Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар зиндагиятон ҳодисаи аҷибе рух медиҳад, ки оғози тағйиротҳои муҳим мегардад. Мутаассифона, вазъиятро таҳти назорат гирифтанатон душвор мегардад. Ба дӯсти дерин ё нафаре, ки сахт эътимод доред, умед баста метавонед. Барои ҳамалҳое, ки ошиқанду изҳори муҳаббат кардан мехоҳанд, рӯзи бобарор аст.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз ба ҳолати ногувор афтида, кӯшишҳоятон барбод мераванд. Гап сари он аст, ки шумо бо кори бароятон номувофиқ машғул ҳастед. Ҳар қадар ин ҳақиқатро дарк карда, аз пайи кори дигар шавед, ҳамон андоза бурд мекунед. Хеле муҳим аст, ки боварии шахси дӯстдоштаатонро аз даст надиҳед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Бояд иқрор шавед, ки аз уҳдаи корҳои зиёд баромада наметавонед. Дар ин рӯз бо рақибони воломақом ва маккори худ рӯ ба рӯ мешавед. Дар ҳаёти шахсӣ барор ҳамсафари шумост, хавотир нашавед. Барои шиносоиҳои нав, мулоқотҳои ошиқона ва изҳори муҳаббат рӯзи хуб аст. Саломатӣ ташвиш намедиҳад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз танҳо ба баъзеҳо саратонҳо имкон даст медиҳад, ки аз нобарориҳо эмин монанд. Эҳтимол, аз боварии нафаре мебароед, ки ояндаи шумо аз ӯ вобастагӣ дорад. Дар муносибатҳои шахсӣ осудагиву оромӣ дида мешавад. Имкони бо ғамхориву меҳрубонӣ фаро гирифтани дӯстдоштаатон пайдо мешавад.
Асад (23 июл-22 август)
Ҳама бо хислату рафтори шумо созиш карда наметавонанд ва бояд ба ин омода бошед. Дар ҷодаи касбу кор рақибонатонро мағлуб месозед. Ба шубҳаву гумони бад ва рашки беасос роҳ надиҳед. Саломатиатон аз тарзи хӯрокхӯрӣ ва истироҳати шумо вобастагӣ дорад. Дарди дили дӯстдоштаатонро ҳатман гӯш кунед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз шуморо лозим меояд, ки аз баҳри як кор гузашта, ба кори дигар машғул шавед. Дар натиҷа ягон корро ба анҷом нарасонида, асабӣ мешавед. Ба худ ёрдамчӣ гиред, вагарна танҳо азоб мекашед. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида мегардонад. Сунбулаҳои бемор набояд ба худтабобаткунӣ машғул шаванд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Самимияту меҳрубонии худро муваққатан аз чашми нафарони бегона пинҳон кунед. Имкони ба даст овардани муҳаббати нафареро доред, ки кайҳо боз ба шумо писанд аст. Эҳтимоли изҳори муҳаббат ва даъват ба мулоқоти ошиқона дар назар аст. Либоси гарм пӯшед, то шамол хӯрда, бемор нашавед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз табъатон гоҳ хушу гоҳи дигар нохуш мегардад. Нафаре, ки қасди хурсанд кардани шуморо дорад, дар натиҷа ба қаҳру ғазаби шумо гирифтор мешавад. Баъзе ақрабҳо тамоман истироҳат карда наметавонанд. Сайругашт ва машғул шудан ба варзиш ба саломатиатон фоида дорад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз вазъият тавре сурат мегирад, ки бо нафарони бароятон ногувор дар ротиба шуданатон лозим меояд. Танҳо қавсҳои дорои сабру таҳаммул ба оромӣ риоя карда метавонанду халос. Даромади иловагӣ дар назар аст, вале хароҷотатон чунон зиёд мегардад, ки вазъи молиявиатон қариб бетағйир боқӣ мемонад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз ҷаддиҳои корчаллон имкони ба даст овардани кори даромаднокро пайдо месозанд. Барои ба даст овардани муваффақият бо амри дил амал намоед. Наздиконатон ба ҳаёти шахсии шумо аз ҳад зиёд кордор шуда, шуморо ба амалҳое водор месозанд, ки аз онҳо худдорӣ кардан мехоҳед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз вохӯрӣ бо нафаре, ки то ҳол дӯсташ медоред, шуморо ба ҳаяҷон меорад. Барои ба бозору мағоза рафтан ва харид кардан рӯзи хуб аст. Либоси нав табъатонро болида месозад. Саломатиро дар ҷои аввал гузоред ва ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Ба нафаре, ки дигаронро дар назди шумо ғайбат мекунад, рӯзи хуш надиҳед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз шубҳаву гумонҳои бадро аз дилатон дур кунед. Нерӯю тавоноии худро ба назар гирифта, баъдан ба коре даст занед. Агар аз нафаре қарздор бошед, илоҷе карда, қарзатонро баргардонед. Ба нафароне, ки мошин меронанд, аз назар гузаронидани ҳолати техникии мошинашонро тавсия медиҳем.