Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 28-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2021
2645

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз мушкилоти молиявӣ маҷбур месозад, ки нақшаҳои аввалиндараҷаи худро ба таъхир гузошта, аз пайи кори дигар шавед. Аз дӯстону наздикон кӯмак пурсида метавонед, вале беҳтар мебуд, ки назди касе муҳтоҷ буданатонро нишон надиҳед. Бегоҳирӯзиро ҳамроҳи шахси дӯстдоштаатон гузаронед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз монеаву мушкилиҳои зиёде дар касбу коратон пеш меоянд. Орзуи деринаи мардҳо ҷомаи амал мепӯшад. Зиндадилиатон бонувонро ба ваҷд меорад, аз ин рӯ, аз дағаливу якравӣ худдорӣ намоед. Бонувон ба асабхаробӣ ё хасташавӣ мубтало мегарданд. Имкони дарди сар, ғамгинӣ ё бемадорӣ вуҷуд дорад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Нохуб шудани вазъи саломатиятон ба касбу коратон таъсир мерасонад. Эҳтимол, муносибататон бо ҳамкорон, роҳбарият ва дӯстону наздикон бад мегардад. Вохӯрие имкон дорад, ки ногувориҳои зиёдеро ба бор оварда метавонад. Қабл аз хоб каме сайругашт карда, як пиёла ширро бо асал нӯшед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Диққататон ба мушкилиҳои корӣ равона мегардад. Мушкилоти молиявӣ зуд рафъ мегардад. Ба саломатии худ диққат дода, ба асабоният роҳ надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ дар муҳити ором истироҳат намоед. Дӯстдоштаи худро наранҷонед, вагарна оштӣ шуданатон душвор мегардад. Аз харидани чизҳои нодаркор худдорӣ намоед.  

Асад (23 июл-22 август)

Қобилияти кориятон баланд мешавад, вале хабар ё рафтори шахси наздик боиси хира гаштани табъатон мегардад. Меҳнати дастаҷамъона дар ин рӯз самар намеорад, аз ин рӯ, танҳо ба қувваи худ умед бандеду халос. Саломатии худро дар мадди аввал гузоред. Изҳори муҳаббат карданро дар ин рӯз тавсия намедиҳем.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Барои он ки муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта вайрон нагардад, бояд якдигарро дарк карда тавонед. Ин кор бароятон бо душворӣ даст медиҳад, вале сабру таҳаммул ба шумо мадад мерасонад. Айни замон мушкилиҳои ҷиддӣ пеши роҳатонро намегиранд. Маблағи дар даст доштаро сарфакорона истифода баред.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи бобарор аст. Муносибататон бо ҳамкорон, роҳбарият, дӯстон ва наздикон беҳтар мегардад. Вохӯрии ошиқона табъатонро болида ва хурсандатон месозад. Нимаи дуюми рӯз каме нотоб гаштанатон имконпазир аст. Қабл аз хоб сайругашт кардан хуб аст. Маблағеро, ки кайҳо боз интизор будед, ҳамин рӯз ба даст меоред.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ҳодисаҳое имкон доранд, ки шуморо ба тағйиротҳои судманд водор месозанд. Вақте расидааст, ки вазъи зиндагии худро беҳтар гардонед. Корҳои нотамомро ба анҷом расонида, мушкилиҳоро рафъ намоед, то ки дигар пайдо нашаванд. Саломатиатон аз шумо эҳтиёткориро талаб мекунад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз дар масъалаҳои пулӣ сарфакор бошед. Ба касе қарз надиҳед ва қарз ҳам нагиред. Аз баҳри корҳое гузаред, ки ҳал шуданашон ба пул вобастагӣ доранд. Ҳангоми харидорӣ намудани чизҳои даркорӣ ва хӯрока маблағи зиёд сарф карданро маслиҳат намедиҳем. Вохӯрии ошиқона ногувориҳои зиёдеро ба саратон меорад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи бебарор аст. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан, вазъиятро нағзакак ҳаллу фасл намуда, варианти беҳтаринро интихоб намоед. Маблағи хуб ба даст оварда наметавонед. Саломатиятон дар ин рӯз хуб аст, вале каме худро бемадор эҳсос мекунед. Дӯстдоштаатон бо рашкаш табъатонро хира месозад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ҷодаи касбу кор танҳо бо майлу хоҳиши худ амал намоед. Вохӯриву масъалаҳои корӣ бобарор анҷом ёфта, даромади хуб ба даст меоред. Дар ҳаёти шахсиатон тағйиротҳо имкон доранд, хусусан, мардҳоро навигарӣ интизор аст. Беморие, ки имрӯз пайдо мешавад, табобаташ дуру дароз тӯл мекашад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи душвор аст. Барои он ки ба ғалат роҳ надиҳед, рӯзро дар танҳоӣ паси сар кунед. Саломатиятон аз шумо истироҳати бароҳату бардавом ва чораҳои пешгирикунандаи бемориҳоро талаб мекунад. Ба нафаре, ки худро ошиқи шайдои шумо нишон медиҳад, дарҳол бовар накунед. Фиреб хӯрданатон имконпазир аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД