Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз имконияти беҳтар кардани муносибат бо шахси дӯстдоштаатон пайдо мешавад. Гарчанде нишонаҳои оташи муҳаббат эҳсос намешавад, аммо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ шуморо наздиктар мекунад. Каме нофаҳмиҳо метавонанд рӯҳияи шуморо коҳиш диҳанд, аммо ҳеҷ далели ҷиддие барои ташвиш нест. Дар коратон шояд тағйироти ғайричашмдошт рух диҳад. Дар масъалаҳои пулӣ ҳушёр бошед, шахсе метавонад шуморо фиреб диҳад.
Савр (20 апрел-20 май)
Агар муносибати ошиқона оғоз шавад, беҳтар аст, ки онро пинҳон кунед. Имрӯз одамони атроф метавонанд дағал ва якрав бошанд, аз ин рӯ, ба баҳсҳо қуш нашавед. Шиносоиҳои нав, сафарҳо ва эҳсосоти тоза ба шумо рӯҳбаландӣ мебахшанд. Имрӯз барои харидкунӣ вақти мусоид аст. Аз ширинии зиёд худдорӣ кунед, то ки вазни зиёдатӣ нагиред ва бемор нашавед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз барои мулоқоти ошиқона вақти хуб нест, зеро эҳтимоли муноқиша зиёд аст. Ҳангоми муошират бо шахси дӯстдошта эҳтиёткор бошед ва эҳсосоти худро назорат кунед. Дар ҷои кор низ худро аз баҳсҳои нолозим дур нигоҳ доред. Агар фаъол ва ҳушёр бошед, имконияти муваффақ шудан зиёд мешавад. Барои саломатӣ вақт ҷудо кунед ва ҳадди ақал ним соат ба варзиш машғул шавед, то аз бемориҳо пешгирӣ намоед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз бояд дар зиндагии шахсиатон қарорҳои муҳим қабул кунед. Шояд ба ишқи дерина посух диҳед. Беҳтар аст, ки бо оила ва наздикон вақт гузаронед. Дар муҳити корӣ бо одамоне рӯ ба рӯ мешавед, ки онҳоро ҳамеша қадр мекардед ва ин метавонад ба пешрафти шумо кӯмак кунад. Аз харҷҳои беҳуда худдорӣ кунед ва маблағи худро оқилона истифода баред. Агар имкон бошад, ба табиат бароед ва ҳавои тоза гиред.
Асад (23 июл-22 август)
Ҳоло вақти орзукунӣ нест, ҳақиқат талх ҳам бошад, онро қабул намоед. Агар шумо мехостед баъзе ҳуҷҷатҳои худро тахт кунед ё ба идораҳои даркорӣ муроҷиат намоед, беҳтар аст, ки ин корро ба рӯзи дигар гузоред. Имрӯз каме серташвиш мешавед, аммо зарар намебинед. Агар хастагӣ ва рӯҳафтодагӣ ҳис кунед, бештар истироҳат кунед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Муносибатҳои шумо бо дӯстдоштаатон пур аз меҳру муҳаббат хоҳанд буд. Шахсе, ки қаблан бо шумо робитаи хуб надошт, метавонад ба шумо ёрӣ расонад. Аз хатогиҳои гузашта пушаймон нашавед, ба пеш ҳаракат кунед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Кӯшиш кунед, ки аз лаҳзаҳои нохуши рӯз дурӣ ҷӯед ва танҳоӣ ихтиёр кунед. Имрӯз барои иҷрои корҳое, ки муддати дароз ақиб монда буданд, вақти хуб аст. Агар кори ҳаррӯза шуморо дилгир кардааст, ба фаъолияти эҷодӣ рӯ оред. Эҳтимоли пайдо шудани баҳсҳои молиявӣ вуҷуд дорад, кӯшиш кунед, ки ба онҳо бетаваҷҷуҳ бошед. Барои нигоҳ доштани саломатӣ ба варзиш ё гаштугузори сабук машғул шавед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Гарчанде ки рӯзҳои гузашта пур аз мушкилот буданд, имрӯз ҳис мекунед, ки муваффақият наздик аст. Сирру асрори шахсии худро ҳатто бо дӯстони наздик низ ошкор накунед. Аз харҷҳои беҳуда ва қарз додан худдорӣ кунед. Имрӯз эҳсосотатонро назорат кунед, то ки дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон суханони нохуш нагӯед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз эҳтимол бо дӯстдоштаатон вохӯрӣ кунед, пас кӯшиш кунед, ки намуди зоҳирии худро зеботар кунед. Бегоҳиро бо оила ва наздикон гузаронед. Агар бо тиҷорат машғул бошед, ҳатто ба дӯсти худ бовар накунед. Ба саломатии худ диққат диҳед ва аз хӯрокҳои серкалория ва машрубот парҳез кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Шумо бо дӯстдоштаатон якҷоя мушкилотро паси сар намуда, ҳалли беҳтаринро пайдо мекунед. Оилаатон пур аз хушбахтӣ хоҳад буд. Ба атрофиён такя накунед, мустақилона амал кунед, то ки ноумед нашавед. Фикри пешрафти шахсӣ ва нақшаҳои дарозмуддатро кунед. Имрӯз варзиш ва ғизои солимро сармашқи зиндагии худ намоед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Тағйироти муҳим дар зиндагии шахсиятон рӯй медиҳад. Эҳтимол шахси дӯстдоштаатон шуморо бо пешниҳоде шод гардонад. Вақти хуб барои ба меҳмонӣ рафтан ё наздиконро ба хона даъват намудан аст. Бо шахсе робита пайдо мекунед, ки метавонад ба карераи шумо кумак расонад. Ҳанӯз ҳам хароҷоти худро назорат кунед. Бегоҳ эҳтимоли хастагии зиёд вуҷуд дорад, пас бештар истироҳат кунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз эҳтимоли нофаҳмӣ бо шахси дӯстдошта зиёд аст. Бо кӯдакон каме мушкилот пайдо мешавад, аммо шумо онро бартараф карда метавонед. Бо шахсоне, ки метавонанд дар масъалаҳои корӣ ба шумо кумак расонанд, шинос мешавед. Аз хариди зиёд худдорӣ кунед. Имкони гирифтор шудан ба бемориҳои мавсимӣ зиёд аст, вале онҳо зуд мегузаранд.