Ҳамал
Рӯзи хубест барои рафъи мушкилиҳои ҷамъшуда. Ҳодисаҳои ин рӯз табъи дили шумо намешаванд, вале оташинӣ ва бетоқатиятон боиси он мегардад, ки дар рафъи мушкилиҳо душворӣ мекашед. Ҳангоми робита бо атрофиён эҳтиёт бошед. Ҷангу нофаҳмӣ, эродҳои тарафайн, хурдагирӣ боиси хафагиву ранҷиши наздикон мегардад. Шахсеро, ки дӯст медоред, хабари хуш мерасонад.
Савр
Диққати бештари худро ба тартибу интизом равона созед, он гоҳ коратон барор мегирад. Дар сарф намудани маблағ ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Мушкилиҳое, ки дар ин рӯз сар мезананд, аз душвориҳои ҷиддие дарак медиҳанд, ки шумо бояд рафъ намоед. Ҳангоми шиносоии ошиқона дар дилатон муҳаббате аланга мезанад, ки аз он зарар мебинед. Ба саломатии гурдаҳо бодиққат бошед.
Ҷавзо
Рӯзи номусоидест барои робита бо наздикон. Эҳтимоли дағалӣ, бедиққатӣ ва нофаҳмӣ вуҷуд дорад. Маблағи пулиеро, ки интизор ҳастед, ба даст оварда наметавонед. Ҷанҷоли хурд то муноқишаи калон мерасад. Ба эҳсосот дода нашавед, сабру таҳаммулро пеша намоед. Аз дидори дӯстдоштаатон шоду табъатон болида мегардад. Барои оғоз намудани табобати бемориҳо рӯзи хуб аст.
Саратон
Аз яку якбора амал кардан ва саросема хулосабарорӣ худдорӣ намоед. Дар бораи нақшаҳои худ ба касе нақл накунед, вагарна диққати душманонро ҷалб месозед. Имкони ба анҷом расонидани баъзе корҳоятонро пайдо карда, натиҷаи хуби заҳматҳоятонро мебинед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст. Истироҳатро фаромӯш насозед, вагарна бемор мешавед.
Асад
Ба ҳар коре, ки дар ин рӯз даст мезанед, натиҷаи хуб медиҳад. Атрофиён ба ҳунару маҳорататон баҳои мусбӣ медиҳанд. Муносибатҳои ошиқона бароятон шодиву нишот меорад. Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад. Дар ин рӯз бо пули калон ба мағозаву бозор рафтанро маслиҳат намедиҳем.
Сунбула
Хеле рӯзи душвор аст, ба ҳама гуна ҳодисаҳои ногувор омода бошед. Эҳтимоли гум кардани пул, муноқиша бо наздикон, ҷароҳат хӯрдан ва вайрон шудани асбобҳои техникӣ дар назар аст. Ба роҳ баромаданро маслиҳат намедиҳем. Аз баҳсҳои пулӣ дурӣ ҷӯед. Нерӯи худро барои ба даст овардани дили дӯстдоштаатон сарф кунед.
Мизон
Рӯзи хубест барои робита бо наздикон, нафароне, ки аз қобилиятҳои шумо ба ваҷд меоянд. Эҳтимоли сахт ошиқ шуданатон вуҷуд дорад. Баъди нисфирӯзиро бо шахси дӯстдоштаатон гузаронед. Барои рафъи нофаҳмиҳо ғурури худро як тараф гузошта, сабру таҳаммудро пеша намоед.
Ақраб
Дар ин рӯз нерӯятон кам, вазъи молиявӣ паст мегардад. Эҳтимоли бепул монданатон вуҷуд дорад, аз ин хотир барои лаҳзаҳои ногаҳонӣ маблағ захира намоед. Бо нафарони калонсоли оилаатон муноқиша имкон дорад. Нақшаи аз вазъияти душвор баромаданро кашед. Бегоҳирӯзӣ асабатон хароб мегардад.
Қавс
Дар ин рӯз баҳсу мунозираҳои гуногун дар мадди аввал қарор мегиранд. Аз робита бо атрофиён худдорӣ намоед ё ботаҳаммул бошед. Табъи нозук ва зудранҷӣ садди роҳи ба мақсад расиданатон мегардад. Ба кӯмаки дӯстон умед баста метавонед, вале дӯстдоштаатон дар ин рӯз аз шумо ранҷида, чанд муддат қаҳрӣ мегардад. Асабхаробӣ ба саломатиятон беасар намемонад.
Ҷаддӣ
Дар ин рӯз имкониятҳои хуберо дар касбу кор ва дар ҷодаи муҳаббат ба даст меоред. Одати дурудароз сари қароре омадан боиси он мегардад, ки имкониятҳои мусоидро аз даст медиҳед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид нест. Нафаре ки дар ин рӯз аз шумо кӯмаки пулӣ мепурсад, ба қадри некиятон намерасад. Саломатӣ ганҷи бебаҳо аст, онро эҳтиёт намоед.
Далв
Хотирпарешонӣ ва диққати худро ба як кор ҷалб накарданатон дар касбу кор мушкилиҳоро пайдо месозад. Бо тамоми ҳастӣ аз сифатҳои бад ва таъсири бегонагон дурӣ ҷӯед. Рӯзи хубест барои робита бо роҳбарият ва харидорӣ намудани чизҳои қиматбаҳо. Дӯстдоштаатон ба кӯмаки шумо ниёз дорад. Бегоҳирӯзӣ хастагӣ боиси хоболуд шуданатон мегардад.
Ҳут
Рӯзи хубест барои шиносоӣ ва сайру саёҳат. Шумо бояд ҳатман истироҳат кунед. Қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳо ва дарк намудани дарди ҳамсафари ҳаётӣ ё шахси дӯстдоштаатонро пайдо месозед. Хобҳоятон рӯзҳои наздик амалӣ мешаванд. Пули калон наёбед ҳам, азоби бепулӣ намекашед.