Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз беҳтараш диққати худро ба корҳо ва масъалаҳои шахсӣ равона кунед, зеро дар ҷодаи муҳаббат ҳоло каме душворӣ эҳсос мешавад. Мумкин аст бо наздикон нофаҳмӣ сар занад, аммо сабр ва меҳрубонии шумо ҳамаро ором мекунад. Бадхоҳон мехоҳанд шуморо шарманда созанд, вале баръакс обрӯятон меафзояд. Аз аҳли оила пули зиёд талаб накунед. Барои саломатӣ парҳези кӯтоҳмуддат муфид аст.
Савр (20 апрел-20 май)
Рӯзи пур аз эҳсос аст ва танҳо аз шумо вобаста аст, ки чӣ гуна рафтор мекунед. Касоне ки қадам ба қадам пеш мераванд, муваффақ мешаванд. Шумо метавонед нақшаҳои кориро дар муҳити ором муҳокима намоед, ки натиҷаи хуб медиҳад. Дар масъалаҳои пулӣ худро бо дигарон муқоиса накунед. Барои саломатӣ беҳтараш бештар ба сайругашт бароед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Агар ҳамсар надошта бошед, вақти он расидааст, ки нақшаи дақиқтар барои муҳаббат тартиб диҳед. Шахси наздик ба шумо туҳфаи гуворо омода кардааст, онро бо меҳр қабул кунед. Аз баҳс бо роҳбар дурӣ ҷӯед, ин фоида надорад. Бештар ба садои қалб такя кунед, ҳатто қарорҳои ғайричашмдошт низ метавонанд ба фоидаи шумо бошанд. Энергияи зиёд доред, вале эҳтиёт бошед: эҳтимоли ҷароҳат бардоштан ва шамолхӯрӣ зиёд аст.
Саратон (21 июн-22 июл)
Орзуҳои дастнорас танҳо вақтатонро мегиранд, беҳтараш фикрҳои заминӣ кунед. Корҳоро ба фардо нагузоред, агар аз кори хурд оғоз кунед, мушкилот тадриҷан ҳал мешаванд. Бо устуворӣ ба ҳадафи худ мерасед, новобаста аз он ки дигарон чӣ мегӯянд. Қадамҳои худро бодиққат андешида, аз қиморбозӣ дурӣ кунед. Имрӯз эҳсоси ғамгинӣ ва танҳоӣ эҳтимол дорад.
Асад (23 июл-22 август)
Дар муносибатҳои ошиқона қабл аз хафа шудан, сабаби рафторҳои дӯстдошта ё ҳамсаратонро аниқ намоед. Бо ҳамкорон нофаҳмӣ имконпазир аст, онҳо оромии шуморо ҳамчун ғурур қабул мекунанд. Шахси дӯстдоштаатон бояд дар ҷойи аввал бошад. Барои оромӣ ва эҳсоси хуб ба табиат бароед, сайругашт ба шумо қуввату рӯҳбаландӣ мебахшад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Интизории зиёд метавонад ба муносибатҳои ошиқонаатон фишор оварад. Дар бораи хоҳишу орзуҳои худ бо ҳамсаратон ошкоро суҳбат кунед. Баъзе чизҳоро махфӣ нигоҳ доред, зеро ҳатто дӯст метавонад нохост сирри шуморо ошкор кунад. Агар аз ҳад зиёд ҳавобаландӣ кунед, дӯстони худро аз даст медиҳед. Дар масъалаҳои молӣ ба ҳисси ботинӣ такя кунед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед, зеро хатари гирифтор шудан ба беморӣ вуҷуд дорад.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз имкони дидори шахсе ҳаст, ки метавонад нақши муҳим дар зиндагии шумо бозад. Агар аз корҳои яксон хаста шуда бошед, истироҳати кӯтоҳ бо наздиконатон ба манфиат хоҳад буд. Лоиҳаи корӣ метавонад бесамар бошад, вале бо сабр шумо муваффақ мешавед. Дар оила нарасидани маблағ метавонад боиси баҳс шавад, пеш аз харидкунӣ бо наздикон маслиҳат кунед. Шансҳои аздастрафтаро фаромӯш карда, ба имкониятҳои нав диққат диҳед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз шумо зиёд дар бораи шахсе фикр мекунед, ки бо ӯ нофаҳмӣ доштед. Барои осоиш беҳтараш фикрҳои манфиро аз сар дур созед. Аз ҷамъ шудани корҳои зиёд худдорӣ кунед, то баъдан истироҳатро аз даст надиҳед. Хароҷоти беҳуда вазъи молиро хароб мекунад. Аз хӯрокҳои зудпаз ва навовариҳои ошпазӣ дурӣ ҷӯед, саломатиро эҳтёит кунед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Аз ҳасудон эҳтиёт шавед, онҳо мехоҳанд шуморо аз наздиконатон ҷудо кунанд. Дар қарорҳо оҳиста амал кунед. Нисфирӯзӣ вохӯрӣ бо дӯстони кӯҳна имкон дорад, кӯшиш кунед ҷанҷолҳои пешинаро ёд наоред. Пеш аз зӯҳр бахт ба ҷониби шумост, эҳтимол аз шарик ё аз ҷое ногаҳон кӯмаки пулӣ бирасад. Шом хӯроки вазнин нахӯред.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Агар бо шахси наздикатон нофаҳмӣ дошта бошед, шояд сабаб на танҳо дар ӯ, балки дар хоҳишҳои зиёди худатон бошад. Имрӯз имкони ҳал кардани баҳси кӯҳнаи оилавӣ фароҳам мешавад. Корҳои зиёди таъҷилӣ ба миён меоянд, кӯшиш кунед аз ҳамкорони ботаҷриба кумак гиред. Даромади шумо тадриҷан меафзояд ва лоиҳаҳои калон ба нафъи шумо анҷом меёбанд. Барои саломатӣ аз парҳезҳои сахт дурӣ кунед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз баъзеҳо мехоҳанд муносибатҳои ошиқонаи худро хотима диҳанд, шахсеро, ки дили шуморо хаста кардааст, нигоҳ надоред. Оиладорон метавонанд дӯстони нав пайдо кунанд, аммо аз ҳад нагузаред, то боиси рашки ҳамсар нашавад. Имрӯз бахту барор ёри шумост, аз ин фоида бардоред. Агар пулро дуруст идора накунед, давраи бенавоӣ меояд. Неруятон кам аст, аз корҳои вазнини ҷисмонӣ ва фикрӣ худдорӣ кунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Шумо қувва ва имкониятҳои худро аз ҳад зиёд ҳисоб мекунед, беҳтараш эҳтиёткор бошед. Дар оила муносибатҳо гармтар ва дӯстона мегарданд, вақти бештарро бо наздикон гузаронед. Аз имрӯз қувва ҷамъ кунед, зеро рӯзҳои оянда имкониятҳои хуб барои кор ва зиндагӣ пайдо мешаванд. Имрӯз барои шиносоӣ ва корҳои тиҷоратӣ хуб аст. Ба саломатии худ диққат диҳед ва варзише, ки хавфнок аст, канор гузоред.