Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2024
2158

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Тамоми рӯз аз мушкилоте, ки табъатонро хираву вазъиятро ногувор месозанд, дурӣ ҷӯед. Агар бемориҳои сутунмуҳра, тахтапушт ё буғумдард дошта бошед, дар назди компютер дурудароз нишастанро маслиҳат намедиҳем. Бо худтабобаткунӣ низ машғул нашавед. Мулоқоти ошиқона табъатонро хуш месозаду асабатонро ором.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Нақшаҳое, ки чанд муддат дар назар доштед, ҳамин рӯз амалӣ мешаванд. Дар ҷойи кор ҳодисае рух медиҳад, ки боиси рехтани обрӯятон мегардад. Нуқтаи назари худро пайгирӣ намоед, вале баҳс накунед. Бегоҳирӯзӣ истироҳат карда, фикрҳои ғамангезро аз сар дур намоед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Агар дар ин рӯз ташаббус нишон диҳед, ҳамкорон дастгирӣ мекунанд. Аз ҷиҳати молиявӣ рӯзи бобарор аст, ба шарте ки ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳо ба хатогӣ роҳ надиҳед. Нафареро вомехӯред, ки умре дар интизораш будед, бахти худро аз даст надиҳед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Бештар ба қувваву маҳорати худ умед баста, мушкилиҳои зиёдеро рафъ месозед. Дар ҳама кор тахаюлоти худро ба кор баред. Ҳатто дар ҷодаи муҳаббат ҳазлу шӯхӣ карданатон лозим меояд. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли шамол хӯрданатон зиёд аст.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Рӯзи пурмаҳсул аст, дилатон пур аз фараҳу шодӣ мегардад. Ҷаласаҳои муҳиму сафарҳои кӯтоҳмуддати корӣ эҳтимол доранд. Агар каме ҷасуртар бошед, тамоми хоҳишҳоятон амалӣ мешаванд. Ғурури худро ба шахси дӯстдоштаатон нишон надиҳед, вагарна барои оштӣ шуданатон вақту маблағи зиёде сарф мекунед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Агар шумо шахси эҷодкор бошед, бояд тамоми қуввату маҳорати худро истифода бурда, нақшаҳоятонро амалӣ созед. Бо як ҳамкоратон, ки кайҳо нисбаташ бетафовут нестед, муносибати ошиқона барпо мекунед. Бегоҳирӯзӣ барои сайругашт хуб аст.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз саросема шудану ташвиши зиёд кашидан манъ аст. Ҳама корро аз рӯйи нақша ба анҷом расонед. Ба шиноси наздики худ ошиқ мешавед. Дар гуфтору рафтор аз ҳади эътидол нагузаред, эҳтимол нафареро сахт меранҷонед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ҷодаи касбу кор муваффақ мегардед. Агар ҳама корро дуруст ба нақша гирифта, ҳисобу китобро ба роҳ монед, мушкиле пеш намеояд. Ақрабҳое, ки бо соҳибкорӣ машғул шудан мехоҳанд, бояд вазъи молиявии худро ба эътибор гиранд.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Тамоми рӯз назди компютер нишастанро тавсия намедиҳем. Бо ин амалатон имконияти беҳтар сохтани вазъи молиявиро аз даст медиҳед. Вазъи саломатиятон бад шуда, бояд фавран чора бинед. Беҳтараш бо усулҳои халқӣ табобат карда, дорувориҳои зиёдро истеъмол накунед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз нақшаи кориро тартиб додан душвор мешавад. Тамоми фикру зикратон банди ҳаёти шахсӣ ва муносибатҳои ошиқонаатон мегардад. Ҷаддиҳои савдогар ва ҳунармандро комёбӣ дар пеш аст. Ақидаҳои худро аз бадхоҳонатон пинҳон доред.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Тамоми мушкилоти зиндагии далвҳо бо шарофати нафари воломақоме ба зудиву осонӣ рафъ мегардад. Муҳим он аст, ки аз субҳи содиқ аз пайи рафъи мушкилиҳо шавед. Аз рафтори ногаҳонии дӯстдоштаатон ба ғазаб наоед, вагарна байнатон ҷанҷол мешавад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Барои рафъ намудани мушкилоти молиявӣ ба қарз ғӯтидан шарт нест. Беҳтараш аз пайи пайдо намудани манбаҳои нави даромади пулӣ шавед. Дар ҷодаи муҳаббат муносибатҳои ошиқонаатон хеле хуб ҷараён мегиранд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД