад. Дар масъалаҳои корӣ ба ҳисси худ такя кунед, на ба гуфтаҳои ҳамкорон. Имконияти хубест барои мустаҳкам кардани муносибатҳо ва ба даст овардани кӯмаки молӣ. Имрӯз ба зебоӣ ва саломатии худ диққат диҳед. Ниқобҳои хонагӣ ва парҳез фоидаи зиёд доранд.
Сунбула (22 август-23 сентябр)
Имрӯз муносибатҳои нав барқарор мешаванд, эҳтимол дӯст ё ҳамдами наздик пайдо мекунед. Пеш аз сухан кардан, андеша кунед, ҳарфе нагуед, ки дигаронро ранҷонад. Шумо дар ҷои кор меҳнати зиёд мекунеду хеле хоксор ҳастед. Пешниҳодҳои навро бодиққат дида бароед. Орзуҳои деринаро амалӣ созед ва аз ҳаёт лаззат баред.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз наздиконатонро ба ҳайрат оред. Муҳаббати худро ба шахси дӯстдоштаатон ифшо намоед. Эҳтимол лозим шавад, ки вазифаҳои дигаронро ба уҳда гиред. Вале вазъиятро хуб таҳлил кунед ва нақшаҳои молиро бо эҳтиёт иҷро намоед. Имрӯз аз оғози корҳои калон худдорӣ кунед. Ба машқи бадан вақт ҷудо намоед, ақаллан ним соат. Вагарна нишонаҳои сустҳаракатӣ зоҳир мешаванд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Агар то ҳол ҳамсари ҳаётӣ надоред, дили худро боз намоед. Имрӯз имкони фоида овардан ба худ ва дигарон вуҷуд дорад. Сирҳои шахсии худро ба ҳар кас нагӯед, нафаре ба шумо ҳасад мебарад. Пеш аз қабули қарор ҳама чизро бодиққат баррасӣ кунед. Ба маслиҳати шиносҳои тасодуфӣ такя накунед. Ба тарзи хӯрокхӯрӣ диққат диҳед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Агар нафаре дер боз писандатон аст, имрӯз метавонад ба шумо таваҷҷӯҳ нишон диҳад! Зиндагии шахсии шумо гармтар мешавад. Имрӯз сӯҳбати муҳим гузаронида метавонед. Дар корҳои фикрӣ ва эҷодӣ муваффақ мешавед. Пешниҳодҳои нави молӣ эҳтимол доранд. Ҳатто дар бозиҳои пулакӣ бохта нахоҳед шуд. Баъзеҳо хастагӣ ва ёди рӯзҳои гузашта мекунанд, вале хотираҳо низ хушбахтӣ меоранд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз эҳсосоти гарме миёни шумо ва ҳамсаратон эҳё мешавад. Қобилияти шумо ба диққат додан ба ҷузъиёти хурд метавонад боиси нофаҳмӣ гардад. Эҳсосоти худро боэҳтиёт баён намоед. Ҳаётро бо тамоми имкониятҳояш қабул кунед, вале кӯмаккунандагонро низ қадр намоед. Дар масъалаҳои молӣ эҳтиёт кунед, боварии аз ҳад зиёд метавонад зараровар бошад. Имрӯз эҳтимоли болоравии фишори хун зиёд аст.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз шояд бо шахси сарватманд шинос шавед ва ин шиносоӣ метавонад ояндаи шуморо тағйир диҳад. Дар масоили молӣ ба фикри худ эътимод дошта бошед. Аз маслиҳатҳои шубҳанок парҳез намоед. Агар сардард дошта бошед, ба ҷои дору хӯрдан ба табиб муроҷиат кунед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Нимаи дуюми рӯз дар ҳаёти шахсӣ як равшании нав хоҳад овард. Низоъҳои гузашта ҳал мешаванд ва муҳаббат пирӯз мегардад. Агар дар ҷустуҷӯи кори нав бошед, имрӯз вақти муносиб аст. Дар сӯҳбатҳо қобилият ва касбиятатонро нишон диҳед. Бетаваҷҷӯҳӣ ҳатто дар як лаҳза метавонад ба оқибатҳои нохуш оварда расонад. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳои муҳим эҳтиёт кунед. Имрӯз эҳтимоли хатарҳо ва муноқишаҳо зиёд аст.